ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Таъмини амнияти байналмилалӣ, аз байн бурдани падидаҳои номатлуби умумиҷаҳонӣ, қонеъ намудани ниёзҳои дохилидавлатӣ вобастагии байниҳамдигарии давлатҳоро равшантар сохта, зарурати ҳамкориҳои гуногунсамтаро тақозо менамояд. Тоҷикистон низ ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Гарчанде дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги дохилӣ ба рушди сиёсати берунаи Тоҷикистон монеа гардида бошад ҳам, вале зарурати ба роҳ мондани гуфтушуниду ҳамкориҳо бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани «сулҳи тоҷикон» ба ташаккули мактаби нави сиёсати хориҷии кишвар мусоидат намуд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари тозаистиқлол барои аъзо гардидан ба созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати ҳаллу фасли муаммоҳои дохилӣ зарурати барқарорсозии равобити дипломатӣ бо субъектони муносибатҳои байналмилалиро хуб дарк менамуд.

Амалан дар даҳаи якуми соҳибистиқлолӣ мактаби сиёсати хориҷӣ ташаккул ёфт ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ стратегияи дарозмуддати ҷавобгӯ ба ниёзҳои манфиатҳои миллӣ лозим буд. Оғоз аз соли 2002 дар самти сиёсати хориҷӣ «сиёсати дарҳои боз» эълон гардид, ки дар асоси он Тоҷикистон принсипи ҳамкориҳои худро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ муайян намуд. Тоҷикистон бо қабули Конститутсия соли 1994 руҳияи ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мушаххас намуд. Чуноне ки дар моддаи 11-и Конститутсия омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Аммо дар марҳилаи нави рушди кишвар ба таври махсус эълон доштани принсипи равобит ва ҳамкорӣ бо субъектони муносибатҳои байналмилалӣ ба миён омад.

Аз ин рӯ, соли 2002 сиёсати хориҷии кишвар ҳамчун сиёсати «дарҳои боз» эълон карда шуд. Сиёсати дарҳои кушод ин ҳамон сиёсати маҳдуд нашудан ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи башарӣ буданро ифода мекард, ки ҳанӯз Саъдӣ онро дар мисраи «Бани одам аъзои якдигаранд» ифода намудааст.

Дар ин давра Тоҷикистон баробари рӯ овардан ба ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя ва созмонҳои минтақавиро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии хеш муқаррар намуда, ҷиҳати тақвияти равобити дипломатӣ бо онҳо дар раванди таъсис ва фаъолияти созмонҳои минтақавӣ саҳми муайян гузошт. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар таъсис ва рушди фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон ба таъсисёбии он 20 сол пур гардид, нақши назаррас дорад. Созмони Њамкории Шанхай аз љумлаи нињодњои минтаќавї аст, ки дар солњои нисбатан кўтоњ тавонист бо фаъолияти худ љойгоњи ќобили мулоњизае дар раванди тањаввулоти минтаќавї ва байналмилалї касб намояд[6, c.148].

Имсол Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба давраи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад, ки он аз як нигоҳ басо рамзӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъол СҲШ ин навбат низ аз давраи Раёсатии худро дар созмон бо сари баланд ва бо иҷрои корҳои чашмрас анҷом хоҳад дод. Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай имкон фароҳам меорад, ки дар чанд самт дар ин давра амалҳои мушаххас сурат гиранд, то фурсати мавҷуда барои ҳамкориҳои минбаъда бо аъзоёни созмон заминаи мусоид фароҳам орад. Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки моҳи декабри соли 2020 ба таври онлайнӣ баргузор гардида буд, Роҳбари давлат назари хешро нисбати баррасии масъалаҳои минбаъда манзур доштанд. Дар умум масъалаҳои асосӣ – таъмини суботу амният дар минтақа, ҳалли мушкилотҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуби замони муосирро дар бар мегиранд, ки ҳар яке аз онҳо ба сарнавишти вазъи сиёсии имрӯзу фардои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вобастагии амиқ дорад.

Дар тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамкориҳои берунаи Тоҷикистон бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бисёр муҳим мебошад. Ҳамкориву равобитҳои дипломатӣ, аз як ҷониб, барои муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи минтақаю ҷаҳонӣ хизмат намояд, аз тарафи дигар, он барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар амалӣ сохтани лоиаҳои хурду бузург, ки дар маҷмӯъ барои дар амал тадбиқ ёфтани стратегияҳои давлатӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.       Дар тадбиқи чор ҳадафи стратегии кишвар, ки дар маҷмӯъ ба пуррагӣ амалӣ шудани онҳо ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардум, рушди иқтисодиёти миллӣ ва боз ҳама таҳким ёфтани истиқлоли давлатӣ ва эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд, ҳамкории густурда ва мутақобилан судманд бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз чанд ҷиҳат бисёр ҳам муҳим мебошад. Якум, аксари кишварҳои аъзои СҲШ давлатҳои дорои неруи бузурги иқтисодиву молиявӣ мебошанд. Дуввум, Тоҷикистон аз ҷиҳати ашёи хом ва қувваи кории арзон барои ҳар як кишвари сармоягузор мувофиқ мебошад. Севвум, боз ҳама беҳтар гардидани шароити иҷтимоии мардум то ба дараҷае ба таҳкими суботу амнияти минтақавӣ низ таъсири мусбӣ мерасонад. Чорум, тавонбахшии як кишвари аъзо иқтидори иқтисодӣ ва зеҳнии созмонро боз ҳам тақвият мебахшад.

Дар умум дар давраи 30-соли Истиқлоли давлатӣ мактаби сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташаккул ёфт, ки дар он хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори ин мактаб бисёр ҳам назаррас мебошад. Рушди минбаъдаи сиёсати хориҷӣ, ки он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии дохилии кишвар нақши хосса дорад, аз тадбиқи консепсияи сиёсати хориҷӣ, авзои сиёсии ҷаҳон, донишу малакаи ходимони дипломатӣ ва дар маҷмӯъ аз кулли шаҳрвандон, махсусан ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Берун аз Тоҷикистон ҳар нафар шаҳрванд барои хориҷиён ҳамчун ба симои он давлат назар менамоянд, ки метавонад дар муаррифии шоистаи ватани худ саҳми муносиб гузорад.

 

Саидзода Ш.Ш.,- н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like