НЕСТ БОД, ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ!
Дар адабиёти илмӣ таърифи мухталифи маҳфумҳои экстремизм ва тероризм мавҷуд аст. Доир ба ин мафҳумҳо дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ таърифи ягона дида намешавад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм падидаи манфиест барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва иқтисодӣ. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароиест, ки ба ҳадди ниҳоии худ расидааст.
Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мешаванд. Ифротгароӣ ва тероризм аз ҷиддитарин таҳдид ва хатарҳои суботу амниятӣ ҷомеа аст. Баъзе аз давлатҳои абарқудрати дунё кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки экстремизм, терроризм ва падидаҳои дигари манфии ҷомеаро либоси исломӣ пӯшонанд.
Мардуми минтақа, аз ҷумла мардуми ҷумҳурии моро мебояд дорои ҷаҳонбинии хуби фалсафию илмӣ бошанд. Барои ин бояд тарбияи худшиносӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллию фарҳангиямон аз муҳити оила оғоз ёбад. Дар заминаи шинохти манофеи миллиамон бо таваҷҷуҳ ба шароити феълии байналмилалӣ бояд корҳо дар сатҳи сохторҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва ниҳодҳои рӯзноманигорӣ ба сурати барномавӣ пайгирӣ шаванд.
Маҳз ба воситаи донишандузии амиқи замонавӣ, иҷрои амали он дар истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқотҳои илмӣ, таъмини озмоишгоҳҳои ба шароити имрӯза мувофиқ дар масъалаи ифротгароӣ ва тероризм низ тайи даҳсолаҳои ахир шоҳиди ба кор гирифта шудани стандартҳои дугона ҳастем. Қудратҳо аз падидаи ифротгароӣ ва тероризм ба манзури фишор ба рақибони геопалитикиашон истифода мекунанд.
Дар Сурия ва Ироқ давлатҳои абарқудрат ҷангҷуёнро бо лавозимотҳои ҷангӣ ва техникаю яроқҳо таъмин намуда, аз тарафи дигар ягон-ягон ба онҳо таҳдид низ мекунад ва чунин бархурди дугона боиси он мегардад, ки масъалаи “мубориза бо терроризм” камаҳамияту ноустувор ба назар мерасад.
Вақти он расидааст, ки имрӯзҳо нисбати амалҳои даҳшатангези ин гурӯҳҳои террористӣ тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор наистад. Ин гурӯҳҳо на фақат нисбат ба ҷони журналистон таҳдид мекунад, онҳо инчунин ба озодандешӣ, пешравии илм, техника, технология, фарҳанг ва тамоми анъанаҳои пешқадами мо низ таҳдид мекунанд. Ба муқобили ин душманон тамоми башарият, ки бо шиору даъватҳои исломӣ одаманро гумроҳ карда, ба доми худ кашида истодаанд, дар якҷоягӣ муборизаи оштинопазир бурдан зарур аст.
Хулоса, ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар ҳолате имкон дорад, ки агар оқибатҳои мудҳиши ин ҳодисаҳо аз тарафи тамоми инсоният дарк карда шавад. Замони муосир тафаккури нави сиёсиро тақозо дорад, яъне фаҳмиши он, ки мамлакатҳо ва тамоми халқҳои дунё дар доираи манфиатҳои умумӣ, гӯё онҳо дар сайёраи мо аъзоёни киштии ягонаанд.
Туразода Ҷ. А. – дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ