САРЧАШМАИ ПАЙДОИШИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои Шаркӣ мусалмонӣ мебошад. Давлатдории дунявӣ аз назари инсоф ҳам ифротгарои атеистӣ ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии махз мебошад, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарк оташи чангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд.

Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи динӣ ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешкаши мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ – демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатогӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ, демократӣ ва миллӣ проблемаҳо чой доранд. Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ацидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар  гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ афтида, аз зиндагии мустақилонаи худ дур шудаанд.

Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИТ, ки натиҷаи он дар  Сурияи Араб ва Ироқ боиси халок шудани бисёр ҷавонон гардид. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он тарафи вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин чост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази курбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иктисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост ки Ҷумхурии мо яке аз кишварҳои камшуморест ки муқобили ин қабил озмоишхои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст. Ва тоҷикон ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки чунин афрод байни ҷомеа ба вуҷуд ояд.

Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ 

You might also like