СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ОСОИШТАГИИ ТОҶИКИСТОН
Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун, давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳисси таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?
Суолҳои болоӣ ва садҳо суоли дигар, ки дар даврони худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешорӯйи мо қарор мегиранд, ҳар фарди ҷӯяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таърихи халқи тоҷик ҳидоят менамояд, ки ин гуфтаҳо дар китоби Пешвои миллат, “Тоҷикон дар оинаи таърих” омадааст.
Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гирди бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.
Саҳифаҳои таърих то ба Ваҳдат расидан, худ гувоҳи онанд, ки дар тӯли ҳаёти сипаригардидаи инсонӣ таърих бисёр касоеро ёд дорад, ки дар ҷомеа нақш ва саҳми босазои худро гузоштаанд. Ба монанди Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айниву, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва чанд тани дигар, ки ҷони худро нисори давлат кардаанд.
Мо ба гузашта ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Зеро чунин абармард баъди ҳазорсолаҳо бахусус дар таърихи давлатсозиву давлатдории тоҷикон ба миён омад ва дар харитаи геополитикии ҷаҳон мавқеъ ва сарзамини мо тоҷиконро на танҳо поягузошт, балки ин халқу миллатро давлати соҳибистиқлолу соҳиб тоҷ гардонд.
Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург, шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаҳои хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд.
Имрӯзҳо мо шоҳиди он гардидем, ки роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолатҳои дастгир шудани якчанд ҷинояткоронро, ки ҳамчун лидерони ғайрирасмӣ шинохта мешуданд, тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.
Яке аз чунин, лидери ғайрирасмӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ин Мамадбоқир Мамадбоқиров мебошад, ки мардумро бо суханҳои бардурӯғи худ фиреб намуда, кӯшиш намуда истодааст то ҷиноятҳои худро руйпӯш кунад. Вале, бояд таъкид намуд, ки тамоми ҷинояткорон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ҳоло, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ягон лидери ғайрирасмӣ эҳтиёҷе надорад, зеро сохторҳои давлатие ҳастанд, ки тартиботи ҷамъиятиро ба тартиб медароранд.
Тамоми ҷомеаи шаҳрвадии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдорҳои ин лидерони ғайрирасмиро қатъиян маҳкум намуда, хоҳони онанд, ки аз ҷониби давлат онҳо ҷазо дода шаванд. Зеро амалҳои онҳо боиси вайрон гардидани тартиботи ҷамъятӣ гардида истодааст.
Пӯлотова М. – омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ