Экстремизми динӣ ва оқибатҳои фоҷиаовари он дар ҷомеа
«Мардуми мо, хусусан ҷавонони мо бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоянд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва муҳимтар аз ҳама, нодида гирифтани майлу хоҳиш ва иродаи халқ ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад оқибатҳои фоҷиаборе ба бор оварад».
Эмомалӣ Раҳмон
Экстремизм падидае аст, ки пайравонаш дорои андешаҳои тундгароӣ, мавқеъгириҳои махсус дар ҷомеа доранд. Шахсони алоҳида, гуруҳҳо, созмонҳо ва ташкилотҳо метавонанд, ки ба экстремизм шомил гарданд. Бо ҳама намудҳояш: экстремизми динӣ, сиёсӣ, миллатгароӣ ва ғайра он барои ҷомеа хатарнок ва зараровар мебошад.
Гуруҳҳо, созмонҳо ва шахсони ба эктремизм шомилбуда мехоҳанд, ки сохти ҳукуматдориро вайрон кунанд, ҷамъомаду ҳамоишҳо ва гирдиҳамоиҳо ташкил карда, ғояҳои ифротии худашонро тарғибу ташвиқ намоянд. Хатари асосии экстремизм дар он аст, ки касе ки пайрави равияи экстремистӣ мегардад, аз баҳри риояи талаботи қонун мебарояд, барои онҳо содир кардани ҷиноят, бетартибӣ барои тарғиби ғояҳояшон боиси ифтихор дониста мешавад. Касоне, ки ба ташкилоти экстремистӣ шомиланд, онҳоро эктремист меноманд. Экстремистон барои расидан ба ҳадафҳои худ ба кирдорҳои ҷиноятӣ, ба куштор ва террор даст мезананд. Онҳо нисбати нафарони солимфикр, ки ғояи онҳоро ҷонибдорӣ намекунанд, зўроварӣ, хушунат ва таҳқирро раво мебинанд. Агар эктремизм дар доираи ғояҳои миллатгароӣ сар зада бошад, онҳо ба ғайр аз ирқу нажод ва миллати худ ба намояндагони миллатҳои дигар нафрат пайдо мекунанд. Экстремистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, нишонаҳо, парчамҳо ва дигар рамзҳои ташкилоти экстремистиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ташвиқ менамоянд. Барои паҳн кардани ғояҳои худашон варақаҳо, маҷаллаву китобҳо нашр мекунанд. Дар замони ҳозира бошад, экстремистон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба таври фаровон истифода бурда, дар байни ҷавонону наврасон идеологияи худро паҳн мекунанд, ки ин кор хатари ҷиддӣ ба мафкура ва ҷаҳонбинии ҷавонон доранд.
Хушбахтона, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти гуруҳҳо, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ манъ карда шудаанд, ки ба манфиати сокинони ҷумҳуриямон мебошад.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд таъкид кардаанд, ки эктремистон ва террористон миллат ва дин надоранд, ки барҳақ андешаашон дуруст аст.
Эктремистон ва ё худ тундгароён гарчанд ки андешаҳояшон нодуруст аст, лекин агар касе инро барояшон фаҳмониданӣ бошад, ўро душмани худ эълон мекунанд. Мутлақан эътиқод бар он доранд, ки маҳз андеша ва ғояи онҳо ҳақиқати маҳз аст. Масалан, аз ҷониби пайравони равияҳои экстремистии динӣ кофир эълон гаштани одамоне, ки намоз намехонанд ба ин мисол шуда метавонад.
Дар чанд соли охир экстремистҳо шабакаҳои иҷтимоиро ба монанди Фейсбук, Твиттер, Однокласники ва монанди инҳоро барои тарғиби ғояҳои худашон истифода мебаранд. Гоҳо чунин ҳам шудааст, ки барои ҷалби ҷавонон ба равияи худ маблағ ва ё ҷойи корро ҳам пешниҳод кардаанд. Агар ҷавон дорои мафкураи солим ва ё саводи кофӣ набошад, зуд ба доми тарғиботчиёни равияҳои экстремистӣ мефароянд. Экстремистон ҳар норасогӣ ва ё ҳолати нохуши иҷтимоии ҷавононро танқид карда, ваъдаҳо медиҳанд, ки барои ислоҳи ин ҳолат бояд ин ё он корро ба сомон расонанд. Агар равия экстремизми динӣ бошад, ба ў талқин мекунанд, ки фарзҳои динӣ на ба шакли анъанавӣ, балки ба таври барои тарғиботчиён муфид ба ҷой оранд.
Ба ҷавонон ва донишҷўён дар ин ҷо гуфтанӣ ҳастам, ки ҳангоми истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар нафари ношинос, андеша ва шахсияти ўро нашинохта ба робита ва мукотиба набароянд. Мафтуни суханҳои дар шабакаи иҷтимоӣ навишташуда, дилбохтаи фото ва ё видеонавори тарғибкунанда нагардида, ҳар гуфта ва пешниҳоди шахсони барояшон ношиносро таҳлил карда бароянд.
Дар ҳар сурат пеш аз он ки ба андешаҳои ифротгароӣ шарик шаванд, аз омўзгорон, аз шахсони рўзгордида пурсанд, ки дар бораи ин ё он ташкилот ягон чиз медонанд ва ё не. Агар барои иштирок ба ҷамъомад ва ё маҷлис ва амсоли инҳо даъват кунанд, андеша накарда танҳо ба ҷои даъваткарда рафтан лозим нест, ки ин хатарнок мебошад. Пеш аз рафтан ба чунин ҷойҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додан лозим аст.
Агар ба саҳифаи шумо хабар, маълумот сурат ва ё видеои характери тарғибкунандаи экстремизм пайдо шавад, кўшиш кунед, ки онро нахонед. Лайк гузоштан, ишора кардан ба он маънои онро дорад, ки бехтиёр шумо ба ин равия таваҷҷуҳ зоҳир намудаед.
Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ ҷазои муайян мавҷуд аст.
Беҳтарин роҳи фирефта нашудан ба тарғиботи экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ умуман ҳамсуҳбат нагардидан бо шахсони ношиноси шубҳаовар мебошад.
Махсусан, дар мавриди вазъи кунунии Хоруғ ахбороте аз ҷониби гурӯҳҳои ифроттӣ паҳн шудааст, ки ҳама ба муқобили манфиатҳои миллии мо ҳастанд.
Аз Бадахшон то Зарафшон, то Ҳисору Суғду Хатлон ҳама соҳиби ин давлату ин миллатем, ки номаш Точикистон аст. Аз ин рӯ , ба иттилооти баъзе ифротиёне, ки кӯшиш доранд, байни мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо нофаҳмию нооромиро ба миён оранд, бовар накунем. Онҳо низ бояд дар хотир дошта бошанд, ки имрӯз Сулху Ваҳдати миллии мо устувору пойбарҷост, ҳушёрию зиракии сиёсӣ мақсаду мароми мост. Вале, бо ин ҳамаморо зарур аст, ки ба манбаъҳои расмии иттилоот такя намоем ва эътимод ба расонаҳои ахбори давлатӣ дошта бошем. Ахбороте, ки аз ҷониби ташкилотҳои ифроттӣ паҳн карда мешаванд, ҳақиқате надоранд, аз ин лиҳоз ба иғвои душманони хориҷӣ бовар накунем ва суботу оромии кишвари худро ҳифзу ҳимоя намоем. Бадахшон,ки Дарвозаи тиллои Тоҷикистон ном дорад, барои тоҷику точикистониён чун ҳар як ваҷаб хоки Ватан ва марзу буми он муқаддасу муқаддам аст.
Барои он ки шахс комилан андеша ва ғояҳои экстремистиро таҳлил карда, пайрави он нагардад, бисёртар мутолиа кардан зарур мебошад. Бесабаб, китобҳои хубро дўсти беминнат ва аниси кунҷи танҳоӣ нагуфтаанд.
Раҳмонова Н. Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ