БА ГУРЎҲБОЗӢ ХОТИМА БОЯД ДОД
Бино ба иттилои дарёфтӣ, 14 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зоҳиран ором ва бидуни кадом ҳаводиси фавқулодда сипарӣ шуд, вале ташвишу нигарониҳо дар бораи вазъи амниятии ин минтақа дар ҳоли афзоиш аст.
Мо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри оромӣ ва пешрафтани ватани маҳбубамон пайваста заҳмат кашида истодаем. Ҳар як фард дар ҷои кории худ барои пешрафтани кишварамон кўшида истодааст. Фикри пок, амалҳои солеҳ ва албатта дилу нияти тоза моро ба ободиву оромии ватанамон мерасонад. Мо мардуми ин диёр ба ин арзишҳо боварии комил дорем. Лекин то ҳол будаст нафароне, ки аз дарси талхи таърихи начандон кўҳнаи солҳои аввали истиқлолият сабақи лозима нагирифтаанд.
Барои ҳар яки мо оромиву осудагии ватан бояд қиммат ва пешрафтани он мақсади оммавӣ бошад. Аз чӣ бошад, баъзе нафарон то имрўз зиракии сиёсиву дурандеширо ба худ касб накардаанд. То ҳол гўё солҳои 90-ум барин «лидерҳои» минтақаҳои гуногун худро вонамуд мекунанд.
Татиботи ҷамъиятӣ дар асоси эҳтиром ва риояи бе чуну чарои қонун ва дар маҷмўъ қонуният арзи вуҷуд дорад.
а) ягонагии конуният дар микёси тамоми давлат. Ин чунин маъни дорад, ки амал ва талаботи конунхо дар тамоми каламрави давлат ягона буда, хамаи конунхо ва санадхои хукуки бояд аз чониби шахрвандон ва ташкилоту корхонахо дар саросари кишвар дакик ичро карда шаванд.
б) волоияти конун. Яъне конунхое, ки аз ҷониби макомоти олии хокимияти давлати қабул карда мешаванд, дорои эътибори олии ҳуқуқи мебошанд. Ҳамаи санадҳои ҳуқуқие, ки аз тарафи мақомоти дигар қабул карда мешаванд, набояд ба қонунҳое, ки мақомоти олии давлати кабул мекунанд, мухолифат дошта бошанд.
в) хатми будани талаботи конун барои хамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ. Ин чунин маъни дорад, ки қонун барои ҳама вуҷуд дорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд. Хар шахсе, ки қонунро вайрон мекунад, сарфи назар аз вазифаи ишғолкарда ва шахсияташ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
г) ҷорӣ кардани назорати қатъӣ аз болои риояи қонун. Ҳисси масъулият, бечунучаро иҷро кардани қонунҳо аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон аз мавҷудияти қонун дар ҷомеа да- рак медихад, зеро хамеша дар назар доштан зарур аст, ки конуни мо оила ва ояндаи фарзандони моро ҳифз менамояд. Риояи қонун, пеш аз ҳама, ба онҳое, ки аниқ иҷро шудани онро таъмин менамоянд, ҳатмӣ мебошад. Ба ибораи дигар гуем, аз коргари оддӣ то шахси мансабдори болои вазифадор аст, ки қонунро бечунучаро риоя намояд. Бинобар ин, дар Конститутсияи давлатамон (моддаи 10) дарҷ гардидааст, ки «Давлат ва хамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиходияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».
Дар хулоса қайд намуданиам, мо бояд манфиатҳои умумимиллии хешро дар маддӣ аввал гузорем, аҳлу тифоқ шавем. Ба гурўҳбозӣ роҳ надиҳем, зеро ин иллат моро ба нобудӣ мебарад.
Солиев И.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ