ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ИФОДАИ АМАЛИ ТУНДГАРОӢ

Дар ҳар давру замон, экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир хатари умумиинсониро барои тамоми сайёра ба бор оварда ва ба ҳар давлату сохтори иҷтимоӣ зиёну зарари худро расонидааст. Асоси пайдоиши ифротгароӣ (экстремизм) аз нодонию ру овардан ба ҳуруфот сар мезанад. Мутассифона баъзе ҷавонон пойбанди расму оинҳои ҳуруфотӣ гардида, ба чунин  зуҳуроти номатлуб даст мезананд ва аз оқибатҳои рафтори худ, ба наздикон, оила, миллат ва давлати худ хиёнат намуда, пушаймон ҳам мешаванд.

Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин баромадҳояшон доир ба ин масъала зикр намуданд:  «Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон карор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд »  Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар айни замон зиёда аз 1,6 млн нафар аҳолии Точикистон ба сомонаҳои шабакаи интернетӣ дастрасӣ доранд, ки ин тахминан 19 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Бинобар ин аксарияти ҷавонон маҳз тавассути шабакахои интернетӣ озими давлатҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон гардида, ба сафи гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд

Терроризм ва экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, экстремизми динӣ маънои мутаассиб дар дин ва мазхаб мебошад. Яъне зери таъсири  андешаи дуруғи аз доираи таълимоти динӣ берун дар ниходи шахс хиссиёти экстремистӣ тарбия меёбад. Барои экстремист ягон мукаддасот: ватан, миллат, дин, мазҳаб, арзише надоранд. Кадом омилҳо боиси хушунат ва ифротгароӣ дар ҷаҳон мешаванд? Ин пеш аз ҳама, аз донишу ирода ва тарбияи ҷавонон вобаста аст. Бояд кайд кард, заминаи имконпазири афзоиши сафҳои ифротгароён ва террористон дар замони ҳозира асосан ҷавонони аз 18 то 27 сола ба шумор мераванд, ки  ба дараҷаи камолоти иҷтимоӣ ва пайдо кардани таҷрибаи ҳаётӣ  ва касбӣ нарасидаанд ва метавонанд ба осонӣ фирефтаи ин гуна равияҳои тундрави чаҳони имруза шаванд.Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор масъалаҳои стратегии худро ба амал бароварда барои бунёди ҷомеаи муттамаддин кӯшиш ба харҷ дода истодааст, аз ин ру агар мо амнияти давлати худро таъмин карда натавонем , ҳеч гоҳ масъалаҳои стратегиро ҳалу фасл карда наметавонем. Мисоли одди дар паҳлуи мо кишвари Афгонистон ҷойгир аст, беш аз чиҳил сол мешавад, ки дар ин давлат муноқиша ва моҷароҳҳои сиёсӣ давом доранд, ки ҳамаи он метавонад амнияти давлатии Тоҷикистонро ноором созад.

Ин гуна зуҳуротҳо аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракӣ,  дониши диниву дунявиро талаб мекунад, то ки мо дар оянда фирефтаи гуруҳҳои нопоку ифротӣ  нашавем. Имрӯзҳо давлатҳои хурду бузург манфиатҳои худро дар дигар давлатҳо меҷуянд,  ки  бо ин амалҳои худ сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор месозанд. Мисоли онро дар ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои мухталиф дидан мумкин аст. Имруз инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву ғавғо андохтааст, ки дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар он 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат доранд. Бинобар нооромии вазъият дар 60 давлати дунё такрибан 70 млн нафар манзили зист ва ватани худро тарк кардаанд. Аммо имрӯз, ки  хушбахтона, қудрати давлат, ҳисси рушанбинии мардум хеле афзун гардидааст, минбаъд  бояд мо ба он роҳ надиҳем, ки ягон намуд идеологияи харобовар вориди фазои маънавии кишвари мо гардад.

 

Назир Ҳ. – устоди кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ              

You might also like