ҲИМОЯИ ВАТАН – ҚАРЗИ ҲАР ЯК ШАХСИ ВАТАНДЎСТ

Ватан ифтихор, ватандорӣ саодати мост – мегўянд мардуми тоҷик. Оре, Ватан, меҳан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳуми он пайвандон, ниёгон, забони модарӣ, ҷуғрофия, илму маърифат, тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат фаҳмида мешавад. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи зодманду пайвандони худ ё ин, ки ба андешаҳои бузургон «сарзамини поки ниёгонаш»-ро дўст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба он дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварашро ҳифз намояд. «Дӯст доштани Ватан – нишонаи имон аст» гуфта шудааст дар як ҳадиси ниёгонамон.

Албатта ин суханҳоро шахсоне дарк мекунанд, ки имон доранд ватани хешро дўст медоранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки барои несту нобуд кардани Ватан фирефтаи ҳаргуна ТЭТ гардида, фурўхта мешаванд. Ин гуна шахсон, барои маблағи ночиз имони худро фурўхта, аз падару модар, ҳамсару фарзандон ва додару хорҳарони хеш људо мегарданд. Чунин шахсон аз сабаби дониши кофӣ надоштан ва паст будани сатҳи маърифатнокӣ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб мезананд. Дар натиља љанги даҳшатнок ва хунрезӣ ба миён омада, фарзандро бе падар, волидонро бе фарзанд, занонро бева ва фарзандонро ятим мекунанд. Аммо бояд мо ба қадри тинљиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот расида, барои пешравии Ватан саҳмгузор бошем.

Боиси зикр аст, ки Муҳиддин Кабирӣ яке аз шахсоне, ки ба қадри тинљиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот намерасад. Ў мехоҳад зери фишорҳои мардумони муҳољир ва дохили кишвар, ки ба ТЭТ ҳамроҳ ҳастанд, давлатро ба коми худ кашад ва давлати хилофатро барпо намояд.

Инчунин яке аз гумроҳзадагон Қиёмиддини Ғозӣ бо забони худ  мегӯяд, ки «Мо ҳазорон ятиму ҳазорон беваҳоро ба миён овардем. Мардуми бечораи тоҷик ба Афғонистон фирор кард ва С.Нурӣ фармон дод, ки мо ҳам ба Афғонистон фирор намоем. Ӯ таъкид менамояд, ки дар Афғонистон барои мансаби раёсати ТЭТ ҲНИ байни онҳо кашмакашиҳо ба миён омада буд ва билохира байни худ ҳама мақому мансабҳоро тақсим намуданд ва барои ҷамъ кардани маблағҳо барои ҷангидан дар Тоҷикистон ҳама ҷо ҷар меандохтанд».

Бинобарон мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Қосимова М.И. – н.и.и., муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

 

You might also like