МАОРИФ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ
Дар охири асри ХХ миллати тоҷик ба истиқлолияти миллӣ ноил гардид. Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки ба ҷои шукргузорӣ аз ин дастоварди бузург мардум ба гурўҳҳои мухталиф тақсим шуда, барои амалисозии манфиатҳои шахсии худ давлати ҷавонро қариб буд, ки бо дасти худ давлати тозаистиқлолро, ки нав истиқлолияти миллиро касб намуда буд, маҳв кунанд. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон ва нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ дар натиҷа талафотҳои бузурги маънавию ҷисмониро ба миён овард. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш дар ин бора қайд намуданд, “хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд”. Яъне, барои миллати тоҷик солҳои 90-уми асри ХХ давраи ниҳоят сангин буданд. Ба ҳамаи ин сахтиҳо нигоҳ накарда, фарзандони сарсупурдаи миллат бо дарки воқеии таҳдиди хатари нобудшавии миллат ва давлат баҳри бартарафсозии ҷанги бемаънӣ, ҷудоиандозии минбаъадаи халқ камари ҳиммат бастанд. Ин буд, ки санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳз ҳамин санаи таърихӣ хишти ибтидоии сулҳи тоҷиконро гузошт ва мардумро ба ояндаи нек дилгарм сохт, афроди ватандўстеро ба арсаи сиёсат ворид намуд, ки ҳар қадамаш барои наҷоти миллат, давлат аз вартаи нобудӣ буд. Воқеан, бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи музокироти тўлонӣ ва аз нигоҳи таърих хело кутоҳ, мардуми тоҷик ба ҷанг таҳмилии шаҳрвандӣ хотима дода, ба ивази силоҳ воситаҳои истеҳсолотро ба даст гирифтанд ва барои пешрафти кишвари худ камари ҳиммат бастанд.
Расидан ба сулҳу субот натиҷаи кўшишҳои тўлонии ҷонибҳо дар самти ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ҳамин буд, ки имрўз сулҳи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ чун мактаби нодири сулҳовар эътироф гаштааст. Дар ин самт борҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли қазияҳои дигар минтақаҳои даргир пешниҳод менамоянд, ки бояд аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода барем. Оид ба масъалаи мазкур низ дар Паёми Пешвои миллат ишора рафт, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Хушбахтона баъди расидан ба ваҳдати воқеӣ дар ҳаёти кишвар раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ мунтазам ба маҷрои худ ворид гадид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуда, дар зарфи сӣ соли истиқлолияти давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар натиҷа бунёди роҳҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои обии барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ба сомон расонида шуда, бомаром идома дорад. Тамоми пешрафтҳои имрўзаи кишвар бешубҳа ба ваҳдати миллӣ тавъам аст.
Бо баробари рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, соҳаи иҷтимоӣ низ рушд ёфта, ҳамасола зиёда аз 50 фоизи буҷети давлатӣ ба ин соҳа сарф мегардад. Тавре Пешвои миллат дар Паёми имсола қайд намуданд, ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муддати 30 соли истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.
Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи давраҳои таърихӣ омили пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ ва яке аз пояҳои муҳимми давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Рушду нумӯи ҳар як давлату миллат, ба вижа дар шароити муосир, ба сиёсати дурандешонаю пайгирона дар самти мактабу маориф, таҳкиму ташаккули низоми таҳсилот тибқи меъёрҳои муқарраршудаи ҷаҳонӣ вобастагии қавӣ дошта метавонад. Мактабу маориф дар шароити кунунии рушд ва ҷаҳонишавии низоми таҳсилот ва дастовардҳои беназири технологияи таълимию иттилоотӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми меҳвариро соҳиб мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, қайд намудаанд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.
Хушбахтона, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро ислоҳот ва ба меъёрҳою талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани низоми таҳсилот ташкил менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2005 дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф таъкид намуда буд, ки маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI мебошад ва ҳар яки моро водор менамояд, ки ба он бо тавҷҷӯҳи хос ва масъулияти баланд муносибат кунем.
Бинобар ин, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Тавре дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Кушода гардидани мактабҳои типи нав ва ҷараёни гирифтани усулҳои фаъоли таълими фанҳои гуногун дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузургеро ба вуҷуд овардааст. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд. Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Масъалаи ҳунаромӯзӣ ва соҳибкасбии шаҳрвандони кишвар пайваста кӯшиш менамоянд. Вобаста ба ин, дар Паёми навбатӣ Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намоянд ва ҷиҳати соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳо андешанд ва дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишварро соҳибкасб гардонанд.
Дар ҳақиқат, соҳаи илму маориф яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз рушду инкишофи он пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ вобастагии амиқ дорад. Имруз соҳаи маориф ба ислоҳот ниёз дорад. Самти муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар ин замина андешидани силсилаи тадбирҳо доир ба сохтмону барқарорсозӣ, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ аст. Дар ин раванд, мо бояд аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё ба таври васеъ истифода намоем ва рушди муназзами соҳаи маорифро таъмин намуда, мутахассиси рақобатпазирро дар бозори меҳнат тарбия намоем. Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки муаммоҳои соҳаи маориф объективона таҳқиқ гардида, тадбирҳои мушаххас баҳри бартараф намудани онҳо андешида шавад.
Ҳошимова Н.А.-ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ