НИЗОИ ТАРҲРЕЗИШУДА
Бегоҳии рўзи 27-ум ва шаби 28-уми январи соли 2022 дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон задухўрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа аз ҷониби кишвари мо 2 нафар шаҳрвандони мулкӣ ҳалок ва нафарони зиёде захмӣ гардиданд. Дар ахбори расмӣ ҳар ду ҷониб якдигарро барои оғози ҳуҷум гунаҳкор донистанд. Рўзи 28-ум гуфтушуниди миёни ҷонибҳо сурат гирифт ва чунин иттилоот паҳн карда шуд, ки ҷонибҳо барои оташбас ва баргардонидани воҳибҳои ҳарбӣ ба ҷойҳои қаблии худ ба созиш омадаанд. Новобаста аз ин моро зарур аст, якчанд дидгоҳи хешро оид ба омилҳои эҳтимолии зуҳури ин низоъ баён намоем. Барои мо возеҳу равшан аст, ки ҷониби Қирғизистон чун низои соли гузашта ба иғвогарӣ боис гардидааст. Якчанд эҳтимолиятро зикр намуданӣ ҳастем, ки аз амали тарҳрезишудаи низоӣ аз ҷониби Қирғизистон бармеояд.
– Чи гунае, ки манбаъҳои иттилоотии Тоҷикистон баён мекунанд то шуруи низоъи мусаллаҳона ҷониби Тоҷикистон барои гуфтушунид ва ҳалли баҳсҳои зуҳурнамуда ҷониби Қирғизистонро даъват кардааст, аммо онҳо ҳузур пайдо накарда, баръакс ба тирандозӣ оғоз бахшидаанд. Худи ин далел баёнгари он аст, ки ҷониби Қирғизистон ба ҳалли сулҳомези масъала ҷонибдор набуд ва баръакс мехост вазъият ба низои мусаллаҳона кашида шавад. Бо гулўла задани хонаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар натиҷа як нафар шаҳрванди мулкӣ ба ҳалокат расид ва тир холӣ намудан ба сўи мошини ёрии таъҷилӣ, ки боиси марги ронандаи он гардид аз шиддатбахшии раванди низои мусаллаҳона аз ҷониби қирғизҳо дарак медиҳад.
– Ҳанўз аз оғози низоъ хабаррасонӣ дар шабакаҳои иттилоотӣ аз ҷониби Қирғизистон бо забонҳои мухталиф шурўъ гардид. Чунин ба назар мерасад, ки гўё шумораи зиёди рўзноманигорон ва филмсозон дар он майдон қарор доштанд. Чун ҳарвақта онҳо бо таҳрифи воқеият мехостанд худро ҳамчун ҷабрдида ва ҷониби кишвари моро ҳамчун таҳоҷумгар нишон диҳанд. Фаъолии ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоърасонӣ аз он дарак медиҳад, ки онҳо барои низоъ пешакӣ омода буданд.
– Ҷониби Тоҷикистон аз парвози тайёраҳои бесарнишини Қирғизистон дарак дод, ки ҳадафи истифодаи он низ аз низоъталаби онҳо дарак медиҳад. Албатта, истифода шудани тайёраҳои бесарнишин аз ҷониби Қирғизистон баёнгари чунин эҳтимолияте ҳаст, ки низои ташкилшуда низои иктишофии (разведка) ин кишвар аст. Эҳтимолан бо ташкили низоъ ва ба дараҷаи ташаннуҷ расонидани вазъият ҷониби ҳамсоякишвар мехост ҳолати омодагӣ ва мавқеъи ҳаракат ва ҷойгиршавии нерўҳои ҳарбии кишвари моро ошкор намуда бошад. Чунин амали Қирғизистон эҳтимоли омодагии ин кишвар ба низои минбаъдаро нишон медиҳад. Ба андешаи мо низои дирўза ин як қадами тактикии ҷониби Қирғизистон буд, ки пешакӣ тарҳрезӣ ва сурат гирифт.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооте паҳн гардидааст, ки гўё ҷониби Қирғизистон, махсусан сардори Кумитаи амнияти ин кишвар Қ. Ташиев низоъҳои сарҳадиро барои таваҷҷуҳи оммаро ба дигар тараф ҷалб намудан аз мушкилоти шахсии хеш ба роҳ мондааст. Шояд ин эҳтимолият низ асосе дошта бошад ё ҳамчун бозии сиёсие барои ба дигар тараф равона намудани таваҷҷуҳи мо тарҳрезӣ шуда бошад. Аз ин рў, дар шароити имрўза ба мо зарур аст, ки ҳамаҷониба ҳадафҳои ҷониби Қарғизистонро аз тарҳрезии низои баргузоршуда ҳамаҷониба ошкор намуда бошем.
Ҷониби Тоҷикистонро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои низоии минбаъда дар сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон иқдомҳои заруриро пеш гирифта бошад. Ба андешаи мо ба амал баровардани чунин иқдомҳо метавонад мувофиқи мақсад бошад:
– мониторинги доимии вазъи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон. Дар ин самт зарур мешуморем, ки гурўҳи корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ, рўзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ ташкил карда шавад;
– шинохти мавқеъгирии нерўҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон. Ҷониби Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳолати омодабошӣ ва мавқеъгирии нерўҳои кишвари ҳамсояро барои ҷавоби муносиб гуфтан дар ҳолати сар задани низоъҳои минбаъда ошкор намуда бошад. Зарур аст, ки аз василаҳои мухталиф дар ин самт истифода бурда шавад;
– дар ҳама сурат ҷониби Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҳамагуна ҳолатҳои ғайричашмдошт омода бошад. Хусусан зарур мешуморем, ки ҷониби Тоҷикистон барои ҷавоб дода тавонистан дар ҳолатҳо ва тактикаҳои мухталифи амали ҷониби дигар омодагии ҷиддӣ дошта бошад;
– Тоҷикистонро зарур аст, ки қазияи баргузоршударо ҳамаҷиҳата омўхта ба ниҳодҳои додгоҳии байналхалқӣ муроҷиат намояд. Хусусан тавассути ҷалби миёнаравон ва ниҳодҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла СММ ҳал намудани мушкилоти сарҳадӣ тавсия мегардад.
– албатта Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва ҳалли сулҳомези мушкилоти сарҳадӣ бо кишвари ҳамсоя мебошад. Аммо ба ҳар сурат моро зарур аст, ки ба рушди эҳтимолиятҳои мухталиф омода бошем ва марзум буми кишвари худро ҳифзу ҳимоят намоем.
Солиев Ш.Х. – муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ