ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ АФҒОНИСТОН ГУФТУШУНИД НОГУЗИР АСТ!

Дар шароити муосир пешрафти ҳар давлат аз суботи сиёсӣ ва ҳамчунин аз фазои орому амни минтақа ва ҷаҳон вобастагии назаррас дорад, зеро бидуни ваҳдату ягонагӣ амалӣ сохтани ҳаргуна барномаву стратегияҳои рушд ғайриимкон аст. Мутаассифона ҳоло набудани ваҳдату ҳамдигарфаҳмии дохилӣ ва надоштани лидери сиёсӣ дар ҳамсоякишвари мо Афғонистоон боиси он гардид, ки давлат ба мушкилоти нави дохилӣ рӯ ба рӯ гардад. Моҳи охир баъди берун шудани неруҳои ҳарбии ИМА ҳаракати “Толибон” ҳукуматро аз нав ба даст гирифтанд, ки ин ҳодисаи ғайричашмдошт ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард. Зеро онҳо бо роҳи раъйи мардум ва бо ризоияти аксарият ба сари қудрат нарасиданд ва илова бар ин авзои ҷомеаро ба нооромӣ расониданд. Панҷшер, ки сокинони он тоҷикон мебошанд, ҳоло вазъи ноором дошта, ҳаракати “Толибон”талош доранд ин минтақаро зери тасарруфи худ дароранд. Аммо, ба мо маълум аст, ки ин роҳ бунёди ҳукумати мардумӣ ва таъмини суботу ягонагии давлат номумкин аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин баромадҳои хеш бо роҳи ғайринизомӣ таъмин намудани сулҳу ягонагии ин кишварро тақозо доштанд.

Воқеан вазъияти ногувори кишвари Афғонистон ва таъсири он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатари бузург эҷод менамояд. Бояд гуфт, ки гурӯҳи “Толибон”, ки аз ҷониби аксарияти давлатҳо ҳамчун як гурӯҳи террористӣ эълон шудааст баъди соҳиб шудан ба Ҳукумати Афғонистон авзои сиёсиро ба ноороми кашиданд.

Пойдор гардидани сулҳ дар кишвари Афғонистон барои тамоми минтақаи Осиёи Маказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсири назаррас дорад. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки дар ин кишвари ҳамсоя оромиву субот пойдор гардад.

Барои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бисёр назаррас бошад. Роҳбари давлат дар ҷаласаи якҷояи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар пойтахти кишварамон баргузор гардид, дар робита ба ҳалли қазияи Афғонистон таклиф намуданд, ки ҳарчи зудтар задухурди мусаллаҳона қатъ карда шуда, байни ҷонибҳо муколама сурат гирад. Ҳамчунин ба мардуми он, ки ҳоло дар шароити вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дораднд, кӯмакҳои башардӯстона равон карда шавад.

Воқеан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии амният дар Афғонистон яке аз омилҳои муҳими пойдории сулҳ дар қаламрави Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бо роҳи зӯриву фишор дар дарозмуддат ҳукуматҳо саодати мардум ва пойдории хешро таъмин карда наметавонанд. Бинбор ин эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти манфиатҳои тамоми сокинон таъсис додани ҳукумати қонунӣ суботу оромӣ, ягонагӣ ва рушди кишварро таъмин намуда, дар дарозмуддат ягонагии давлатро ҳифз менамояд.

Ҳоло таклифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қатъ намудани задухӯрди мусаллаҳона дар Афғонистон, ташкили гуфтушунид байни тоҷикон ва “Толибон” ва дар таъсиси ҳукумати нав ба эътибор гирифтани манфиатҳои тоҷикон ва дигар халқиятҳо ба манфиати ин кишвар ва тамоми минтақа мебошад.

 

Шӯҳрат Саидзода-устоди ДДҲБСТ

You might also like