СИЁСӢ НАМУДАНИ МАСЪАЛАҲОИ ДИНӢ БАР ЗАРАРИ ҶОМЕА АСТ!

Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд ва таъсири манфии он бо гузашти се даҳсола то ҳол эҳсос карда мешавад. Яке аз сабабҳои ҷанги дохилӣ кўшиши  бунёд намудани давлати исломӣ буд, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо кўдакон ятим ва даҳҳо ҳазор оилаи тоҷик бесарпаноҳ монданд ва давлати тозаистиқлол даҳсолаҳо аз рушду тараққиёт боз монд. Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ натавонист роҳи рушди кишварро муайян намуда, ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардид.

Чунин таҷрибаҳо, яъне бунёд намудани давлати исломӣ борҳо дар чандин кишварҳои мусулмоннишин боиси хунрезиҳои зиёд, тарки ватан ва ҳисороти бузурги молиявию ҷонии мардуми бегуноҳ гардида истодааст. Мутаассифона ташкилоту гурӯҳҳои муайян, ки аз ҷониби неруҳои сиёсии хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, то ҳол кӯшиши ташкил намудани давлати исломиро дар нақша доранд. Ин дар ҳолест, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ ѓайрисамаранокии чунин навъи давлатҳоро нишон дод. Якуми, аксарияти мардуми олам ҳоло дар низоми давлати демократӣ зиндагӣ доранд ва шаҳрвандон сарчашма ва баёнгари соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб мераванд. Дуввум, ибтидо аз нимаи асри XX дигаргуниҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳ ва мақоми инсон, ҳуқуқ ба интихоби динро дар ихтиёри ҳар шахс гузоштааст, ки ба таври зўрӣ бор намудани ақидаи ягон дине муқобили меъёри қонунҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар аксарияти давлатҳо шаҳрвандон ҳуқуқ ба озодии виҷдонро соҳиб мебошанд ва мустақилонаин ё он динро интихоб мекунанд.

Ин ду далел ва чанд омилҳои мавҷуда ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ бунёди давлати исломиро номумкин ва бесамар будани онро дар таҷибаҳо нишон медиҳад. Гузашта аз ин, вақте давлати исломӣ бо роҳи зўрӣ бунёд гардад ҳатман амнияти мардум дар оняда зери суол қарор мегирад. Кӣ гуфта метавонад, ки дар ҳолати бунёд намудани давлати исломӣ, анҷоми ин ё он рукни динӣ ба таври зўрӣ ба сари мардум бор карда намешавад?

Вазъияти ҷаҳони имрўз аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бештари ҳолат авзои ҷомеа маҳз аз тарафи созмонҳои ифротӣ вайрон карда мешавад. Чуноне ки Пешвои миллат роҷеъ ба ин мавзўъ ҳангоми мулоқоти худ бо аҳли ҷомеаи кишвар иброз намуданд: «Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рўз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҷдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст».

Чанд соли охир аз давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливия, ҳазорҳо нафар бинобар зери хатари созмонҳои террористиву ифротӣ мондани ҷону манзилҳояшон ватани худро тарк карда бо азобу машаққати зиёд ҳамчун муҳоҷири иҷборӣ ба кишварҳои Аврупо ворид шуданд. Мувофиқи маълумотҳо танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кўдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмўъ, дар ҷанги Сурия то имрўз 460 ҳазор нафар кушта шудааст.

Бубинед ҷонибдорони давлати исломӣ бо роҳи қатлу куштор мардумро ба кадом ҳолат расониданд. Магар ин оқибати сиёсӣ намудани дин ва кӯшиши бунёд намудани давлати исломӣ нест? Магар таҷрибаи давлати ҳамсоякишвар Ҷумҳурии исломии Афѓонистон бароямон равшан нест? Чанд сол мешавад, ки аз тарафи ҳар гуна гурўҳҳо ҳодисаи терактӣ анҷом дода мешавад ва ҳар яки онҳо хостори гўё ободиву пешравии давлат ҳастанд.

Дар ҳақиқат мавқеъгирии Роҳбари давлат солиму созанда буда,  ислом на  барои қатлу куштору хунрезӣ, балки барои солимии ҷомеа ва тарбияи ахлоқи неки инсонӣ хизмат менамояд: «Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ѓаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рўҳи инсон ва покизагии рўзгори ў хизмат намояд».

Агар намояндагони ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом аз ибтидо нақшаи дар Тоҷикистон бунёди давлати исломӣ намекарданд тасаввур намоед, имрўз ҷомеаи мо ба кадом дастовардҳо ноил мегардидем? Дарку тасаввуроти нодурурст оиди бунёди давлати исломӣ ва нашинохтани низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир боис шудааст, ки созмонҳои ифротӣ на танҳо ба мақсадҳои худ намерасанд, балки бо ин корашон садҳо одамонро нобуд, сарсону овора ва суботу амнияти ҷомеаро вайрон менамоянд.

Аз хотир набарорем, ки шаклу сохти далвати Тоҷикистон дар моддаи 1 Конститутсия муайян карда шудааст: «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад». Мафҳуми дунявият ишор аз ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат менамояд ва дахолати ташкилоти диниро ба корҳои давлатӣ манъ кардааст. Шаҳрвандон ба масъалаи интихоби дин озод буда, давлат низ ба ягон дин афзалият дониста намешавад. Мардум дар адои аркони дин озод ҳастанд ва ба таври танҳоӣ ва дар шакли дастҷамъона маросими диниро адо менамояд.

Хулоса, бунёд кардани давлати исломӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳуқуқҳои динии мардум ва ё бунёди ҷомеаи пешрафта ягон маънову мантиқ надорад, зеро қонунгузорӣ чунин ҳақро барои шаҳрванд кафолат медиҳад ва асоси пешрафти ҷомеа аз самаранокии фаъолияти низоми сиёсӣ вобаста мебошад.

 

Шўҳрат Саидзода – мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like