Қудратнамоӣ роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон нест!
Рўзи 17-уми сентябр Шўрои сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ш. Душанбе баргузор карда шуд. Дар доираи он масъалаҳои мухталифи сатҳи минтақавӣ ва байналхалқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла яке аз муаммоҳои муҳими баррасишуда ин мушкилоти кунунии Афғонистон буд, ки имрўз дар ҳолати бўҳронӣ қарор дорад. Албатта, мавқеъгирии кишварҳои аъзои СҲШ нисбати мушкилоти Афғонистон якранг набуд. Ғолибан сарони кишварҳои аъзои СҲШ масъалаи барқарор намудани ҳамкорӣ бо толибон ва шинохти онҳоро ба миён мегузоштанд. Яъне онҳо ҳукумати минбаъдаи толибонро дар Афғонистон ҳамчун як воқеияти рўз шинохта, амният, субот ва рушди минбаъдаи ин кишварро дар ҳамкорӣ бо ин нерўи сиёсӣ дидан мехоҳанд. Ба андешаи мо мушкили асосӣ дар ҳалли қазияи Афғонистон маҳз дар он аст, ки маъмулан субъектҳои берунӣ аз мавқеи қудрат ба масъала нигоҳ мекунанд. Чунин навъи муносибат боис мегардад, ки манфиатҳои нерўҳои дигари сиёсӣ ва миллату ҳалқиятҳои ин кишвар ба эътибор гирифта нашавад.
Албатта, чунин навъи муносибат дар ҳеҷ сурат роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон буда наметавонад. Ба андешаи мо муваффақ нагаштани ИМА дар Афғонистон низ аз ин омил вобаста буд, ки танҳо ба як ҷониб ва як нерўи сиёсӣ, новобаста аз он ки ба фасоди амиқи молӣ ғарқ гардида буд такя ва онро дастгирӣ менамуд. Яъне қудратгароӣ, якҷониба дастгирӣ намудани як нерўи сиёсӣ ва ё як миллату халқият дар ҳеҷ сурат мушкилоти Афғонистони гуногунмиллатро ҳал карда наметавонад. Аз ин рў, яке аз талаботҳои муҳимме, ки имрўз аз ҷониби кишвари мо ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамчун шарти шинохти толибон ба миён гузошта шудааст, ин ташкили ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) мебошад, ки мутаасифона то ба имрўз он ба иҷро нарасидааст. Толибон на танҳо ташкили ҳукумати фарогирро риоя накарданд, балки худро ҳамчун «ғолиб»-и мутлақ шинохта, бар сари мардуми Панҷшер зулмро раво дониста истодаанд, ки имрўз ҳолати буҳрони гуманитариро дар ин вилоят ба вуҷуд овардааст.
Мутаассифона имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аксари давлатҳои минтақа нисбати қазияи Панҷшер хомўширо пеш гирифтаанд. Садои мазлумон дар Панҷшер хусусан ба гўши давлатҳои қудратманд намерасад, зеро онҳо пайи манфиатҳои иқтисодӣ, геополитикӣ ва «манфиатҳои миллӣ»-и худ ҳастанд. Қудратманд ҳастанд ва танҳо ба ҳарфи қудратмандон гўш мениҳанд. Чунин ба назар менамояд, ки ҷаҳони мутамаддини имрўза саҳнаи қудратнамоӣ ва зўргўӣ шудааст.
Аммо аз рўзҳои аввал мавқеи Тоҷикистон якранг боқӣ монд, ки ба масъалаи Афғонистон на аз диди қудратмандӣ балки ҳалли якҷояи қазия муносибат менамуд. Хусусан изҳороти Пешвои миллат дар он маврид, ки тоҷикон дар Афғонистон 46%-аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд ва зарур аст дар ҳукумат ва идораи ин кишвар мақоми сазовор дошта бошанд аз мақвеъгирии фарогирии Тоҷикистон дар мавриди қазияи Афғонистон дарак медод. Дар доираи баргузории Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ низ Президенти Тоҷикистон аз мавқеи мазлумон дар ин кишвар ҳимоят намуд ва талаб намуд, ки ҳарчи тезтар роҳҳои расонидани кўмаки башардўстона ба Панҷшер ва мардуми Афғонистонро пайдо намоем.
Дар доираи баргузории Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан масъалаи гуманитарии Панҷшерро бо Сарвазири Покистон Имрон Хон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ баррасӣ намуданд. Баррасии мушкилоти Афғонистон ва хусусан Панҷшер бо роҳбарони Покистон ва Эрон аз аҳамияти амалӣ бархўрдор аст. Дар мулоқот бо сарварони ин ду кишвар хусусан масъалаи кўмак расонидан ба Панҷшер баррасӣ карда шуданд. Хусусан бо сарвари Ҷумҳурии Покистон ба мувофиқа расида шуд, ки музокироти толибон ва тоҷикони Афғонистонро дар ш. Душанбе ташкил намоянд. Мулоқот бо Президенти ҶИЭ низ бештар ҷиҳати амалӣ дошт, зеро мушкилоти Панҷшер дар шароити имрўза на танҳо мушкилоти тоҷикони Афғонистон аст, балки он мушкилоти мардуми форсизабон низ мебошад. Зикр намудан зарур аст, ки мавқеи Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон дорои дурнамои сулҳоварона ва суботофар мебошад. Мавқеъгирии Тоҷикистон нисбати қазия бештар ҷиҳати прагматикӣ ва фарогирӣ дошта ба нафъи ҳамаи нерўҳо ва миллату халқиятҳои ин кишвар аст.
Ба андешаи мо яке аз механизмҳои дурусти ҳалли қазияи Афғонистон ин ташкили низоми федералӣ дар ин кишвар аст. Танҳо ташкили низоми федералӣ ва ғайримутамарказ метавонад қудратнамоӣ ва зўргўиро дар ин кишвар хотима бахшида, ҳамкорӣ ва ҳамзистии миллату халқиятҳо ва ҷиноҳҳои мухталифи сиёсиро таъмин намояд.
Солиев Ш. – н.и.с., муаллими калони
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ