СУБОТИ СИЁСӢ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ
Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол исбот намуд, ки бе таъмини суботу амният дар љомеа наметавон ба пешрафту муваффақиятњо ноил гардид. Дар аввалин рўзњои истиқлолияти давлатї набудани суботи сиёсиву амнияти миллӣ ва љангу низоъњои сиёсї кишварро боз дањсолањо аз пешравињо боз дорад ва дастгоҳи идоракуниро фалаҷ созад. Аз њамин нуқтаи назар масъалаи суботи сиёсї яке аз масъалаи умдатарини давлатҳои муосир ба ҳисоб рафта, таъмини амният ба пешрафти ояндаи он таъсири бевосита дорад.
Ноором гардидани авзои ҷомеа ва халадор намудани ваҳдату ягонагии кишвар аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ бар зарари давлат буда, он монеа раванди рушду тараққиёти он низ мегардад.
Имрӯз низ дар ҷомеа афроди ноогоҳе ҳастанд, ки ғайр аз манфиати хеш чизеро дида наметавонанд ва бехабар аз он ки ин амалу рафтори онҳо зидди тартиботу қонуният буда бар зарару зиёни ҷамъит ва давлат мебошад. Онҳо дар миёни ҷомеа худро ҳамчун лидер эътироф намуда, гӯё манфиати ҷомеаро мехоста бошанд, ки ин бешак чунин нест.
Дар миёни ҷамъият ва давлат пайдо шудани чунин лидерҳои ғайрирасмӣ ба ҳолати ногувор ва муташшаниҷи аҳолӣ оварда мерасонад, ки оқибати андӯҳовар дорад. Ин гуна гуруҳои нохалаф аслан манфиат, қонуну қоида, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба инобат намегиранд, тамоми амалҳои ношоями замон, ки сарманшаъи манфиати худи ин гуруҳо ва лидерҳои онҳо мебошад ба ҷамъият раво мебинанд, ба монанди ғоратгарӣ, одамрабоӣ, нашъаҷалобӣ, одамкӯши, паҳн намудани маводҳои заҳролуд ва ғайраҳо мебошад.
Мутаассифона имрӯзҳо баъзе чунин афроди нохудогоҳ ба сулҳу осоиштагии кишвари азизамон бо чашми ҳасад менигаранд ва доимо барои халалдор сохтани ин оромӣ дар талошанд ва аз ҳеҷ гуна амали нораво худдорӣ наменамоян, ки ин боиси ба таҳлука гирифтор гардидани омма мегардад. Дар ин иртибот, имрӯзҳо фаъолияти чунин гуруҳо ва лидерони ғайрирасмӣ дар ба оромии кишвар халал ворид менамояд. Чунин афрод аз хотир набароранд, ки пайдо гардидани гурӯҳҳо ва гурӯҳбозӣ оқибат вазъи сиёсии кишварро ноором намуда, монеаи рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мегардад. Барои дарки ин масъала Афғонистон бароямон мисоли равшан мебошад, ки гурӯҳбозиҳо боиси аз даст рафатани сулҳу осоиштагӣ гардидааст. Бадбахтии дигар дар он аст, ки ҷомеа барои пешгириифаъолият чунин афрдоҳо чораандешӣ намекунанд ва бетарафӣ нишон дода, ба амалҳои зиддиҳуқуқии онҳо чашм мепӯшанд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ гоҳ фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ба манфиати ҷомеаи имрӯзаи кишвар намебошад.
Дар шароити ҳассоси сиёсиву геополитикии замони имрӯз набояд ба бетарафи роҳ дод, бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи ин гуна гурӯҳҳои манфиатталаб ва низоангезро гирифт,чунки бетарафии ҷомеа ба ин гуна афродҳо рӯҳи тоза мебахшад ва худро озодтар дида, ба амалҳои ношоями худ бе ягон шубҳа даст задан мегиранд ва миёни халқ бесару сомониҳоро ба миён меоваранд.
Набояд фаромӯш созем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз пайдо гардидани ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ, лидерони ғайрирасмӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби нерӯҳои сиёсии беруна боиси ҷанги дохилӣ, ҳалоқати ҳазорҳо шаҳрвандон ва ҳисороти бузурги молӣ гардид. Аз таърихи гузашта сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро ҳифз намоем. Чуноне ки дар ин иртибот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии љањон зарур аст, ки њар яки мо њамеша њушёру зирак бошем, ба њар гуна дасисаи бадхоњони миллати тољик фирефта нагардем, манфиатњои милливу давлатиро аз тамоми манфиатњои дигар боло гузорем, сарзамини аљдодии худро сидќан дўст дорем, сулњу оромї, суботи сиёсї ва вањдати миллиамонро содиќона њифзу эњтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалї боз њам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тољикистони мањбубамон дареѓ надорем».
Пас, мо ҷавонон ва кулли шаҳрвандонро мебояд, ки барои ҳифзи суботу оромӣ, якпорчагии кишвар ва боло бардошатни обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш талош намоем ва камтарин ҳиссаи хешро баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон гузошта бошем.
Шӯҳрат Саидзода – мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ