СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ СҲШ- ИНЪИКОСГАРИ ВОҚЕЪИИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАЮ СУЛҲОФАРИН МУНОСИБАТ БО ВАЗЪИ АФҒОНИСТОНИ МУОСИР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24.09.2021с.) аз ҷумла қайд намуданд: таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад. Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад. Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст. Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд. Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем. Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд. Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад. Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад. Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.
Яъне мо, зарур медонем, ки сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад. Тайи ҷанги таҳмилӣ ва нооромии беш аз чилсола, ки мардуми Афғонистон барои ба вуҷуд омадани чунин вазъият гуноҳе надоранд, Афғонистон ба майдони бозиҳои геосиёсӣ мубаддал гардид ва аз оқибатҳои он тамоми ҷаҳон аз тариқи ҳодисаҳои мудҳиши сентябри соли 2001-ум хуб огоҳ аст. Афғонистони ҷабрдида ва миллати ба мо дӯсту бародари он набояд дигарбора ба вартаи ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба тақдири қавму миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад. Чунки онҳоро роҳи дарози пур аз мушкилоти ҳарбиву башарӣ, ки дар натиҷаи қарори бемулоҳизаи баровардани нерӯҳои хориҷӣ аз ин давлат пайдо шудааст, интизор аст. Мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошем ва минбаъд низ дар ин мавқеи хеш устувор хоҳем монд.
Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад. Тоҷикистон борҳо аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, даъват карда буд, ки ба мардуми Афғонистон кумаки фаврии худро расонанд. Мо бар ин назарем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст.
Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Дар ин ҳолат, сухан дар бораи қатли оми мардуми осоишта, собиқ кормандони нерӯҳои амнияти миллӣ ва хизматчиёни давлатии Афғонистон меравад. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд. Ҳоло мо шоҳиди аз маҳбасҳо озод шудани ҳазорон аъзои ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошем. Яъне ҷойи нигаронӣ ва таассуф аст, ки имрӯз Афғонистон дар роҳи бисёр хатарзои дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил ёфтан қарор дорад. Тоҷикистон, ки бинобар мавқеи ҷуғрофии худ дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дорад, бо идомаи саъю талошҳои худ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии онҳо дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро дар ин раванд зарур мешуморад.
Тоҷикистон ба манзури таъмини сулҳу суботи пойдори сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ менамояд.
Татбиқи муваффақонаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати таҳияву қабули Стратегияи нави муқовимат ба терроризму ифротгароӣ дар Тоҷикистон барои панҷ соли оянда заминаи мусоид фароҳам овард.
Муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки даромад аз муомилоти онҳо яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, иқдомҳои муштарак ва талошҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир барои давраи то соли 2020 дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ касб кардааст, дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ҳиссагузор аст. Бо дарназардошти равишу усулҳои муосири мубориза бо ин зуҳурот ва ба мақсади пиёда кардани сиёсати самарабахш дар ин самт нимаи аввали соли ҷорӣ мо Стратегияи миллиро оид ба назорати маводди нашъаовар барои солҳои 2021 – 2030 қабул намудем.
Мо дар Тоҷикистон қадру қимати сулҳ ва зарурату аҳаммияти ҳимояи онро хеле хуб дарк мекунем. Мо аз таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин росто қаноатмандем. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон ҳамеша аз фаъолияти сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ кардааст ва минбаъд низ саъю талош хоҳад кард, ки дар барқарорсозӣ ва пойдории сулҳу субот дар минтақаҳои гирифтори низоъ саҳмгузор бошад. Мо азм дорем, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Департаменти амалиётҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид шумораи афсарони худро барои ҳиссагузорӣ дар ин раванд зиёд намоем. Гузашта аз ин, ба мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи аҳдофу вазифаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ ва барқарор кардани сулҳу суботи комил аз тариқи музокирот мо тасмим гирифтем, ки номзадии кишвари худро барои касби узвияти ғайридоимӣ дар ин Шӯро барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем. Мо, дар ин росто, омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милал буда, умедворем, ки онҳо аз номзадии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳанд кард.
Ташаббусҳои Пешвои муаззами мо вобаста ба қазияи Афғонистон бори дигар собит менамояд, ки Созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама СММ бетавофут набошанд, чунки ҳаракати толибон дар аксарияти давлатҳои ҷаҳони имрўза ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф шудааст, лекин баъди ба сари қудрат омадани онҳо муносибат бо онҳо нармтар ва наздиктар шуда истодааст. Террорист бо амалҳои зиддиинсонии худ (куштори мардуми бегуноҳ, ғоратгарӣ ва ғ.) ислоҳнопазир аст. Фақат вокуниши қишрҳои солими ҷомеа, давлатҳое, ки ин ташкилотро (толибонро) экстремистӣ-террористӣ эълон кардаанд, метавонанд пеши роҳи паҳншавии бо чунин усул ба сари қудрат омаданро гиранд. Агар ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки намояндаҳои тамоми қавму миллатҳои Афғонистон ба инобат гирифта нашаванд, ҷаҳлу ҷаҳолати толибон ба дигар давлатҳо паҳн мегардад. Аз маҳбасҳо озод кардани тарафдорони ДОИШ ва дигар ташкилотҳои мамнўъи экстремистӣ-террористӣ ба боз ҳам печида гардидани вазъият нафақат дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ балки барои тамоми минтақаҳои ҷаҳон мегардад. Поймол гардидани ҳуқуқи занҳо аз ҷониби толибон ба дар оянда боз ҳам авҷ гирифтани сатҳи ҷаҳолати асримиёнагӣ дар минтақа мегардад, чунки толибон дар ин ҳолат ба ғайр аз бо силоҳи оташфишон таҳдид намуда сиёсати худро роҳандозӣ намуданашон, боз диверсияҳои идеологиро дар давлатҳои алоҳида, пеш аз ҳама бо ҳамсоядавлатҳо ташкил ва баргузорӣ менамоянд. Барои ҷорӣ намудани он принсипи муносибати духўра ва стандартҳои духўра ҳамчун замина баромад менамояд. Созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ИМА, СҲШ ва СААД ва ғ.), давлатҳое, ки (Россия, Хитой, Узбекистон, Қирғизистон ва ғ.) толибонро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон намудаанд,ба ақидаи мо, бояд бо онҳо ҳамчун экстремист-террорист муносибат намоянд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба расмият нашиносанд. Музокирот бо намояндаҳои толибон бояд фақат бо мақсади таъсиси ҳукумати фарогир, истиқрори сулҳ дар Афғонистон бошад.
Пўлотов К.И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ