СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КИШВАР ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории милли  тоҷик мебошад ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.

Маҳз ба туфайли роҳбари хирадманду ватандори одил баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  Тоҷикистон ба роҳи дигаргунсозиҳои куллии демократӣ, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва инкишофи муносибатҳои бозорӣ устуворона қадам гузошт.

Зеро сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва осоиштагии  мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳму  покзинату миллатдўст будан.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў  меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба  ҳосил медиҳад.  Аммо  ниҳоле  низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи  он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрузҳо  меваҳои ширину бисере  ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон,  сохтмони роҳҳои нави дохилию  берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Курғонтеппа — Кулоб сохтмони шоҳроҳи  Ваҳдат ба мамлакатхои Осиё, ба сўи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим «гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои  ҷаҳон мепайвандед.

Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулху амонӣ ва дустӣ  ҳукмфармост, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

 

Раҳматова З.М. – дотсенти кафедраи

 ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like