Чанд андеша оид ба ташаккул ва пешгирии ифротгароӣ

Ташаккул ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки дар ҷамъият андешаҳои гуногун, ғояҳо ва мафкураи гуногун ба вуҷуд оянд. Боиси ташвиш аст, ки миёни ин гуногунандешиҳо бо мақсади ба ҳадафи ғайриқонунии худ расидан гурўҳи муайяни одамоне мавҷуданд, ки бо амалҳои зиддиқонунии худ садди ташаккули ҷомеаи имрўза мегарданд.

Ин ҳам бошад ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ маҳсуб меёбад. Ба андешаи камина, ин раванд аз паст будани шуур ва маърифати тарбиявии кишри муайяни ҷомеаи мусир, камбизоатӣ ва бемасъулиятии баъзе аз падарон ва модарон дарак медиҳад. Дар навбати худ, ин мушкилот ба васеъ будани фазои таъсиррасонии беруна (махсус интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ) алоқаманд буда, амалия нишон медиҳад, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа унсурҳои бегонаи таъсиррасонӣ зиёд ҳастанд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар байни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байни онҳо паст будани мафкура ва ҷаҳонбинӣ, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз василаҳои ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротию муноқишаҳои гуногун дар баробари мавҷудияти сомонаҳои интернетӣ – ҳамчунин таъсири оила калон аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки: «Вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолияти торафт вусъат гирифтаистодаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва истифода аз номи поку муқаддаси ислом ба манфиатҳои ғаразноки сиёсӣ ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба номи мубораки ислом ва арзишҳои неку созандаи он иснод наоварем ва ҳар як амали мусулмонии худро дар роҳи шинохти ҳақ ва ба хотири оромиву осоиши мусулмонон истифода барем».

Мо андеша дорем, ки ифротгароиву терроризм ин пеш аз ҳама нобудкунандаи беҳтарин неъмати худододӣ – ҳаёти инсонӣ, вайронӣ, харобӣ ва даҳшатафканию марг аст.

Аз ин хотир, мо андеша дорем, ки барои пешгирӣ намудани ин намуна рафторҳои ғайриқонунӣ чунин чораҳои зарурӣ ба мисоли дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ гузаронидани суҳбат – вохўриҳо бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва бахусус падар ва модари толибилмони тамоми муассисаҳои таълимӣ саривақтӣ аст.

Ҳамзамон хуб мебуд, агар волидайни ҷавонони имрўза истифодаи телефонҳои мобилии фарзандони худро зери назорати қатӣ нигоҳ доранд.

Андеша дорем, ки дар сатҳи лозима қарор додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарбиявӣ имконияти муоширати иҷтимоии онҳоро фарох мегардонад. Ба ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро дар ҷомеаи муосир таъмин кард ва баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд.

 

Санавваров Ғ.Б. – мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ

You might also like