ҶАВОНОН ВА МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР
Ҷавонон ба унвони нерўи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дўш доранд. Пешрафти миллат бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёдеро тақозо мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолият ва сулҳу осоиштагӣ низ маҳз ҷавонон ҳастанд, зеро бо нерўи созандаву иқтидорманд, қувваю тавон, диду нигоҳи тоза, зиракӣ ва ақидаҳои солими хеш дар рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми босазо мегузоранд.
Ҷавонони ояндасозро месазад, ки дар дилу вуҷуди худ ҳама вақт фикри оядаи миллату Ватанро дошта, бо эҳсоси меҳанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳомии дастовардҳои даврони истиқлоли кишвар ва арзишҳои неки марзу буми хеш бошанд. Ҳамзамон, ба муқобили ифротгароиву хурофотпарастӣ ва ақидаву андешаҳое, ки барои рушди мамлакат монеагӣ мекунанд, муборизаи беамон баранд ва ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.
Бешубҳа дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм барои пешрафт ва нумўи тамоми кишварҳои олам монеаи бузургеро эҷод намуда, башариятро дар ҳоли ваҳму ҳарос ва даҳшат қарор додааст. Имрўз мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз сару садоҳо ва нооромиҳои пай дар пай мебошад.
Таҳлили вазъияти ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ва экстремистӣ садҳо нафар ашхоси бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ маблағҳои зиёдеро сарфи пешгирии ин зуҳуроти номатлуб менамоянд, вале мутаасифона гирифтани пеши роҳи содиршавии чунин чунин амалҳои номатлуб ба таври комил имконпазир нагардидааст.
Гурўҳои ифротгаро бо истифода аз роҳу усулҳои гуногуни таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон, бахусус нарасону ҷавонон таблиғоти ғайриқонунӣ бурда, ақидаҳои носолимро дар тафаккури онҳо ба вуҷуд меоранд, ки дар натиҷа боиси ифротӣ гардидани ҷавонон мегарданд.
Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ дар чанд соли охир собит сохтанд, ки аксари тазоҳурот ва табаддулоте, ки дар ин кишварҳо сурат гирифтанд, дар заминаи низоъҳои динӣ-мазҳабӣ ба воқеият табдил ёфтаанд ва аз паси ҳамаи он қувваҳои динӣ-сиёсие меистанд, ки ин тазоҳуроту ҷангҳои дохилиро барои тағйири ҳокимият роҳандозӣ мекарданд.
Таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, махсусан эҳтиром гузоштан ва таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои наврасону ҷавонон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Наврасону ҷавонони Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият эҳсос менамояд, ки гаравидан ба гурўҳҳои ифротӣ барои пешрафту шукуфоии кишвар монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.
Тундгароӣ ва ифротгароӣ сарчашмаи терроризм буда, ҳифзи мафкура ва андешаи ҷавонон вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа, хосса худи қишри фаъоли ҷомеа, яъне ҷавонон мебошад.
Дар баробари ин, мо масъулин насли ҷавонро бояд тавре тарбия намоем, ки ба ин олами зебо бо чашми меҳр назар намоянд ва роҳеро барои худ ва ҳамсолонашон интихоб намоянд, ки барояшон хушбахтӣ ва саодати рузғор биёварад.
Гурўҳҳои тундгаро ҷавононро бо омўзишҳои нодуруст фаро гирифта, афкори онҳоро бо ваъдаҳои хаёлӣ пур мекунанд ва оқибат онҳоро бо хост ва интихоби худашон истифода менамоянд.
Ҳоло вақти он расидааст, ки башарият дар якҷоягӣ дар пешгирии ин амали мудҳиш гомҳои нав гузошта, дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои террористӣ аз истифодаи механизм ва роҳу усулҳои муосир кор гиранд. Дар ин маврид, шеваи ягонаи муносибат ба ин падидаи номатлуб ва гуруҳҳои ба ин омилҳо мусоидаткунанда амри зарурӣ дониста мешавад. Инчунин, дар ин маврид гуфтугуи фарҳангҳои мухталиф ва шинохту эҳтироми ҳамдигарӣ низ калиди муваффақиятҳо хоҳад буд.
Таҳияи мақолаҳои илмӣ ва навиштани вокунишҳо тавассути васоити ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, илмию маърифатӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани саводнокии наврасону ҷавонон бо руҳу усулҳои муосири таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар миёни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккули андешаи миллӣ ва пурзўр намудани корҳои мафкуравӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароитҳои фароғат барои ҷавонон аз роҳу усулҳои муосири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифродгароии хушунатомез дар байни ҷавонон маҳуб меёбад.
Имрўз дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мавҷудияти ақидаи устувор дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Пешгирӣ кардан аз ифротгароию тундгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот ва рушди кишвари азизамон мебошад.
Пешвои муаззами миллат ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои террористию экстримистӣ дар ҷаҳон ва минтақа таваҷҷўҳи хос доранд.
Сарвари давлат борҳо таъкид менамоянд, ки «Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тўли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ дода, барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи ватандўстӣ, ифтихор аз таърих ва миллат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем».
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон миллати бузурги тоҷик бо дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки ин пеш аз ҳама аз заҳматҳои шабонарўзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ҳамарўза мо шоҳиди навгониҳои зиёде дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатамон мешавем. Аммо, мутаасифона дар шароити ҷаҳонишавӣ мо дучори хатарҳои зиёде мешавем, ки метавонанд, ин раванди рушду созандагиро халалдор созанд. Дар ин росто, иттиҳоду ягонагии ҷавонон атрофи давлату Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат дар заминаи шинохт ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ метавонад ҳамчун сипари боэътимод бар муқобили ин гуна зуҳуроти номатлуб бошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мутобиқшавии Тоҷикистон ба ҷаҳони муосир мо бояд роҳу восита ва шаклҳои татбиқи андешаи миллиро дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсат ва амният, ки хусусияти миллӣ ва симои маънавию сиёсии моро нигоҳ медорад, пайдо намуда, тадриҷан амалӣ намоем.
Инчунин, ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм барои солҳои 2021 – 2025, оид ба ташаккули нерўмандии мафкураи миллӣ, таҳкимбахшии он дар пешгирии тундгароӣ ва экстремизм, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани нақши пешгирикунандаи воситаҳои ахбори омма ва таъмини ниҳодии корҳои таҳлилӣ, иттилоотӣ ва ташвиқотӣ дар ин самт чораҳои амалӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар Стратегияи мазкур зикр гардидааст, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос доир ба пешбурди ҷанги иттиллоотӣ ва мафкуравӣ дар шабакаҳои Интернет чораҷўӣ карда шавад.
Вобаста ба иҷрои ин масъала, мо ба тамоми сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, аз ҷумла волонтёрон – аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ҷиҳати фаъолнокии онҳо вобаста ба навиштани вокунишҳо, ибрози нигоҳи муқобил ва мубоҳисаҳои созанда дастурҳои мушаххас додем ва кор дар ин самт боз ҳам тақвият бахшида мешавад.
Умуман, муқовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир бахусус терроризм ва экстремизм иштироки дастаҷамъии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.
Аз ин рў ҳар, яки мо вазифадорем, ки баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, ки доимо амнияти давлату миллатро зери хатар қарор медиҳад, муборизаи беамон барем.
Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ