Саҳми ҷавонон дар пешрафти кишвар

Дар аксарияти кишварҳои олам,  масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсус дошт ва ба ҷавонон ҳамеша диққати аввалиндараҷа  медоданд. Ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт. Давлати мо, яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба шумор меравад дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги  рушди кишвар мебошанд. Танҳо нерӯи ҷисмони  доштан  барои  як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолате  сазовори ифтихору шарафмандии кишвар шуда метавонад, ки  агар он ободкор, бунёдкор, ихтирокор ва  тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад.

Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои зиёдро соҳиб гаштанд ва обрӯи Ватани худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа мароқи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солими ҷисмиву рӯҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ пайдо кардан аз баъзе бемориҳо дар байни сокинони кишвар гардад. Инчунин ҷавонони тоҷик бо мушкилиҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки аз ҷумла, надоштани ҷои кори муносиб, маоши кам, мушкилоти манзил ва паст будани маърифати онҳо маҳсуб меёбанд. Бо сабаби мавҷуд будани чунин мушкилиҳо қисме аз ҷавонон ба хотири пайдо намудани зиндагии хуб ба давлатҳои хориҷа рафта истодаанд. Гурӯҳе дигар бо сабабҳои гуногун худро вориди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намуда, то андоза аз ҷомеа бегона ва аз равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ берун монда истодаанд. Яъне, ҷузъе аз нерӯи ҷавонон на ба роҳи созандагӣ, балки рӯ ба самти бесуботкунии фазои ороми ҷомеа майл доранд. Мушкилоти асосӣ ин ҷо, яке ноумедӣ аз ояндаи хеш бошад, дуюм набудани орзуву нақшаҳои воқеӣ дар байни ҷавонон ба шумор меравад. Имрӯз яке аз мушкилоти асосии ҷавонони тоҷик сатҳи пасти дониш, бемарифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилиҳо ба он сахт вобастагӣ дорад ва роҳи ҳаллӣ ин соҳа аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бисёр вобаста аст. Вале баробари ин ҳоло як қисми ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо намекунанд ва ё аз сабаби паст будани маош дар ҷое адои вазифа намекунанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бисёр бамаврид таъкид менамоянд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Ва агар нигоҳ кунед, солҳои охир дар воқеъ сиёсати давлат дар соҳаи маориф беҳтару хубтар шуда истодааст. Баробари ин то замоне агар мо низоми таълиму тарбияро ҷиддӣ ва сахт нагирем, ҳамаи ин меҳнатҳо натиҷаю самараи хуб ба бор намеорад, яъне масъулини соҳаи маориф ва устодон бояд содиқона меҳнат намуда, вазифаи муқаддаси хешро дар назди насли имрӯзу фардои ватан иҷро намоянд.

 

Маҷидова Д.И. – 

дотсенти кафедраи забони англисӣ

You might also like