Ҷаласаи васеи Шӯрои сарпарастон
Санаи 15.01.2022, соати 11.00 дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ (ошёнаи 6) таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М. ҷаласаи васеи Шӯрои сарпарастон (кураторон)-и гурӯҳҳои таълимӣ баргузор мешавад.
Дар ҷаласаи мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи илму маориф, татбиқи амалии Консепсияи милии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Иштироки деканони факултетҳо, муовинони декан оид ба корҳои тарбия, мудирони кафедраҳо, раисони Созмони ҷавонону Шӯрои бонувон ва духтарон, раисони Иттифоқи касаба, саркураторон, сарпарастон (кураторон) ва сардорони гурӯҳҳои таълимии факултет санаи 15.01.2022, соати 10.30 ҳатмист.