ХИЁНАТҲОИ АЪЗОЁНИ ТЭТ ҲНИ
Мардуми бошараф ва сулҳҷӯву сулҳдӯсти Тоҷикистон шукрона аз он доранд, ки дар фазои оромиву осоиштагӣ умр ба сар мебаранду аз неъматҳои рӯзафзуни истиқлолият баҳрабардор мебошанд.
Зимни ин, рӯзҳои талхи солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз хотираш ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанду зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд, то ин ки ба иғвою дасисаҳо дода нашаванд.
Боиси тассуф аст, ки дар байни мардум шахсони кӯрдил, сиёҳботин ва ҳасуде арзи ҳастӣ доранд, ки ин гуна рӯзҳои хушу хурсандии миллати тоҷикро дида наметавонанд ва мехоҳанд, ки байни мардум тухми нифоқ баркошанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Кабирӣ ва думравони ӯ аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои ҳангуфтро зери ливои “бунёд ва рушду нумӯи демократия дар Тоҷикистон” ба даст меоранд. Амалҳои амали Кабирӣ низ барои “ҳалол” намудани ин маблағҳо дар назди хоҷагонаш мебошад. Ҳол он, ки қисми зиёди ин маблағҳоро ӯ бо авлоди худ дар кишварҳои Аврупо барои тиҷорат сарф намуда, аз ҳисоби даромад ва фоидаи он барои худ қасру кӯшкҳо ва автомобилҳои хориҷии қиматтаринро харида истодааст.
Табиист, ки шаҳрвандони соҳибақл ва бошууру равшанфикри тоҷикро ин дасисакориҳои ТЭТ ҲНИ бетараф гузошта наметованд. Вақте, онҳо ба ин амалҳои нотавонбинии онҳо дар саҳифаҳои интернетӣ ҷавобҳои босазо медиҳанд, “фермаи саволу ҷавоб”-и Кабирӣ дарҳол ба дашному ҳақорат ва бадгӯи мегузаранд. Худи Кабирӣ дар барномаи ташкилнамудаи “Озодӣ” қайд намуд, ки ӯ “фабрикаи ҷавоб” надорад. Аммо ин фикри баённамудааш дурӯғи навбатии ӯст! Илова бар ин, Кабирӣ ҳамеша худ ва ҳаммаслаконашро ҳамчун шахсони соҳибмаърифат ва зиёӣ эълон медорад. Аммо дар асл бошад, онқадар бадзабону бадгуфтор ҳастанд, ки бесаводтарин шахс аз шунидани дашному ҳақорати онҳо дар ҳайрат меафтад. Ин гуфтаҳо бори дигар аз дурӯғгуии Кабирӣ ва пайравони ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Маълум аст, ки дурӯғ ҳамеша фош мешавад ва шахси дурӯғгӯй ҳеҷ гоҳ соҳиби обрӯву манзалат намешавад! Пас чаро Кабирӣ инро дидаву дониста дурӯғ мегӯяд?! Мардуми қадимаи тоҷик панду андарзҳои ҳазорсола дорад, ки яке аз онҳо “Дурӯғ одамиро кунад бефурӯғ” аст. Ин гуфтор маҳз дар ҳаққи чунин шахсони бевиҷдон аст. Ҳамзамон ба “фурӯғ”-дор будани Кабирию думравони ӯ тамоми халқи тоҷик шубҳа доранд!
Мо ба тамоми аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва шахсан роҳбари он М.Кабирӣ гуфтанӣ ҳастем, ки ба дасисаву иғвоҳои онҳо дода намешавем ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба ободию сарсабзу хуррамгардонии кишварамон равона гардидааст, дастгирӣ менамоем.
Исмоилов Ш.М., н.и.и., мудири кафедраи
технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ