Қазияи Авғонистон – яке аз масъалаҳои муҳими маърӯзаи сарони давлатҳои аъзои СААД ва СҲШ
Дар воқеъ танҳо ҷаласаҳои санаҳои 16-17 –уми сентябрии Душанбе (СААД, СҲШ ва музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон Имрон Хон) нисбати қазияи Авғонистон таваҷҷӯҳи сарони кишварҳои минтақаро ҷалб намуд. Бояд махсус мавқеи калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кӯшиши ҳалли бӯҳрони сиёсӣ ва қазияи Авғонистон зикр намуд. То санаи дар боло зикршуда фикру андешаҳои мамлакатҳои минтақа нисбати қазияи Авғонистон гуногун буда, ҳамаи онҳо пеш аз ҳама ба “луқма”-и манфиатҳои хеш буд. Танҳо ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи мустаҳкам нисбати ин масъала дошту халос. Бо ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат буданашонро исбот намуданд, ки на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин тоҷикони дунё, аз ҷумла тоҷикони Авғонистон низ чунин мешуморанд.
Аз маърӯзаҳои сарони давлатҳои аъзои СААД ва СҲШ маълум шуд, ки масъалаи мубрами ҷаласаҳои мазкур ин қазияи Авғонистон буд, вале нисбати ҳалли ин муаммои сиёсии минтақа аз ҷониби ягон давлатҳо, ба ҷузъ Тоҷикистон мавқеи аниқ ва чораҳои мушаххас пешниҳод нашуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист манфиатнокии мавқеи худро ба мамлакатҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Покистон расонад. Дар музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон Имрон Хон ақидаҳои созандаи Тоҷикистон пазируфта шуда, оид ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар натиҷаи муҳими музокирот арзёбӣ мегардад. Ин дастовард, барои боздошти хунрезӣ ва минбаъд дар мӯҳлати камтарин барои ҳал кардани низоъ бо тариқи муколама пояи мустаҳкам мегузорад.
Бояд нисбати мавқеи Тоҷикистон барои ташкили ҳукумати фарогири тамоми гурӯҳҳои манфиатхоҳ, инчунин гурӯҳҳои этникӣ дар Авғонистон зикр намуд, ки бе ин нуқта дар оянда ташкили ҳукумати самаранок ва ҳалли низоъ дар ин мамлакат имконнопазир мебошад. Ҳангоми муайян намудани ҳиссаи ин ё он гурӯҳҳои этникӣ ва миллатҳо нишондиҳандаҳо аз тарафҳои манфиатхоҳ гуногун баён мешаванд. Албатта, дар Авғонистон солҳои зиёд барӯйхатгирии фарогири ҳамаи минтақаҳо гузаронида нашудааст. Ҳиссаи асосии аҳолии Авғонистонро сарчашмаҳои мухталиф паштунҳо ва тоҷикон (тоҷикон аз 28 то 46 %) ташкил мекунад. Хоҳ но хоҳ норозигӣ байни миллатҳои мухталиф сар мезанад, ки бе ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ дар ташкили ҳукумати оянда оромӣ ва суботи Авғонистон номумкин аст. Далели гуфтаҳои боло ҳам далелҳои таърихӣ ва воқеӣ мебошанд, масалан мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб мисли Испания, Британияи Кабир ваҳо казо… Мисоли дигар, шарқи Украина, ки яке аз сабабҳои муноқишаи тӯлонӣ ин маҳс русҳо будани аҳолӣ мебошад.
Ин яке аз сабаби калидии мавқеи Тоҷикистон нисбати қазияи Авғонистон мебошад. Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати муаммоҳо ва мушкилоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Авғонистон мунтазам нигаронӣ карда, доимо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мамлакатҳои ҳамсояро хушдор намуда, барои ҳалли муаммоҳо ва расонидани кӯмаки мухталиф даъват ба амал меоварданд. Танҳо сиёсати созанда ва нияти неки сарвари давлати дигар нисбати халқу миллати Авғонистон таваҷҷӯҳи доимиро пайдо мекунонад, ки танҳо Эмомалӣ Раҳмон ғамхори Авғонистон буданд, ин бешубҳа далели таърихии ҷаҳонӣ мебошад.
Каримов Р.А., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ