Конференсияи ҷумҳуриявӣ
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 10 декабри соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ–назариявиро дар мавзўи «Саноатикунонии босуръат – асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Барои иштирок дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Ҳадафи конференсия: ташкили муҳокимаи конструктивӣ оид ба масъалаҳои назариявию амалии таъмини саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ
Дар доираи конференсия муҳокимаи мавзўъҳои меҳварии зерин пешбинӣ мегардад:
· Рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ;
· Манбаъҳои молиявии саноатикунонии босуръат дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
· Такмили менеҷменти корхонаҳои саноатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ;
· Таъмини сармоягузории саноатикунонии босуръат дар иқтисодиёти миллӣ;
· Асосҳои институтсионалии (институтҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ташкилӣ) саноатикунонии босуръат ва такмили онҳо;
· Омилҳои таъсиррасон ба механизмҳои ташаккули иқтисоди инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
· Афзалиятҳо дар танзими давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
· Рушди соҳибкории саноатӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
· Хатарҳои ҷаҳонӣ ва рушди модели инноватсионӣ;
· Танзими андозию буҷетии рушди саноатию инноватсионӣ;
· Фаъолнокии инноватсионии сохторҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ ба кумитаи тадорукот то санаи 20 ноябри соли 2021 пешниҳод намоянд.
Матни мақола бояд бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр 1,5 мм бо истифодаи ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ – Times New Roman), шрифти 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад.
Ҳаҷми мақола набояд аз 5 саҳифа (формати А4) зиёд бошад.
Мақола дорои навгонии илмӣ буда, набояд қаблан нашр шуда бошад.
Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо) –и мақола бо зикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шавад.
Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф кунад.
Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рўйи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд.
Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 таҳия карда шаванд.
Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ѓалат тоза бошад.
Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).
Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дўши муаллифон мебошад.
Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Нишонии электронӣ барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё мустақиман ба нашриёт (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1, утоқи 309).
Телефон барои иртибот: (83422) 2-31–63