ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАҶАССУМГАРИ ДУРНАМОИ РУШДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан як барномаи мутакомулест, ки таҷассумгару ифодагари дурнамои рушди миллии кишвари маҳбумамон маҳсуб меёбанд. Мавриди тазаккур аст, ки Паёмҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар заминаи таҳлилу тадқиқи ҳаматарафаи илмии паҳлуҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ ва ҳам фарҳангии кишварамон ба эътибори халқи баруманди Тоҷикистони соҳибистиқлол пешниҳод мегарданд. Паёми навбатии Роҳбари давлатамон бо назардошти самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвармон, чи тавре, ки таъкид рафт, дар даврае пешниҳод мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, халқи азизи кишварамон ба сўи ояндаи дурахшон гомҳои устувор мегузорад. Тоҷикистони азиз дар давоми чоҳоряк аср маҳз ба шарофати сиёсати босуботу хирадмандона ва ояндабини Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст. Пешвои миллат таъкид сохт, ки мо ҳамаи ин корҳоро баҳри таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдад ва истиқлолияти давлатӣ анҷом додем, зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту дифоъ мекунем.

Пешвои миллат дар Паёмҳои хеш доимо таъкид бар он мекунад, ки мо халқи Тоҷикистон дар ибтидои солҳо истиқлолияти давлатӣ ба чӣ мусибатҳое гирифтор шуда будем ва ба сари мо тоҷикон душманони бурунмарзӣ чӣ балоҳоеро бор карданд. Мардуми саодатманди Тоҷикистон давраи озмоиши сахту сангинро таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона паси сар намуда, барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарўзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намуданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро аз роҳи тараққиёт чандин даҳсола ақиб партофт ва анқариб даҳ соли истиқлолият тамоми талошҳо ва имкониятҳои Ҳукумати мамлакат барои барқарор намудани оқибатҳои он сарф гардид.

Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини сиёсии хеш аз ибтидои солҳои 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид мегардад. Маҳз тадбирҳои дар ин давраи трансформатсинӣ андешидашудаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла оғози ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ, барқарор сохтани фаъолияти фалаҷшудаи давлатӣ, ташкили низоми ягонаи ҳокимияти иҷроя, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, таъмини қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафили пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ гардиданд.

Дар Паёми навбатӣ таъкид карда шуд, ки амалисозии барномаҳои қабулгардида дар се самти рушди миллӣ, се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ боиси рушди Тоҷикистон дар ин самтҳо гашт. Вобаста ба ин Президенти мамлакат як қатор рақамҳо ва далелҳоеро овард, ки воқеан ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидани кишвари азизамон шаҳодат медиҳанд.

Соҳиб гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат буда, дар ин ҷода азму талоши  қавӣ дорад, ки аз он маҳсули кори Ҳукумати кишвар ва халқи меҳнаткаши Тоҷикистон дарак медиҳад. Чӣ тавре, ки роҳбари давлат арз дошт, дар Тоҷикистон низоми ягонаи энергетикӣ бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Боиси шодбошист, ки солҳои сипарӣ ба бунёди сарбанди баландтарини дунё – неругоҳи барқи обии Роғун бо ибтикор ва ташаббуси Асосгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида шуд, ки кишвари азизамонро дар роҳи расидан ба истиқтиқлолияти  энергетикӣ боз ҳам наздиктар мегардонад, обру, манзалат ва имиҷи Ҷумҳурии азизамонро дар миқёси байналмилалӣ баланд мабардорад ва рақибони бурунмарзиро водор месозад, ки муносибати хешро бо ватани маҳбумамон дар заминаи принсипи муносибатҳои тарафайни судманд ба роҳ монанд.

Ҳадафи дигари стратегии Тоҷикистони азизамон ин бурун баромадан аз бунбасти коммуникатсинӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин ҷода низ дастовардҳо назаррасанд. Натиҷаи комёбиҳои коммуникатсионӣ бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ, фазои ягонаи сиёсиву ҷуғрофӣ буда, дар ин замина аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни манотиқи мухталифи кишварамон ва мамлакатҳои ҳамсоя раҳо гардидем ва «қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба кишвари воҳид табдил додем».

Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ, инчунин, дуруст қайд кард, ки корҳои то ҳол амалигардида ва дастовардҳои соҳибшудаамон ҳанўз талаботи имрўзаро пурра қонеъ карда наметавонанд, зеро дар фаъолияти мо мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб зиёданд ва ҳалли онҳо Ҳукумати Тоҷикистонро водор сохт, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул намояд. «Барои расидан ба ин мақсад моро зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тарақиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфтаро оғоз намоем ва вусъат диҳем».

Дар баробари ин, роҳбари давлат масъалаи сифати таълиму тадрис ва илмро баррасӣ намуда, дар шароити муосир нақши калидӣ доштан ва ба рушди давлат мусоидат кардани онҳоро ёдрас намуд. Талаби мазкур устодон, олимонро водор месозад, ки пурмаҳсул меҳнат намуда, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббуси илмӣ намоянд, нафарони лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷў ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда шаванд ва мавзўъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат ба роҳ монда шаванд.

Президенти мамлакат дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ доштани масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашариро таъкид фармуда, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоиро вазифадор кард, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Дар ҳақиқат дар шароити муосири олами рушдкардаи техника ва технологияи иттилоотӣ, дар замони таҳоҷуми фарҳангӣ, бархўрди тамаддунҳо ва муборизаву  набардҳои иттилоотӣ, зарба задан ба пояҳои ахлоқии ҷомеа ва паҳну пахши иттилооти ғайриахлоқӣ ва дар ин замина пиёда сохтани сиёсати ғаразноки абарқудратҳо ва барпо намудани моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш, ҳамчун василаи таъсирбахши неруҳои ғаразнок мавриди истифода қарор мегиранд, ки ташвишовар аст. Мушкил он аст, ки объекти таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии ба ном озод бевосита ҷавонон қарор мегиранд ва натиҷааш ба ҳамагон маълум аст. Пешвои миллат ба ин табақаи иҷтимоӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод.

Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми масоили ҷойдоштаи самту фъолияти ҳаёти ҷамъиятии кишвари маҳбубамонро мавриди пажўхиши амиқ қарор дода, ба намояндагони халқ, ба роҳбарони хурду олимақом, ташкилоту муассисаҳо, табақаҳои иҷтимоӣ, ба мардуми шарифи Тоҷикистон бо  қаноатмандӣ муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки муваффақияти Тоҷиқистон дар дасти худи мо тоҷикистониён аст, зеро мо чӣ қадаре, ки поквиҷдонона, самимона, меҳанпарастона, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ  ба халқу ватани маҳбумамон, ба хоку заминамон, ба арзишҳоямон муносибат менамоем, ҳамон қадар ба дастовардҳо соҳиб мегардем. «Бо итминони комил изҳор медорам, ки бо кўшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт».

 

Якубов Ҷ. К. – кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

You might also like