ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОИНАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

Дар таҷрибаи давлатдории таърихи навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона – ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми мардуми кишвар ба воситаи Парлумон буда, ин падида дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 21 декабри соли 2021 дар Коҳи Сомон бо иштироки намояндагони Парлумон, Ҳукумат, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI, вакилони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, тоҷирону соҳибкорон, созмони ҷавонон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум баргузор гардид.

Дастури роҳнамои Сарвари давлат ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, аз ин рӯ, онро ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ пазируфтан мебояд, ки давлати дунявӣ унвон шудааст. Андешаҳое, ки дар ин мақола гирд омадаанд, айнан дар ҳошияи ҳамин дастури муҳиму мубрами давлатӣ баён шудаанд.

Дар ҳақиқат, Паёми ироа гардида, таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус, соҳаи илму маорифи мамлакат гардид. Ин Паёму дастуру супориш ва роҳнамоиҳои навбатии Пешвои миллат шаҳодат аз истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаашон мебошад, ки барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузоштааст. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфою сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Дар назариёти Пешвои муаззами миллат зикр гардид, ки: “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад”. Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон.

Гуфтан мумкин аст, ки илм як самти хосси фаъолияти инсон мебошад, ки вазифаи он коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои объективӣ оид ба воқеият ва тарзи махсуси дарёфти донишҳои воқеист. Илм аз низоми ягона, ҳамбаста ва ривоҷёбандаи донишҳо оид ба олами берун ва қонуниятҳои инкишофи он иборат аст. Дар баробари ин илм як ҷузви ҷудонашавандаи фарҳанги инсонист; кашфиёти он ба унвони донишҳои муназзами объективӣ дар бораи ҳастии моддию маънавӣ дар радифи дастовардҳои бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ қадру арзёбӣ мешаванд. Аз ин маънӣ, сатҳи камолоти илмро дар ҷомеа нишондиҳандаи асосии дараҷаи рушди фарҳанги моддию маънавии миллат ва кафолати тараққиёти бемайлони давлати миллӣ ҳисоб кардан ҷоиз аст.

Пешвои муаззами миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат  қарор додаанд. Ҷустору донишандӯзӣ аз замонҳои қадим то ин замон хосси инсон мебошад. Ҷамъоварии донишу малакаҳои пажӯҳиш ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ сар шуда буд, ки онро оғози ташаккули бунёди илми амалӣ ҳисоб кардан мебояд ва таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат ба таҳқиқу навовариҳо дар соҳаи илму маориф, васоити рушду такмилдиҳандаи дигар соҳаҳои фаъолияти хоҳад буд.

Воқеан ҳам чун анъана дар Паёмҳои ҳамасолаи хуб Пешвои миллат ба рушди соҳаҳои илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, қайд намуданд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Маълум гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, аммо зарур аст, ки барои бозҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқитоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Масоили фарогирии ҷавонони боистеъдоди кишвар дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат низ дар маркази диққати роҳбари мамлакат буда дар Паём таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифати таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Бо файзу баракати Истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, соҳаи маориф ва илм давра ба давра ба дастоварҳои калон ноил гашт. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф ва пешниҳод карда шуд, ки муҳтавои онҳо ба замони муосир мувофиқанд. Таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагону донишҷӯён, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабию марказҳои дарёфти рушди истеъдодҳо, инноватсионию технологӣ, илмӣ, озмоишҳгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба шакли нави идоракунӣ, таҳким бахшидани низоми такмили ихтисос ва хадамоти методӣ, вусъати ҳаракати олимпӣ таҳаввулоти ҷиддиро дар сатҳу сифати таҳсилот ва низоми маориф ба вуҷуд овард. Дар натиҷа дар робита ба ин ширкати хонандагони тоҷик дар озмунҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол афзуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф бағайр аз маблағҳои буҷетӣ маблағҳои грантӣ ва инвеститсиониро сафарбар намуд, ки барои ҳалли як қатор мушкилоти соҳа дар мамлакат ёрии амалӣ расонид. Умуман, дар давоми 30 соли Истиқлолият дар кишвари мо ҳар сол зиёда аз садҳо муассисаҳои зиёди таълимӣ бунёд ва аз нав сохта мешаванд, ки ин ҳама аз самара ва файзи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Истиқлол ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯст, бахусус, кормандони соҳаи маориф ва илм, хонандагону донишҷӯён ва наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, ин сарвату неъмати бебаҳо барои ҳар яки мо азизу муқаддас буда, онро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиром намоем. Бигзор, Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон то абад пойдору устувор бимонад ва бо шарофати он халқи тоҷик дар арсаи таърих ҳамеша ҷойгоҳи сазовору пурифтихор дошта бошад.

Масоили дигаре, ки Пешвои миллат диққати хоса зоҳир намуданд, ки “ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд.

Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан саҳмгузор бошад.

 

Бобозода А.А.-муаллими калони кафедраи ТИКБ                         

You might also like