ОИД БА ДАЪВАТИ СОКИНОН ҶИҲАТИ НИГОҲДОШТИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КИШВАР ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) мардуми шарифи тоҷик бо нафаси озод ҳамдигарро бародарвор ба оғўши гарм гирифтанд. Зеро тайи солиёни зиёд эшон он қадар хисорот, нофаҳмиҳо ва мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд, ки ҳаддашон беандоза буда, тасвири онҳо танҳо ба гуфтан осон аст.
Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ, Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хурд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд.
Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронаашон, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиашон боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд.
Аммо барои мардуми фурӯхташудаву хоин, ки асли арзиши онҳоро пул ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш вуҷуд надорад. Онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, фақат ба роҳи тавтеаву дурӯғпардозӣ бо мафҳумҳое, ки арзишҳои баланди инсониро ифодагаранд, бозӣ мекунанд. Ин нукта бевосита ба фирориёни дар хориҷ паноҳбурдаи ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ марбут аст.
Ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расондан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оварданд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои инҳо танҳо як арзиш – ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озода ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд ва танҳо ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд, аммо ин танҳо сароб, дурӯғ ва тавтеа асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи сайёд пулу манфиатҳои бегона қарор мегирад.
Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, тариқи роҳандозии хабару мақолоти муғризона сиёҳ кардани давлату миллати тоҷикро ҳадафи хеш қарор додаанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризонаи худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд.
Мирзоҷонова М.Қ. – мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ