Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол»
Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиѐсати Тоҷикистон санаи 12 ноябри соли 2021 таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони
соҳибистиқлол» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор менамояд.
Мавзӯъҳои меҳварӣ:
- Саҳми Пешвои миллат дар рушди сиѐсати доихилӣ ва хориҷии Тоҷикистон.
- Рушди сиѐсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол.
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.
- Ташаккулу инкишофи мърифати сиѐсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун заминаи рушди ҷомеа демократӣ.
- Тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ дар байни ҷавонон.
- Нақши занону бонувон дар рушди соҳаҳои ҳаѐти ҷомеа.
- Саноат – заминаи асосии рушди иқтисоди миллӣ.
- Рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ.
- Таъмини амнияти озуқаворӣ – омили некӯаҳволии шаҳрвандон.
- Омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риѐзӣ дар кишвар.
Талабот ба мақолаҳои барои чоп пешниҳодшаванда:
Ø Мақола бояд ба мавзӯи конфронс мувофиқ бошад:
Ø Мақола набояд қаблан нашр ѐ барои нашр ба дигар конференсия ва нашѐритҳо ирсол гардида бошад;
Ø Мақола таҳриршуда бошад ва он дар таҳрири муаллиф нашр мегардад. Масъулияти хатогии техникӣ, имлоӣ ва дигар нуқсонҳо дар матн ба зиммаи муаллиф (муаллифон) вогузор карда мешавад;
Ø Ҳаҷми мақола аз 7 саҳифа зиѐд набошад;
Ø Дар матн иқтибос аз адабиѐт дар қавсҳои чоркунҷа ба таври [4, с.122] нишон дода шавад;
Ø Иқтибос бояд дар нохунакҳо оварда шавад;
Ø Матни мақола бояд дар матни MS Word ҳуруфчинӣ (ҳошияҳо аз ҳама тараф 2 см.),
ҳуруфи Times New Roman, Times New Roman Tj бо андоза 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 бошад;
Ø Рӯйхати адабиѐт дар охири матн, баъд аз калимаи «Адабиѐт», бо тартиби алифбо омода шавад;
Ø Мақола на зиѐда аз 2 муаллифро дар бар гирад;
Вижагиҳои мақола:
Ø Сатри якум – номи мақола бо ҳарфҳои калон бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
Ø Сатри дуюм – насаби муаллиф, ном ва номи падар бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
Ø Сатри сеюм – номи ҷои кори асосӣ (ҷои таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни
саҳифа.
Ø Дар охири мақола баъди рӯйхати адабиѐт бояд маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа (бо забони мақолаи
пешниҳодшуда) оварда шавад.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
Тартиби пешакии кори конференсия:
12 ноябри 202, 1 09:00-12:00 Ҷаласаи пленарӣ
13:00 – 17:00 Ҷаласаҳо дар бахшҳо
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯи мақолаҳо нашр мегардад.
Дархост барои иштирок ва матни мақола дар шакли электронӣ бояд то санаи 31.10.2021 с. ба нишонии электронии E-mail: hhdtsugd@mail.ru пешниҳод гардад.