АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА САМТҲОИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои конститутсионӣ дорад. Тавре аз моддаи 69, банди 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар доираи салоҳияти худ Президент “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад”.
Бештар аз он, дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, моддаи 3, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат менамояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Паёми Пешвои миллат ба мақомоти қонунгузор, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон – ин пеш аз ҳама санади муҳими танзими ҳуқуқист, ки дар он самтҳои асосии сохти давлатдорӣ, сиёсати иқтисодӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ва ғайра муайян карда мешавад.
Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 21 декабри соли 2021, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигарҳо буда шохаҳои ҳокимият – қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ба диққати асосии худ қабул менамоянд, баҳри татбиқи ҳадафҳои асосии халқу миллат чораҳои зарурӣ меандешанд. Барои татбиқи ҳадафҳои асосӣ, ки аз ироаҳои Пешвои миллат бармеояд дар кишвар ҳамаи асосҳо, чӣ ҳуқуқӣ ва чӣ иқтисодӣ, сиёсӣ мавҷуд аст. Албатта, ҳадафҳои асосӣ, самтҳои муҳими рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёдии мо дар нуқтаҳои Паёми охирини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Аз омўзиш ва таҳлили ироаҳои Паёми Пешвои миллат, масалан дар тўли даҳ соли охирин, маълум мегардад, ки ҳамаи онҳо бо мақсадҳои асосӣ, некўаҳволии халқ, зиндагии арзанда, рушди муносибатҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ, аз ҷумла иқтисоди хориҷӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва ғайра равона карда шудааст. Ба ин моддаи 1-уми Конститутсия асоснок менамояд: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.
Ҳамин тавр, дар Паёми охирани Пешвои миллат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, самти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ (молия, қарз, андоз, боҷхои гумрукӣ), илму маърифт, тарбия, технологияи муосир ва бисёр дигар қайдҳо карда шудаанд. Моён ҳамарўза ва ҳамаҷониба кўшиш менамоем, ки дар ҳаёт ҳама ироаҳои Пешвои миллатро татбиқ намуда бошем.
Дар Паёмҳои худ, Пешвои миллат чор ҳадафҳои асосии Стратегии миллиро барои солҳои минбаъдаи рушди кишвар муайян намудаанд. Қайд кардан лозим меояд, ки имрўз омили муҳими дар амал татбиқ намудани ироаҳои Паёми Пешвои миллат, меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла амалӣ гардонидани савганди хизматчиёни давлатӣ, дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ, ин саводнокӣ мебошад. Бисёр вақт, аз сабаби паст будани саводи баъзе аз хизматчиёни давлатӣ дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ, муносибатҳои бозорӣ ҳалли масъалаҳои рушд, қафо партофта мешаванд, ё умуман берун аз диққат мемонанд. Албатта, саводнокӣ бо касбият, соҳиби касб будани ин гурўҳи шахсон зич алоқамандӣ дорад. Надонистани касби худ кормандон, хизматчиёни давлатиро маҷбур мекунад ҳама гуна воситаҳоро, нисбати минбаъда адои вазифаи давлат ваколатдода, истифода намоянд. Равшан аст, ки аз «боло» истода дахолат кардан татбиқи меъёрҳои қонунро ғайриимкон мегардонад, ё ба ҳар хел падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ, коррупсионӣ меорад. Чунин тамоюл қариб тамоми соҳаҳои танзими муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, хоҷагии халқро фаро гирифтааст.
Дар соҳаи пурзўр намудани ҳуқуқбунёдӣ, таъмини қонуният, мубориза бо ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ дар кишвар Пешвои миллат дар Паёми худ ироа намудаанд: “Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд”.
Хулоса аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 декабри 2018 сол бармеояд: «…Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.
Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Самадов Б. О. – дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ