ХАБАРҲОИ БЕМАЗМУНУ БЕАСОС ОРОМИИ ҶОМЕАРО НАБОЯД ХАЛАДОР СОЗАД
Дар шароити имрўза тарғибу ташвиқ ва ба амалоии бесару сомониҳои гуногуни байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии берунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади онҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба амал бароварда, сарнагун намудани сиёсати давлатдории ҷумҳуриҳои озодихоҳ ба ҳисоб меравад.
Ин гуна қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, иғвоангезанда шомил мешаванд. Дар натиҷаи ин гуна амал иштирокчии чунин хизбҳои террористӣ мегарданд.
Мутаассифона кишвари мо низ аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва кирдорҳои он холӣ намебошад. Ба онҳое, ки таҳриргари ин ҳизбҳои террористию экстримистӣ мебошанд аз куҷо ва кӣ будани шаҳрвандони дорои маърифтаи пасти ҳуқуқидошта ва роҳгумзада аҳамияте надорад. Ҳадафи онҳо боз ба вартаи бесарусомонӣ ва ба ваҳшоният кашидани инсонҳои зиёди сайёра шуда истодаанд.
Ҳолати мазкр бевосита дар рафтори шахсони алоҳида, ки дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд, мехоҳанд ба фаъолияти мақомоти қудратӣ, идоракунии давлатӣ, судии бисёре аз кишварҳо таъсири худро расонанд, ба амал бароварда мешавад. Гумон мекунанд, ки иғвогарии онҳоро ягон кас намефаҳманд, ё дар ин соҳа дониши кофӣ надоранд.
Имрўз мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ, шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунем, фаъолияти касбии соҳавӣ мебарем, мехоҳем давлати ҳуқуқбунёд пойдории давлатдории мо боқӣ монад, рушд кунад. Дар айни замон бо пайравии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат мо имрўз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта шудаем. Дар ин ҷода оиди дастовардҳои зиёде, ки имрўз ба онҳо ноил гардидаем ва аз он ифтихор мекунем бисёр сухан гуфтан мумкин мебшад, ва онҳо айёнанд. Тавре дар урфият мегуянд: “ҳар он чизе ки айён аст ҳоҷат ба баён нест”.
Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом намуди дин пайравӣ мекунанд, баробарҳуқуқ мебошанд. Тавре медонем дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар кишвар бо вуҷуди он ки аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон пайрави дини ислом буда, онро муқаддас мешуморанд ва аз ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Баробари ҳамин, ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон аз давлат ҷудо буда, ба кори давлат дахолат намекунанд.
Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад. Тавре аз меъёрҳои конститутсионӣ бармеояд, хисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ва садоқати халқ ба Ватан, сулҳу ваҳдат, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдоди гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Самадов Б. О. – дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ