ТЕРРОРИСТ – ДИНУ МИЛЛАТ НАДОРАД

Терроризм – ин воситаи амали гардонидании нақшаҳои доимоамалкунандаи гурӯҳҳои ифротгаро буда, бо роҳи тарсонидан, сохтани муҳити тарс, ваҳм дар байни мардум ҳаёти одамонро зери хатар гузошта, мақсади ғаразноки худро амалӣ созанд. Мафҳуми террор маънои тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бо роҳи  бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои  ядроӣ, моддаҳои  радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, илова бар ин нобуд сохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо; сўиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудаанд.

Дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда дар раванди ҳаёти ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ба андешаи мутафаккирон ва ҷомеашиносони олам дин як падидаи отифӣ ва эҳсоси даруниест, ки заминаи пайдоиши он оҷиз будани дарки инсон дар нисбати ҳаводиси табиат мебошад. Дин падидаи отифӣ ва эҳсоси даруниест, ки асоси онро эътиқод ба як қувваи фавқултабии ташкил медиҳад. Инсон як мавҷуди заиф ва нотавон буда ҳамеша дар раванди зиндагӣ ба ин ва ё он қувваи аз худ бузург такя менамояд. Эътиқод доштани инсон ба як қувваи бузурги фавқултабии яъне Худованд аз лиҳози равони инсонро нерӯманд сохта аз заифию нотавони дар муқобили мушкилоти зиндагӣ наҷот мебахшад. Сабру тоқат ва умеду боварӣ ғояҳои асосии наҷотбахшӣ дар дин мебошанд. Он чиз мусаллам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухўрдҳоеро, ки нерўҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд.

Наметавон ба ин андеша розӣ шуд, ки ислом дини зўроварӣ ва бадбиниву адоват аст, зеро дар он намунаҳои зиёди инсондўстию таҳаммулгароиро ҳам дар сатҳи назариявӣ ва ҳам дар сатҳи амалӣ, пайдо кардан душвор нест. Чуноне ки Президенти кишвар дар яке аз суханронии худ таъкид намуда буданд: «террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ўст”. Бисёрии мутахассисон бар ин андешаанд, ки ҳамаи он воқеаҳои имрўз дар ҷомеаҳои мусулмонӣ арзи вуҷудкарда, фақат натиҷаи сиёсатҳои истеъморӣ ва забткориҳои кишварҳои Ғарб тайи асрҳои охир аст ва мусулмонон ба ҷуз муқобилият аз ин тариқи зўриву хушунат роҳи дигар надоранд.  Вале бо вуҷуди ин бояд эътироф намуд, ки мушкилоти ҷиддие, ки дар диндории имрўзаи исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ вуҷуд дорад, намегузорад, ки ин тамаддун, ҷузъи солим ва ҳамқадами ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бошад.

Исломи ба беадолативу куштор ва қатлу ғорат, озори инсону бехонумонии ҳазорон муслимин иртиботе надорад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст. (Сураи «Нисо», ояти 93).

Яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва созмонҳои террористиву экстремистӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад. Маҳз маънавиёти баланд ва ҳисси Ватандӯстӣ, тафаккури ободкорӣ шахсро аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳо эмин нигоҳ медорад. Дар ин иртибот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  на  як бору ду бор, балки зиёд дар баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки бо тафаккури ваҳшатзои асримиёнагӣ дар асри бисту як зиндагӣ кардан хатарнок аст. Чуноне ки дар Паёми навбатии хуш ба Маҷлиси Олии кишвар дар ин иртибот зикр намуданд: «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд».

Имрўз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар зарур аст, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеч гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиѓоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.

 

Шӯҳрат САИДЗОДА,

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like