МАФҲУМИ «ХУДШИНОСӢ» ЧИРО МЕФАҲМОНАД?

Барои дарки ин мафҳум ба таърих муроҷиат менамоем, ки ҳанӯз дар даврони антиқа, мувофиқи устураҳои Юнони қадим, дар ибодатгоҳи  машҳури Делф бо хатти заррин навишта буданд: «худро бишнос!» Ин ҷумлаи амриро мутафаккирон ба таври гуногун шарҳу тафсир додаанд ва аз он маъниҳои мухталиф бардоштаанд. Мутафаккири бузурги рус Лев Толстой дар ин бора чунин андешаронӣ намудааст: «Бузургтарин дониш худшиносист. То худатро нашиносӣ, офаридгоратро нахоҳӣ шинохт».

Дар ин маврид Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ақли комилро асоси хештаншиносӣ фармудааст, ки  ҳадиси зерин инъикоскунандаи ин андеша аст: «ақл ба се қисмат аст: ҳар ки ҳамаро дорад, ақлаш комил ва ҳар кӣ ҳеҷ якро надорад, бехирад аст. Ақли комил-худро дуруст шинохтан, хуб итоат кардан ва сабри неку дар анҷоми вазифа аст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин гуфтаҳо дорад: «Худшиносӣ зербинои тадқиқоти тамоми илмҳост, ки мо онро илми инсонӣ ё худ гуманитарӣ (таъриху фалсафа, забону адабиёт, санъатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ ва ғайра) менамоем. Агар аҳдофи ҳамагуна бозҷустҳо камолоти ахлоқиву маънавӣ ва рӯҳонияти ҷомеа бошад, пас доираи таҳқиқи ин масъала ҳамаи илмҳо ва таълимоти ҷаҳониро фаро мегирад. Алҳол, агар тибқи усули маъмули аз сода ба мураккаб рафтор намоем, хоҳем дид, ки худшиносӣ аз дароне, ки ҷомеаи инсонӣ ба шакли муайян даромад ва эҳтиёҷ ба назму тартибу муносибати иҷтимоӣ ба миён омад, ба муаммои аввалдараҷаи ташаккули шахсиятҳо ва баъдан ташаккулу таҳаввули миллатҳову давлатҳо табдил ёфт».

Пас аз ин бармеояд, ки худшиносӣ аввалин хулосаи ақл аст. Ин гуна мавқеъгирӣ ва хулосаро дар фалсафаи Юнони қадим ва Аврупои асримиёнагӣ, дар масеҳияту таълимоти Конфутсий ва ҳатто дар таълимоти марксизм низ дидан мумкин аст. Карл Маркс гуфта буд: «Худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист».

Худшиносӣ бо ахлоқу адабу маънавият алоқамандии зич дорад, аммо ин ҳардуро сарчашма боз ҳам худҷӯӣ ва мавқеи  худро шинохтан аст.

Ҳар як инсон мавҷуди мураккабест. Беҳуда онро олами сағир намегӯянд. Ҳар чизе, ки дар олами кабир мегузарад, аз қалби ҳамин инсони хокӣ мегузарад. Аммо саволи баррасишаванда ин аст, ки инсон бе маънавияту ахлоқ ва илму дониш чӣ тавр метавонад буду набуди оламро дарк намояд? Аз ҳамин ҷост, ки инсонҳо фозилу андешаманд, хайрхоҳу нексиришт, ё баръакс худхоҳу бадкирдор ва бадният мешаванд.

Ҳар шахс бояд донад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чӣ нақшу мақоме дорад. Шинохти муҳит пайваста инсонро ба маърифати ҷомеа ва миллату давлат роҳнамоӣ мекунад. Яъне худшиносӣ зинаҳои бисёре дорад, ки аз ҷониби мардуми зиёд тавассути дину мазҳаб ва илмҳои зиёде омӯхта мешавад, аммо мақсад як аст: расидан ба камолоти ахлоқию маънавии инсонҳои алоҳида, баъдан ташаккули ҷомеа ва миллатҳои худогоҳ ва ниҳоятан давлатҳои мутамаддину пешрафта.

 

Султонова А.Ҷ. – муаллими калони кафедраи

 фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like