Ҳифзи марзу буми кишвар қарзи ҷавонмардон аст

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҷинояткориву қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва шиносоии бештари ҷавонони синни даъватӣ аз шароиту имкониятҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти судманд  баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Мирзоҷон Мирзобаев, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова  ва ҳайати устоду ва хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ, дотсент Ботур Алимов баромад намуда, зикр дошт, ки дӯстдории Ватан ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон сарчашма мегирад. Дар идома комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва намояндаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд  баромад карданд. Зикр гардид, ки ҳоло дар тамоми қисмҳои низомии  Тоҷикистони азизу маҳбубамон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вазнин таъсис ёфта, ҳоло ба як ниҳоди пурқудрат мубаддал гардидааст.

Дар интиҳои вохӯрӣ хатмкунандагони донишгоҳ ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like