Маориф- ояндаи дурахшони миллат

Маориф яке аз сохаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ  намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маърифати ҷомеа саҳми бузург мегузорад. Фарогирии саросари наслҳои ҷавону наврас ба мактаб, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарбияи мутахасисони тамоми соҳаҳои истехсолот ва муассисахои таълимию илмӣ ва фарҳангӣ  маҳсули заҳмати кормандони маориф ба ҳисоб меравад.

Рушди соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Инро ба ҳисоб гирифта соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон карданд. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кард шудани соли 2010 боиси боз ҳам хубтар ба роҳ монда шудани кори маориф,  пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд рафтани донишу малакаи хонандагон мегардад.

Оре, дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва ҳукумати он баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нахуст дар мамлакати мо эълон шуда буд, сипас дар миқёси ИДМ ҳамчун соли инноватсия кабул гардид. Албатта, сабаби аҳамияти бештар додан ба илм, техника, инноватсия, техналогияи навро роҳбари давлат пинҳон намедорад: қафо намондан аз давлатҳои аз ҷиҳати техникӣ пешрафта. Аз ин рӯ, зарур аст, ки маърифати техникии ҷомеа баланд бардошта шавад. Нишонаҳои фарҳанги техникӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо бештар пайдо шудааст.

Аз ин рӯ, ҳамасола аз ҷониби Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон ироа гардид. Имсол низ дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз самти афзалиятноки ҷомеа, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ба самти тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, саҳми ҷавонон ва мақомотҳою Вазорати мудофиа таваҷҷӯҳ намуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки касби омӯзгорӣ, касби пуршараф ба ҳисоб рафта, таълиму тарбияи насли наврас аз руҳия ва тахассусмандии омӯзгорон вобаста аст. Солҳои охир вазъи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беҳтар гардида заминаи моддиву техникии онҳо таҳким ёфта истодааст.

Сарвари давлат қайд намуданд, ки “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст”.

Ин нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар соҳаи маориф барои беҳтар кардани сифати таълим як қатор корҳои созандагӣ иҷро шуда истодааст. Маблағгузории давлатии соҳа, махсусан барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои таълимӣ сол ба сол меафзояд. Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити таълимӣ маблағҳои буҷавӣ ҷудо мекунад. Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои нав бевосита бо дастгирии давлат мактабҳои ҳозиразамон ба истифода дода шуд.

Имрӯз дар даврони истиқлолият ҳамасола баъди хатми мактаби миёнаи умумӣ 97% хатмкунандагон сазовори унвони донишҷӯӣ гардида истодаанд, ки ин нишонаи рӯй овардани ҷавонон  ба илму маърифат аст. Дар робита ба ин масъала, аз тарафи Сарвари давлат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат,  Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ эълон гардидани  озмуни “Илм фурӯғи маърифат” айни муддао аст.

Назари неки Пешвои Миллат нисбат ба магистрантон ва доктарантон  ва зиёд гардидани стипендия то 30% боз огаҳӣ аз он медиҳад, ки Ҳукумати давлат нисбат ба баланд бардоштани сатҳи илм ба олимони ҷавон ва  ҷавони ихтироъкор аҳамияти хоса зоҳир менамояд.  Мо  бояд ба қадри истиқлолияту ваҳдат ва ғамхории давлат, ки нисбат ба соҳаи маориф нигаронида шудааст бирасем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар соҳаи маориф беш аз пеш камари ҳиммат баста барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои давлати навбунёди тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, ниёзу оромонҳои миллии худро дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат тарҳрезӣ намоем ва дар омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон кишварамонро бо корҳои созандагиву ободкорӣ даст ба даст гирифта ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем.

 

Қурбонова Ш.С. – муаллими калони кафедраи маркетинг   – агробизнес

Юнусова Ф.М. – ассистенти кафедраи маркетинг – агробизнес 

You might also like