МАСЪАЛАИ САРҲАДӢ БОЯД БО РОҲИ ДИПЛОМАТӢ ҲАЛ ШАВАД
Санаи 27 – уми январи соли равон боз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон задухўрди муссалаҳона сар зад. Мутасифона дар натиҷаи ин задухуди мусслаҳона талафоти ҷони низ ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла шаҳрвандони кишвари мо дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд. Инчунин ҳам аз миёни низомиён ва мардуми осоишта дар ин ҳодиса захм бардоштагон ба қайд гирифта шудааст. Ҷонибҳо тавонистанд, ки вазъияти бавуҷудомадаро ором намуда, таҳти назорат қарор диҳанд. Вале ин ҳолат то кай давом мекунад маълум нест. Аммо як чиз маълум аст, ки масъалаи сарҳадиро бо роҳи зурӣ ҳал кардан роҳи дуруст нест. Зеро истифодаи қувва боиси талафоти ҷони миёни ҳарду кишвар мегардад ва нафрату бадбиниро зиёд менамояд.
Вале сиёсати пешгирифтаи ҳамсоя кишвари мо доир ба ҳалли муаммои сарҳадӣ бар хилофи дипломатӣ мебошад. Ҷои онки сари мизи гуфтушунид нишаста ин муамморо ҳал намоянд, вазъияти мавҷудбударо аз буда бештар вазнинтар менамоянд. Нишони гуфтаҳо ин моҳҳои охир аз ҷониби худи президенти Қирғизистон оиди ба ҷавобгарӣ кашидани Адохон Мадумаров, ки соли 2009 дар шартномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо гузошта буд, буда метавонад. Доир ба ин масъала Содир Жапаров моҳи октябри соли равон дар баромади худ гуфта гузашт. Инчунин мақомотҳои дахлдори кишварашро вазифадор намуд, ки ин қазъияро дида бароянд.
Дигар амали анҷом додаи президенти Қирғизистон Содир Жапаров, ки нишони истифодаи қувва дар ҳаллӣ масъалаи сарҳадӣ ин харидории тайёраҳои бе сарнишин аз Ҷумҳурии Туркия ба ҳисоб меравад. Зеро ҳодисаҳои соли ҷорӣ дар фасли баҳор рухдода нишон дод, ки ин иқтидори мавҷудбудаи артиши кишвараш барои ҷанг намудан бо ҳамсоя кофӣ намебошад. Аз ин лиҳоз, артиши худро бо яроқҳои замонавӣ мусаллаҳ гардонидаистодааст. Инчунин ҳукумати имрўзаи Қирғизистон ба ин масъалаи ВАО –ро бештар ҷалб намудааст, ки ин низ бо мақсади миёни мардум шуру ошубро бардоштан ба ҳисоб меравад.
Гуфтаҳои боло нишон медиҳад, ки ҳукумати Қирғизистон масъалаи сарҳадиро бо роҳи гуфтушунид ҳал кардан намехоҳад ё бо ин амалҳои худ мавқеи худро дар рафти гуфтушунид мустаҳкам карданист.
Инчунин бо ин василаи ҳукумати имрўзаи Қирғизистон то андозае мехоханд, ки мавқеи сиёсии худро дар дохили кишвар баланд бардоранд. Яъне камбудиҳои иқтисодӣ, иҷтимоии ва сиёсии мавҷудбадаи давлатро дар як тараф монда, диққати мардумро ба ин масъала равона карданиянд. Ҳол онки ҳодисаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон нишон додан, ки гурўҳҳои террористӣ дар минтақа баъд аз ҳодисаҳои Афғонистон хело фаъол гаштаанд. Барои онҳо ҷанг миёни ин ду кишвар хеле фоидаовар мебошад. Зеро онҳо метавонанд аз вазъият истифода бурда, минтақаи Осиёи Марказиро ноором созанд.
Дар охир бори дигар қайд бояд намуд, ки масъалаи ҳудудӣ набояд бо роҳи зурӣ ва истифодаи қувва балки бо роҳи дипломатӣ роҳи ҳалли худро ёбад. Вагарна ин ҳодисаҳо дар оянда низ такрор шуданашон аз эҳтимол дур нест. Зеро ин вазъиятро натанҳо манфиатдорони дохилӣ балки беруна низ метавонанд ҳар бор истифода намуда, дар ин кишварҳо бесарусомонӣ ва ҷангу низоъро ташкил намоянд.
Давлатов У.Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ