САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР ВА МИНТАҚА
Дар айёми бедорӣ ва нахустин қадамҳои мустақилият сарнавишт тоҷиконро ба имтиҳони сахту сангине рў ба рў намуд. Дар ин гурудори пуртаҳаввули таърих, сияҳкорони дохиливу хориҷӣ Тоҷкистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардониданд. Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини Истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатсатмадори қавиирода ва ватандўст зарур буд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯш гирифта, дар баромади аввалини худ, дар Иҷлосияи XVI-Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва Худованду мардуми тоҷик шоҳиданд, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ вафо намуданд.
Кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар, ободӣ, баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ, вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инсонӣ ва дар сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар шаклгирии низоми ҳуқуқии тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳои таърихи муосир ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқии муосири давлати соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ҳуқуқуии ниёгон, таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ хизматҳои шоиста намудаанд.
Агар мо, дар бораи фаъолияти ҳама самтҳои фаъолияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронем, ҳафтаҳо, моҳҳо, ва солҳо кам аст.Барои ҳамин ҳам, яке аз саҳмҳои асосӣ ва таърихии Сарвари давлат дар даврони истиқлолият аз он иборат буд, ки:
- Миллатро аз нобудшавӣ наҷот доданд;
- Ба ҷанги шаҳрвандии хонамонсӯз хотима бахшиданд;
- Сулҳу субот, оромиро барқарор намуданд;
- Гурезагонро ба Ватан баргардониданд;
- Тоҷикон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд;
- Сиёсати дохилии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд;
- Кишварро ободтару зеботар гардониданд;
- Мутахассисони барҷастаро тайёр намуданд;
- Ғами халқу миллатро хурданд.
Ба он натиҷаҳое, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони 30- соли Истиқлолият ноил гардиданд, дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин буда, аз заҳматҳои пай дар пайи пурмашақати ӯ шаҳодат медиҳанд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ байни тоҷикон буда, арзандаи Пешвои миллат аст, ки чунин иқдомро кулли мардуми Тоҷикистон эътироф намудаанд. Мардуми тоҷик аз хизматҳои тўлонии Пешвои миллат миннатдор буда, ӯро дӯст медоранд ва ҳидоятҳояшро ҳамарӯза сармашқи кори худ карда, ояндаи худро мехоҳанд таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бисозанд.
Обидов Д.С. – мудири кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ