ДДҲБСТ: Паём-кафили рушди устувoри иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум
Дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ҷаласаи васеи Шӯрои сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. дар мавзӯи “Паём-кафили рушди устувoри иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” маърӯза кард. Қайд гардид, ки Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз падидаи неку ояндасози даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ифодагари рушди давра ба давраи соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ва иҷрои ҳадафҳои пешгузоштаи роҳбарияти олии мамлакат нақши ниҳоят бузург мебозад. Зеро Паёмҳои Президенти кишварамон ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон, сатҳи худогоҳию маърифатнокии ҷомеа ва баланд бардоштани мақому нуфузи давлат нигаронида шудааст. Бешубҳа, Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ҳар фарди ватандӯстро водор месозад, ки нуктаҳои муҳими дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кору фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор дода, аз Паём то Паём вазифаву рисолати назди худ гузоштаашро бечунучаро иҷро намояд, илова шуд дар идомаи ҷаласа. Бо амалӣ гардидани дастуру супоришҳои дар паёмҳои Президенти мамлакат баён гардида, сатҳи зиндагии аҳолии кишвар марҳила ба марҳила боло меравад. Сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 ба 25,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбари донишгоҳ зимни маърӯзааш ба масъалаҳои соҳаи маориф, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём таъкид намуданд, ибрози андеша кард. Гуфта шуд, ки чуноне Сарвари давлат қайд намудаанд: “Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ Мубина Хоҷаева дар мавриди “Татбиқи консепсияи милии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ” баромад кард. Инчунин дар идомаи ҷаласа иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи илму маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома, тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти сарпарастони гуруҳҳо натиҷагирӣ шуда, мавзӯҳои назорати давомоти донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ, ҳамчунин андешидани чораҳои зарурӣ нисбат ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Чанде аз роҳбарони гуруҳҳо ва кормандону устодон низ перомуни мавзӯҳои матраҳшаванда таклифу пеҳниҳодҳо карданд.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбари донишгоҳ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва дар соатҳои тарбиявиву кураторӣ ба донишҷӯён нуктаҳои Паёми Президенти мамлакатро омӯзонанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







