Ҳалли қазияи Афғонистон дар саммити Душанбе
Дар миёнаҳои моҳи август маълум шуд, ки ҷомеаи Афғонистон тарзи либералии зиндагии Амрикоро қабул накардааст ва ИМА, ниҳоят пас аз 20 сол ин кишвари пурсабрро тарк кардааст. Чи тавре ки маълум аст, дар солҳои 80-ум ҷомеаи Афғонистон ҳамчунин ғояҳои марксизм-ленинизми собиқ Иттиҳоди Шӯравиро низ қабул накарда буд ва ҳамин тариқ, на кӯшиши ҷорӣ кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Афғонистон, на ҷорӣ кардани идоракунии либералӣ бо расмиёти демократии Ғарб аз ҷониби ду давлати абарқудрат дар ин мўҳлати тўлонӣ иҷро нашуд.
Аз ин рӯ, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мушкили ҳалли бӯҳрони Афғонистон пайдо шуд. Ба гуфтаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, сеюм маротиба иҷлосияи СҲШ хоҳу нохоҳ барои ҳалли бӯҳрони Афғонистон ҷалб шуда истодааст.
Ӯ мефаҳмонад, ки барои чӣ?:
– Аввалан, Афғонистон аз соли 2012 ва ҳамсояи ғарбии он, давлати Эрон, ҳамчунин аз соли 2005 кишвари нозир дар СҲШ гардидаанд. Ва пас аз ворид шудани Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ, ки соли 2018 рух дода буд, сарҳадҳои Созмон ба сарҳади ин давлатҳо наздик шудаанд.
Қайд кардан лозим аст, ки Афғонистон пас аз 40 соли мудохила ва нооромиҳои беруна ба дастгирии як созмони тавонои байналмилалӣ, ба мисли СҲШ ниёз дорад.
Сониян, ҳамаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай умуман ба ақидаи “панча шила” (“панҷ принсипи ҳамзистии осоишта”), ки дар он принсипи “дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар” ҳукмфармост, ки ба Ҷомеаи Афғонистон бештар мувофиқ аст, риоя мекунанд.
Сеюм, нуқтаи аҳолинишини Афғонистон ҳоло ҳамчун имтиҳони асосии Мегалоиҳаи давлати Чин буда, таҳти унвони «Ташаббуси Камар ва Роҳ» пешниҳод шудааст, бо назардошти он, ки Афғонистон яке аз артерияҳои асосии хатти роҳи заминӣ аз долони Вахон мегузарад, ду давлатро хоҳад пайваст.
Ҳамзамон, ҳамаи кишварҳои дигари узви СҲШ бар зидди сарварии Чин дар ҳалли ин бӯҳрон ва иҷроиши масъалаи мубрам нахоҳанд баромад. Ва ҳангоми татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи давлати Чин, ин давлатро давр зада гузаштан, бешубҳа, ба миқёс ва обрўву эътидоли ҷаҳонии чунин давлати абарқудрат соя хоҳад афканд.
Бояд дар назар дошт, ки пешгузаштаи Созмони ҳамкории Шанхай Панҷгонаи Шанхай дар заминаи ҳалли мушкилоти сарҳадӣ, ки таърих боқӣ гузоштааст, инчунин таҳкими тадбирҳои эътимод дар минтақаҳои наздисарҳадии байни Чин ва чаҳор кишвари пасошӯравӣ, ки ҳамсарҳади ин давлат мебошанд, таъсис дода шудааст.
Аз ин рӯ, ба ҳукумати ояндаи Афғонистон, ки мақоми нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхайро дорад, лозим аст, ки аз ин тартибот гузарад ва ниҳоят ба ҳалли мушкилоти марзи Афғонистону Покистон шурӯъ намояд (“Хатти Дуранд”). Зеро вақти он расидааст, ки ҳама чизро ислоҳ намоем.
На танҳо мардуми афғон, балки мардуми кишварҳои ҳамсоя аз бесуботии Афғонистон, аз кишваре, ки ба макони ҷаҳонии таҳдидҳои ғайримуқаррарии замони муосир табдил ёфтааст, бехад хаста шудаанд. Аз ин рӯ, пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ҳама нерӯҳои ғайримарказӣ (ғарбӣ), мавқеи кишварҳои ҳамсоя фаъол мешавад, то ки роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистонро дарёфт намоянд.
Моҳи гузашта дар шаҳри Тошканд ҳамоише, таҳти мавзуи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи байниминтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо», дар сатҳи баланди байналмиллалӣ гузаронида шуд, ки дар он паёми асосӣ ин пешниҳоди тиҷорат дар ин минтақа, ба ҷои ҷанг пешниҳод гардида буд.
Солҳои зиёд Туркманистон лоиҳаи бузурги лӯлаи гази ТАПҲ (Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон); Тоҷикистон-лоиҳаи бузурги энергетикии CASA-1000-ро пешниҳод карда истодааст, ки дар онҳо захираҳои бузурги табиии Афғонистон ҳамчун омили иловагии ҷалби дигар ҷонибҳои манфиатдор ба иштироки фаъолона дар барқарорсозии баъдиҷангии ин кишвар пешбинӣ мешаванд.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки аввалин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон – дар бораи таъсиси “камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон” моҳи сентябри соли 1998 дар Маҷмаи Умумии СММ эълон шуда буд.
Пас аз 23 сол, ин ташаббус боз ҳам муҳимтар гаштааст. Лекин агар се сол пеш аз рӯйдодҳои фоҷиабори 11 сентябр ин ташаббус амалӣ мешуд, аз эътибор дур нест, ки он гоҳ таърихи ҷаҳонӣ роҳи дигар ва осоиштаро пеш мегирифт.
Ҳоло вақти он расидааст, ки ҳамсояҳои Афғонистон, ки қариб ҳамаашон аъзо ё нозиранд (Эрон) дар СҲШ, якҷоя бо “харитаҳои роҳ” барои ҳалли бӯҳрони Афғонистон бе дахолати низомӣ бояд таъсири худро расонанд.
Бо дарназардошти он, ки шумораи кишварҳое, ки дар муноқишаи дохили Афғонистон (ISAF) иштирок мекунанд, аз шумораи кишварҳое, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ иштирок кардаанд, зиёдтар аст, пас шумораи кишварҳо барои ҳалли бӯҳрони Афғонистон ва барқарорсозии баъдиҷангии он бояд камӣ накунанд.
Муҳимтарин мушкилот пеш аз марҳилаи кунунии ҳалли (саввуми) Афғонистон, ин бартарияти худхоҳии ҳамаи ҷонибҳои (ҳам дохилӣ ва ҳам берунӣ) ҳисобида мешавад.
Зеро ин худхоҳии маъмурияти пешинаи ИМА (Трамп), ки дар раванди музокирот дар Доха ҷойгир карда буд, аз шарикон (Толибон), пеш аз ҳама, талаб мекард, ки ISA ба Иёлоти Муттаҳида таҳдид накунад. Дар баробари ин, онҳо воқеан мавқеи ҳукумати қонунии кишвари мизбон ва ҷомеаи пурсабронаи онро ба назар нагирифтанд.
Толибон он вақт қонунияти ҳукумати мавҷударо аз қайди назар дур гирифта аз музокира худдорӣ намуданд. Қайд кардан лозим аст, ки онҳо дар майдони набард назар ба мизи гуфтушунид хеле фаъолтаранд.
Дар ҷавоб Толибон худи ҳукумати Афғонистонро сарнагун намуданд, ки ин ҳам бо сабабҳои ғаразноки худдории ҳокимияти пештара аз тақсим кардани қудрат бо ин ҳаракати ҳарбӣ ба вуҷуд омада буд, гарчанде ҳаракати толибон то он замон қариб нисфи кишварро дар ихтиёр дошт.
Фармондеҳони пешини саҳроӣ бо сабаби бунбаст, ба мисли солҳои ишғоли Шӯравӣ ё Амрико, бо ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои маҳдуд, дар симои бозигарони минтақавӣ ё ҷаҳонӣ ба ҷустуҷӯи шарикон, иттифоқчиён ё донорҳои нав шурӯъ карданд. Ва ба хотири мақсадҳои ғаразноки худ, онҳо низ на ба пирӯзии моҳвораҳояшон манфиатдоранд, на ба ҳалли низоъи кулли афғониён.
Мавҷудияти талаботи ғаразноки абарқудратҳои муосир аз Афғонистон аз ҷониби Толибон, ҳайратовар аст, ки ҳалли бетаъхири масъалаи муносибати дастаҷамъонаи онҳоро барои хотима додан ба ин бӯҳрони музмин водор сохта истодааст.
Роҳбарияти НАТО аллакай имкониятҳои Чин ва Русияро дар ҳалли ин бӯҳрон эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, нишасти СҲШ -и Душанбе, ки тақрибан дар баробари нишасти СПАД баргузор мешавад, ҷои махсусро дар ҳалли масъалаҳои мубрам ишғол хоҳад кард.
Он метавонад “нуқтаи ибтидоӣ”-ро барои ҳалли бӯҳрони Афғонистон ишғол намояд, ки ақлу дили тамоми қитъаҳои оламро фаро гирифтааст.
Шаҳри Душанбе метавонад муваққатан Доҳаро иваз кунад, то “харитаи роҳ” -и рафъи бӯҳрони музмини Афғонистонро эҷод намуда дар атрофи ин кишвари азияткашида камарбанди амният ва рушд омода созад. Ҳалли чунин вазифаи вазнин аз он шаҳодат хоҳад дод, ки ниҳоят “даврони ҳақиқии Шарқ” фаро расидааст.
Мирзоева Д.Д. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони русии ДДҲБСТ