Рӯзи дарҳои кушод

Ба таваҷҷӯҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ расонида мешавад, ки 26 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” ва озмуни “Хатмкунандагони болаёқат” баргузор мегардад. Иштирокчиёни озмун аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст метавонанд тариқи онлайн низ бо воридшавӣ ба сомонаи dem.tsulbp.tj/olimp/ ширкат намоянд. Ғолибони озмун бо ноутбук, планшет, смартфон ва дигар туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида мешаванд.
Марҳамат ба “Рӯзи дарҳои кушод” ва озмуни “Хатмкунандагони болаёқат” ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон!

You might also like