МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТ БА ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН

Кулли мардуми бофарҳангу маданияти баланддошта имрӯзҳо дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои ноил гаштан ба ормонҳои худ – сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон пайваста меҳнати софдилона карда истодаанд.

Тоҷикистон ва мардуми он бо роҳбаладии Пешвои худ барои тинҷию оромии давлатамон ва давлатҳои ҳамсоя ҳамешагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Борҳо Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд аввалинҳо шуда, доир ба қазъяи Афғонистон баромад намуда, созмонҳои бузурги ҷаҳонро огоҳ намуда буданд, ки бояд ҳарчи тезтар барои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон чораҷӯӣ карда шавад.

Исботи ин гуфтаҳо ва бетараф набудани давлати Тоҷикистон ин аз он шаҳодат медиҳад, ки 80 нафар шаҳрвандони гурезаи Афғонистонро, ки ба Тоҷикистон гузаштанд, онҳоро бо манзил ҷой доданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишварамон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимӣ мехоҳанд ва кӯшиш бар он медиҳанд, ки дар давлатҳои ҳамсарҳад ва умуман дар ҷаҳон сулҳу субот бошад ва тамоми мардуми кураи Замин орому осоишта дар зери осмони софу беолоиш умр ба сар баранд.

Лекин, ашхосоне пайдо ҳастанд, ки ин неъматҳои бебаҳоро нодида гирифта худашон аз уҳдаи ягон кори нек намебароянд ва худтарошӣ низ мекунанд.

Бар замми ин дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро чашми дидание надоранд ва аз ин нороҳат ҳам мешаванд. Чунки онҳо дар айни замон Ватан низ надоранд. Лекин, дар Ватани азизу меҳрубони моён таваллуд шудаанд.
Боиси таассуф аст, ки чунин ашхошон бо кӯмаку дастгирии аҷнабиён барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, зиддияти иттилоотиро пешаи худ кардаанд. Албатта, чунин ашхос дар як гурӯҳи террористию ифротгаро бо номи ТЭ ҲНИ амалӣ карда, мехоҳанд ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли оилаи хешро дар назди халқу миллатамон сархаму шарманда месозанд. Ин қадар муборизаи онҳо ин дигаргунии сохти конститутсионї дар давлат, њокимият ва тасарруфи салоњияти он, ангезонидани наљотпарастї, миллатгарої, бадбинии иљтимої ва мазњабї мебошад. Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷавонон ин дониш ва зиракии сиёсӣ надоштани онҳост.

Лекин, чунин афродони разил ба ин мақсади нопокашон ҳеҷ гоҳ намерасанд. Чунки, Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди донишманди он дигар он мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нестанд. Ва намегузоранд, ки чунин гурӯҳҳову нобакорон ин Ватани азизамонро ноорому нотинҷ кунанд.

Имрӯз моро зарур аст, ки бештар бо ҷавонон корбарӣ намуда, онҳоро ба китобхонӣ, донишандӯзӣ, ҳар гуна озмуну чорабиниҳо ҷалб намоем. Агар ҳар як инсон бо ақли худ рафтор кунаду иродаи қавӣ ва зиракии сиёсӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ ба ин гуна роҳ намеравад. Зеро ифтихори ватандорӣ аз тамоми ифтихорҳо болотару ширинтар аст.

Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ                         

You might also like