ПЕШГИРИИ МУНОҚИШАҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР МИНТАҚАИ САРҲАДӢ
Мавқеи Тоҷикистон дар ҳифз ва таъмини аманияти давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо ва бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ё гурўҳи кишварҳо дар миқёси ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳида аҳамияти хоса дорад.
Таъмини амният ҳоло дар Тоҷикистон ба рафти рўйдодҳои сиёсиву иқтисодии минтақаи Осиёи Миёна таъсири ҷиддӣ расонда, таҳдиди хатарро аз ҳудуди Афғонистон, паҳн гардидани падидаҳои номатлуб ва бадбахтиҳоро бозмедорад, қаблан ҳам таҳдиди хавфи давом ёфтани муноқишаҳои мусаллаҳонаро дар ҳудуди давлатҳои ҳамсоя пешгирӣ ва бартараф кардааст. Дар солҳои 90-ум бартараф ва пахш нашудани мавҷи бесарусомонӣ ва ифротгароӣ дар Тоҷикистон метавонист боиси вазъи ниҳоят мураккаби тулонӣ дар давлатҳои минтақа гашта, ногузирии муқовимат ва кашмакашҳои хунини қавму миллатҳо, гурўҳҳо, нерўҳои сиёсӣ ё гуруҳҳои ифротиро ба вуҷуд орад, ки оқибат ба вайрону барҳам хўрдани сохторҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, умуман низоми давлатдорӣ мегардид. Маҳз Тоҷикистон роҳи паҳн шудани чунин хавфу хатарро пешгирӣ намуд, нагузошт, ки қувваҳои террориистӣ ва экстремистӣ дар давлатҳои ҳамсоя паҳн гардида, осоиштагии мардумро вайрон намоянд. Лекин, имрӯз халқи ҳамсоя, ки солҳои 20-уми асри гузашта ба водии куҳсори диёри мо аз шимол барои чорводорӣ омада, маскун шудаанд ва аз мардуми тоҷик касбу кор, сохтумону зироатпарварӣ, арзишҳои диниву маънавиёт, фарҳангу маданият омухтанд, имруз он нафарони ифротиро (ки ҳатто дар неруҳои сарҳадию низомӣ мавҷуданд) ҷонибдорӣ карда истодаанд, ки бо сарпарастии қувваҳои моҷароҷуи пантуркистӣ барои аманияти мардуми тоҷик, умуман дар миқёси минтақа хатар эҷод мекунанд.
Тоҷикистон ҳанўз дар ибтидои истиқлолияти худ, ки оқибатҳои мудҳиши ҷанги гражданӣ, терроризм, экстремизмро аз сар гузаронидааст, мардуми минтақаро аз хавфу хатари ин падидаҳои харобиовар ва мудҳиш хабардор карда буд, яке аз иштирокчиёни фаъоли каолитсияи байналмилалии зиддитеррористӣ ва ташаббускори рушди фаъолияти каолитсияи байналмилалии муқовимат зидди маводи мухаддир гардид. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ташкили минтақаи амният дар атрофи Афғонистон, густариш бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, мўътадил гардонидани вазъият дар ин минтақа, таҳия ва қабули Консепсияи ягонаи каолитсияи мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир, ташкили сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар амалияи давлатҳои минтақа собиқаи нав гардидааст, ки маротибаи дигар садоқати Тоҷикистонро дар пойдор кардани сулҳ ва ҳамзиштии осоишта, пешгирии хатарҳои нав собит намудааст.
Бинобар ин, ба мардуми Қирғистон ҳоло ҳам дер нашудааст, ки таърихи пайдоиши низоми давлатдории худро саҳифагардонӣ кунанд, фирефтаи ваъдаву нақшаҳои давлатҳои абарқудрат, «бозичаи» қувваҳои моҷароҷу нашуда ба сиёсати пешгирифтаи худ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон ва дар муносибат бо мардуми Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ва бо ҳисси масъулият дар назди ояндаи миллати худ таҷдиди назар кунанд, ихтиёран подоши зарари ҷонӣ, моддӣ ва маънавиро пардохт намоянд ва дар пойдор кардани сулҳ, ҳамзиштии осоиштаи мардуми ҳарду кишварҳои ҳамсоя саҳмгузор бошад.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории
ДДҲБСТ