Мавқеи устувор ва инсонмеҳвар
Моҳҳои охир дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ бисёр нигароникунанда гардид. ИМА, ки аз хоки ин кишвар берун овардани нерўҳои худро ба нақша гирифта буд тадриҷан пойгоҳҳои ҳарбии худро тарк менамуд. Оғози берун шудани ИМА аз Афғонистон, мардуми ин кишвар ва минтақаро нигарон намуда буд, ки ояндаи ин кишварро чи мунтазир аст. Новобаста аз гуфтушунидҳо оид ба раванди сулҳ дар ин кишвар миёни Ҳукумати Афғонистон, Толибон ва ИМА вазъият муташанниҷтар мегардид. Толибон аз як тараф ба мизи музокирот нишаста аз сулҳи Афғонистон сухан мекарданд ва аз тарафи дигар як ба як ба ишғоли вилоятҳои мухталифи кишвар ва амалҳои тахрибкорона даст мезаданд. Чунин иддао карда мешуд, ки пас аз рафтани нерўҳои ИМА шояд чанд муддати дигар Ҳукумати ин кишвар бо нерўҳои ҳарбии муҷаҳҳаз худро ҳифз намуда тавонад ё бо Толибон ба мувофиқа бирасад. Аммо вазъият чунин сурат гирифт, ки Толибон дар муддати кўтоҳ аксари вилоятҳои Афғонистон ва ҳатто шаҳри Кобулро низ ғасб намуданд. Ҳатто ба гуфтаи намояндагони Толибон худи онҳо чунин боварӣ надоштанд, ки дар муддати кўтоҳ аксари минтақаҳои кишвар ва умури идораи онро ба даст мегиранд. Дар мавриди чунин сурат гирифтани вазъият яке аз андешаҳои ғолиб ин вуҷуди тавтеаҳо ва бозиҳои сиёсӣ дар атрофи Афғонистон мебошад, ки аз ҷониби давлатҳо ва нерўҳои манфиатдор ба роҳ монда шудаанд. Албатта, вуҷуди тавтеаҳо дар ин буҳрон дарку баҳогузорӣ ва шинохти сенарияҳои минбаъдаи рушди онро мушкил гардонидааст.
Чуноне ки мушоҳида мешавад, аз рўзи аввали ба қудрат расидани Толибон мавқеъгирии як қатор кишварҳо нисбати ин созмон, ки ҳамчун созмони террористию ифротгаро шинохта мешавад тағйир пазируфт. Манфиатҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва геополитикиашон онҳоро водор ба он намуд, ки принсипҳои инсондўстӣ, озодӣ, адолат, ҳуқуқи инсон ва дигар арзишҳои муҳимро ба гўшаи фаромўшӣ ниҳанд ва даст ба дасти гурўҳе бидиҳанд, ки то ба қудрат расиданаш ҳамчун нерўи тахрибкору террористӣ мешинохтанд. Онҳо чунин иддао доранд, ки гўё ин нерўи тахрибкор ва зиддибашар тағйир ёфтааст ва мешавад бо он гуфтумон кард. Дигарон ин нерўро ҳамчун нерўӣ дар қудрат расида эътироф намуда, ҳамкорӣ ва гуфтумон бо онҳоро амри зарурӣ мешуморанд. Аксари кишварҳои минтақа ба мушкилоти Афғонистон аз зовияи манфиатҳои хеш нигариста, манфиатҳои мардуми ин кишвар, ҳуқуқи озодиҳои онҳо ва хусусан мушкилоти мардуми Панҷшерро, ки дар шароити имрўза дар бўҳрони гуманитарӣ рў ба рў шудаанд фаромўш кардаанд.
Аммо аз рўзҳои аввали ба қудрат расидани Толибон низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи пештараи худ боқӣ монд. Масъалаи озодии инсон, шаъну шарафи он, фарогирии намояндагонии ҳамаи миллатҳои ин кишвар дар ҳукумати оянда, ба мардуми кишвар додани имконият барои муайян намудани тақриди хеш аз шартҳое буданд, ки Ҳукумати мамлакат дар муносибат бо Толибон дар миён гузошт. Пешвои миллат ба таври возеҳ ва равшан ин мавқеъгирии хешро дар мулоқот бо Вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ баён дошта буд. Ҳамчунин аз диди инсонмеҳварӣ дар ин мулоқот Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамагуна намуди беқонунӣ, зуҳроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу залмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан намояндагони миллату халқиятҳои мухталифи ин кишвар маҳкум намуд.
Рўзҳои 16-17-уми сентябр дар Тоҷикистон Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор карда шуд. Ин ҳамоиш ҳамчун чорабинии муҳимми сиёсие дониста шуд, ки пас аз бўҳрони Афғонистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш сарони кишварҳои минтақа ба таври мустақим ва дар формати онлайнӣ иштирок доштанд. Албатта, ин ҳамоиш ҳамчун майдоне дониста мешуд, ки дар он масъалаи ҳамсоякишвари мо ба таври дуруст ва дар асоси принсипҳои инсондўстиву мардумсолорӣ ҳалли худро дарёбанд. Мавқеъгирии мухталифи кишварҳои аъзои СҲШ ба масъалаи Афғонистон пеш аз баргузории Шўрои сарони кишварҳои аъзо то як андоза нигарониҳоро ба миён оварда буд. Ба ҳар сурат Тоҷикистон ҳангоми баргузории Шўрои сарони кишварҳои аъзои СҲШ новобаста аз дидгоҳи дигар давлатҳо дар мавқеи инсонмеҳварӣ ва маҳкум намудани ҳамагуна терроризм ва ифротгароӣ боқӣ монд. Агар дигар кишварҳо дар мавриди гурўҳи қудратманд ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо онҳо андешаронӣ менамуданд пас Пешвои миллати тоҷик дар бораи мазлумон ва роҳҳои кўмак расонидан ба онҳо масъалагузорӣ мекарданд. Хусусан масъалаи мушкилоти гуманитарӣ дар минтақаи Панҷшери Афғонистон масъалаи меҳварии нигаронии ҷониби Тоҷикистон буд. Чунин ҳолат бори дигар устувории мавқеъ ва инсонмеҳварии муносибати Тоҷикистонро нисбат ба бўҳрони Афғонистон нишон дод. Ҷониби Тоҷикистон махсусан эълон дошт, ки метавонад ҳамчун миёнарави ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар Афғонистон дар мавриди музокироти Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ баромад намояд.
Солиев Ш.Х. – муаллими калони
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ