ТАҲКИМИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатӣ сиёсати сулҳхоҳона пеша намуда, бо созмону давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст Чуноне ки дар моддаи 11 Конститутсияи ҶТ омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Роҳбари кишвар борҳо дар баромадҳои худ оид ба масъалаи мубориза бо экстремизм, терроризм, барқароршавии сулҳ дар Афғонистон, ҳаллу фасли масъалаи об дар ҷаҳон суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбати мавзўъҳои мазкур баён доштаанд.

Дар ин марҳилаи таърихӣ, ки давлат тоза ба  истиқлолияти сиёсӣ расида буд, аз ҳама масъалаи муҳим ин эътироф шудани Тоҷикистон аз ҷониби субъектони муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад бо талоши Роҳбарияти кишвар Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба созмонҳои бонуфузи ба мисли Созмони милали муттаҳид ва Созмони конфронси исломӣ шомил гардид. Аъзо шудани Тоҷикистон дар чанде аз созмонҳо имкон фароҳам овард, ки кишвар дар доираҳои гуногуни давлатҳо эътироф ва пазируфта бишавад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба таври манфӣ шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби субъектони дигари муносибатҳои байналмилалӣ гардид, вале он минбаъд имкон фароҳам овард, ки бо Роҳбарии Президенти кишвар мактаби бузурги дипломатияи тоҷик инкишоф биёбад. Маҳз аз замони ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ў баробари ба масъалаҳои дохилӣ машғул шудан, дар самти сиёсати берунӣ қадамҳои назаррас гузошта, бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои гунгунсамтаро ба роҳ монд.

Марҳилаи нави рушди сиёсати хориҷӣ, ки боиси баланд шудани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) ба ҳисоб меравад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Ҳамчунин пешниҳодҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин аз тарафи СММ эълон шудани солҳои 2005-2015 – ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об мебошад. Ҳамаи ин ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории аксарияти кишварҳои аъзои Созмони миллали муттаҳид амалӣ гардиданд.

Ниҳоят яке аз ташаббусҳои охирини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи об аз ҷониби аксарияти аъзоёни Созмони милали муттаҳид пазируфта шуд, ки дар асоси он солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Воқеан ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ҷавобгў ба манфиатҳои миллии кишвар ҳамчунин он барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикстон бо чунин иқдомҳои худ тавонист, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро рўӣ масъалаи оби тоза ҷалб намуда, ҳаллу фасли онро ба мавзўи баррасии кишварҳои ҷаҳон табдил бидиҳад. Чи тавре, ки дар ин бобат вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов қайд намудаанд: «Акнун бо роҳандозӣ шудани ташаббуси нави Президенти мо, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои  2018-2028 ин раванд ҳамчунон идома ёфта, бо баргузории чандин нишасти ҷаҳонӣ ва амалӣ шудани даҳҳо лоиҳаву барномаҳои калонҳаҷм, назари ҷаҳониён ба мавзўи об бештар ҷалб хоҳад шуд. Дар айни ҳол, Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки тарҳҳои обӣ ва гидроэнергетикии худро бо истифода аз майдонҳои васеи байналмилалӣ ба иҷро расонад ва дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ нақш гузорад».

Ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» имкон фароҳам овард, ки симои нави Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз сари нав ба таври мусбӣ муаррифӣ гардад. Гузашта аз ин ба даст омадани сулҳи тоҷикон таҷрибаи бисёр нодири сулҳофаринӣ дар ҷаҳон дониста шуда, онро давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи бузурги сулҳофаринӣ ва модели «Сулҳи тоҷикон» эътироф намуданд. Натиҷаи кўшиш ва заҳматҳои мардуми тоҷик ва Роҳбари давлат буд, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе барои саҳми бузургаш дар эҷоди сулҳ ва сулҳоварӣ соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО ҳамчун «Душанбе – шаҳри сулҳ» гардид. Илова бар ин чанд ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба масъалаи об бори дигар дар роҳи муаррифии симои мусбати давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати созанда ва бунёдкор хизмат кард. Дар умум чунин муаррифии Тоҷикистон заминаи нави ҳамкориро бо субъектони дигар дар самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд овард.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон диққату таваҷҷўҳи давлатҳоро нисбати масъалаи об зиёд намуда, онро ба баррасии гурўҳи васеи давлатҳо табдил дод. Аз ҷумла васеи муаҳаққиқон ва таҳлилгарон масъалаи обро мавриди омўзиш қарор дода, хулосаву пешниҳодҳои хешро манзур намуданд.

Қобили зикр аст, ки барои иҷрои муваффақонаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 моҳи январи соли 2016 механизми  нав – Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об таъсис ёфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ба узвияти он пазируфта шуданд. Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об бо ташаббуси Муншии умумии СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис шуда, танҳо 11 нафар сарони Ҳукумат ва кишварҳо аъзои он мебошанд. Дар доираи ин Панел тамоми масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва пайгирӣ қарор мегиранд.

Яке аз паёмади ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ин баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ оид ба мавзўи об мебошад. Чунин чорабиниҳо имконияти ташрифи намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон фароҳам оварда, симои мусбии кишвар ва лоиҳаҳои давлатиро ба сармоягузорон муаррифӣ намуд. Илова бар ин ба намояндагони давлатҳои дигар имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардиданд ва барои рушди ояндаи соҳаи туризм заминаи муосид фароҳам гардид. Зеро ҳар шаҳрванди хориҷие, ки вориди Тоҷикистон мешавад, хоҳу нохоҳ ҳиссаи худро ба ғаниъ гардонидани иқтисодиёти кишвар мерасонад. Дар доираи даҳсолаи навбатӣ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои  2018-2028 чорабиниҳои зиёд дар назар аст, ки соли 2022 яке аз ҳамоишҳо дар Тоҷикистон низ баргузор мегардад.

 

Саидзода Шӯҳрат – н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like