ДДҲБСТ: Маҳфилҳои илмии донишҷӯён ҷоннок мегардад
02 декабри соли 2021 бо ибтикори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили илмии байнидонишгоҳии донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” якҷоя бо кафедраи барномарезии МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва баргузор карда шуд. Дар кори ин маҳфил намояндагони раёсати донишгоҳ ва садорати факултет, устодон ва донишҷӯёни факултети инноватсия ва телекоммуникатсия, донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.
Дар оғоз иброз шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат ба рушду нумуи илм диққати хоса медиҳанд ва басо рамзист, ки солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудаанд. Маҳфили мазкур низ бо мақсади амалинамоии ҳамин раванд доир мегардад.
Дар идома,роҳбари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра – “Таълифгари беҳтарин” ассистент Ғафурҷонова М.А. маърӯза намуда, дастовардҳои навтарини аъзоёни маҳфилро муаррифӣ намуд. Қайд шуд, ки маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Таълифгари беҳтарин” донишҷӯёни фаъол, соҳибдониш ва ихтироъкору навовар ҷалб шуда, бо корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мешаванд. Онҳо нафақат савияи дониши худро баланд мебардоранд, балки маҳорату малакаи касбии худро такмил дода, аз таҷрибаи дигарон низ баҳравар мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳама кафедраҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфилҳои илмӣ фаъолият доранд ва дар он донишҷӯён бевосита дар мавзӯҳои мухталиф маърӯзаҳои илмӣ омода карда, баромад менамоянд ва байни ҳам баҳсу мунозираҳои илмӣ доир месозанд.
Дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ маҳфили “Дипломатҳои ҷавон” амал менамояд, ки ин навбат мавзӯи он “Мактаби нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд.
Зимни баргузории маҳфил донишҷӯён иброз намуданд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ нақши муассир дорад.
Инчунин, дар кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Сиёсатшиносони ҷавон” дар кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ маҳфили илмии “Ҷавонон ва масъалаҳои таълим, тарбия ва илм: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он”, дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа маҳфилии илмии донишҷӯён бо номи “Соҳибкор”, дар кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ маҳфили “Конститутсионалист”, инчунин дар кафедраи маркетинг-агробизнес маҳфили илмии”Агробизнес”, ҳамчунин дар кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Сивилист”ва дар кафедраи забони тоҷикӣ маҳфили илмӣ таҳти унвони “Суханвар” ташкилу баргузор гардиданд.
Дар ҳар маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо асосан донишҷӯён дар мавзӯҳои алоҳида маърӯзаҳо омода намуда, баромад мекунанд. Маҳфилҳои илмӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар баррасии мавзӯҳои алоҳида кӯшиш намуда, баҳсу мунозира байни ҳамдигар ва мулоҳизарониву суханвариро омӯзанд.
Баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар дигар кафедраҳои донишгоҳ идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











