ОИД БА ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқ терроризм – ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.
Таҷрибаи сиёсати муосири давлатдорӣ собит намудааст, ки зуҳуроти алоҳидаи хислати ифротидошта, қодир аст бевосита ба ҷараёни раванди сиёсати давлат таъсири худро расонад. Ба андешаи мо, ин таъсиррасонӣ тавассути ба қишри нисбатан оддӣ равона кардани ин ё он зуҳуроти бегона (љалб намудан ба гурўҳи муайян, ваъдаҳои бардурўғ ба ояндаи нек, ваъдаҳои ноқонунӣ оид ба кўмаки молиявӣ) аз ҷониби ашхосони бегонапараст ба миён меояд, ки хеле хавфнок аст ва ҳатто қабули ин гуна «ваъдабозиҳо» метавонанд боиси духўрагии андешаҳо гардида, оқибат ба шомилшавӣ ба ҳаракатҳои ифротӣ оварда мерасонанд.
Имрӯз хеле хуб эҳсос мегардад, ки аксар аз қувваҳои солимфикри ҷомеаи ио ин гуна зуҳуроти нафратоварро маҳкум мекунанд. Аммо ба андешаи мо ин басанда нест.
Моро зарур аст мавқеи онҳоро минбаъд тақвият бахшем ва ҳарчи бештар ба масъалаи иттилооткунонии ҷомеаи муосир (махсусан қишри љавонон), оқибатҳои нафратангези ифротгароӣ тавассути на танҳо телевизион ва радио балки тавассути сомонаҳои иљтимоӣ тақвият бахшем.
Илова менамоем, ки моро зарур аст вобаста ба моҳияти аслии вазъи муосири геополитикии ҷаҳон бо истифода аз таљриба ва андешаҳои солими олимони ин соҳа тамоми қишри љомеаро ҳушдор созем ва зиракии сиёсии худро ҳељ вақт аз даст надиҳем.
Боло бурдани дарки дуруст ва оқилонаи равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба андешаи мо метавонад омили асосии дар руҳияи ватандўстӣ тарбият намудани љавоно маҳсуб ёбад.
Санавваров Ғ.Б. – мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ