ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ВА МУШКИЛОТҲОИ ОН ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ
Ҷавонон нерўи бузурги зеҳниву ҷисмонии ҳар як миллату давлат буда, ояндаи ҳар кишвар маҳз дар дасти онҳо қарор хоҳад дошт. Дар оянда то ба кадом андоза дуруст соҳибӣ намудани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз тарафи ҷавонон, бо раванди таълиму тарбияи имрўзаи онҳо аз тарафи падару модар, ҷомеа ва давлат вобаста мебошад. Маҳз таълим ва тарбияи дурусти ҷавонон боиси ягонагӣ ва инкишофи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон мегардад.
Дар фарҳанги забони тоҷикӣ, таълим ин омўхтани дониш, ёд додани чизе ба касе аст. Дар ин қомус маънои мафҳуми тарбия – ин малакаҳо оид ба рафтор ва кирдор, ки ба воситаи мактаб, оила ва муҳит ба кас талқин мешаванд; омўхтани адаб; омўзиш оварда шудааст. Дар асоси ин таърифҳо метавон хулоса намуд, ки таълим ва тарбия бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Таълим хосса ба масъалаи омўзиши илму дониши нав бошад, пас тарбия ин талқин намудани як қолаби муайяни рафтор ва кирдор аст, ки дар ҷомеа пазируфта шудааст. Соҳиби таълим ва тарбия будан ин ду сифатҳои инсониест, ки гоҳо яке ба дигаре таъсир мерасонад. Баъзан шахс таълими хуб дорад, аммо аз лиҳози ахлоқӣ заиф аст ва ё худ норасоӣ дорад. Баъзан шахсоне ҳастанд, вале аз лиҳози тарбия бисёр сифатҳои баландро соҳиб ҳастанд ва аз лиҳози саводу дониш, яъне таълим заиф мебошанд. Хушбахтона, дар ҷомеаи имрўза шахсонеро дарёфт кардан мумкин аст, ки нишонаҳои баланди ҳам дониш ва ҳам ахлоқ дар онҳо дида мешавад.
Падару модарон, ҷомеа ва давлат нисбати ин ҳар ду масъала ҳамеша то ба қадри ҳол ва бо назардошти шароити иҷтимоиву иқтисодии хеш таваҷҷўҳ зоҳир менамоянд. Гузашта аз ин, худи ҳар нафар баъди ворид шудан ба муҳити иҷтимоӣ зарурати таълим ва тарбия гирифтанро эҳсос менамояд ва вобаста ба талаботи ҷомеа ва тавоноияш аз ин ду малака бархурдор мегардад. Мо дар ин мақола танҳо оид ба мавзўи тарбия ҳарф мезанем, зеро мавзўи таълим таҳлилу омўзиши ҷудогона талаб менамояд.
Дар гузашта мардуми тоҷик ба масъалаи тарбия, муносибати ҷиддӣ доштанд ва наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, содиқу ростқавл будан ба воя мерасониданд. Мутафаккирони тоҷику форс роҷеъ ба масъалаи тарбия осори гаронбаҳоеро мерос гузоштаанд. «Футувватномаи султонӣ» ва «Ахлоқи мўҳсинӣ»-и Унсурмаолии Кайковус, «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ саропо дар боби тарбия буда, масъалаи мазкур хеле васеъ инъикос ёфтааст. Ё худ насиҳати Луқмони Ҳаким ба писараш намунаи барҷастаи дастури корӣ буда, барои тарбияи наврасону ҷавонон раҳнамои беназир маҳсуб мешавад.
Дар замони шўравӣ масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон аз рўи барномаи махсус сурат мегирифт. Дар асоси талаботу меъёри идеологияи коммунистӣ наврасону ҷавонон, дар рўҳияи садоқат ба давлат, вафодорӣ нисбати Ватан ва ғамхориву эҳтиром нисбати аҳли ҷомеа тарбия меёфтанд.
Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолии давлатӣ роҳи навро интихоб намуд, ки дар он ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои ў арзиши олӣ пайдо намуд. Мактабҳои тарбияи давраи шўравӣ (ташкилотҳои пионерӣ, комсомолӣ) аз байн рафтанд ва мавзўи тарбияи наврасону ҷавонон то ба андозае аҳамияти пешинаи худро аз даст дод. Давлати тозаистиқлол бо ҷанги шаҳрвандӣ рўбарў гардид ва дар натиҷа ҳазорон кўдакону наврасони ятиммонда зери сарпарастии ҳукумат қарор гирифтанд. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳолати ноороми кишвар ба ахлоқи наврасону ҷавонон таъсири манфии худро гузошт.
Баробари беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар шаҳрвандон низ ба масъалаи тарбия рў оварданд ва давлат ба мушкилоти ахлоқии ҷавонон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуд. Махсусан баъди солҳои 2001-ум паҳн гардидани гурўҳҳои ифротгароии динӣ аҳамияти мавзўи тарбияи наврасону ҷавононро дар кишвар дучанд намуд. Бо ин мақсад даҳҳо ҷавонони тоҷик, ки дар марказҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, бо супориши Роҳбари давлат ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Илова ба ин, соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд. Ҳадаф аз қабули ин қонун пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Баъди қабули қонуни мазкур, бо мақсади беҳтар намудани тарбияи наврасону ҷавонон, чорабиниҳои зиёд баргузор гардид ва корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ тақвият дода шуд. Ташкил ва назорати дарсҳои тарбиявӣ дар мактабҳои олӣ, ба табъ расидани адабиётҳои соҳавӣ, мунтазам баррасӣ намудани масъалаҳои тарбиявӣ тавассути васоити ахбори омма ва ташкили конференсияҳо дар мавзўи тарбияи ҷавонон аз ҷумлаи тадбирҳои самаранок мебошанд.
Бешубҳа, нақши падару модар ва оила дар тарбияи наврасону ҷавонон нисбат ба ниҳодҳои дигар афзалтар ба ҳисоб меравад. Зеро, инсон аз замони ба дунё омаданаш шакли рафтор, кирдор, муносибат бо дигаронро аз аъзоёни оилаи худ меомўзад. Дар маҷмўъ дар ташаккули ахлоқи наврасону ҷавонон чунин мактабҳои тарбияро алоҳида метавон қайд намуд:
– Падару модар ва оила. Ҳар падару модар мехоҳанд, фарзандонашон ботарбия, хушахлоқ бошад. Бо ин мақсад аз хурдӣ талош менамоянд, ки ў дорои хислату рафтори накў гардида, барои падару модари хеш обрў оварад. Ривояте ҳаст, ки падару модаре кўдаки навзоди худро ба назди Абўалӣ Ибни Сино бурданд ва аз ў маслиҳат пурсиданд, ки тарбияи ўро аз кадом вақт оғоз намоянд. Сино аз волидайн мепурсад, ки кўдак чандвақта шудааст. Мегўянд, ки семоҳа. Ҳаким ба волидон ҷавоб медиҳад, ки шумо дар тарбияи кўдаки худ се моҳ дер кардаед. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ба тарбияи кўдак аз рўзи аввали таваллуд мебояд машғул бишаванд. Андешаи дигаре низ ҳаст, ки тарбияи кўдак ҳанўз аз батни модар оғоз мешавад.
Дар ҳақиқат тарбияи кўдак аз ҳамон фазои оила, аз муносибат ва рафтору кирдори падару модар дар байни ҳамдигар оғоз мегардад. Бештар вақт наврасону ҷавонон кирдору рафтори аъзои оилаи худро тақлид мекунанд ва чӣ хуб аст ва чӣ бад онро ҳамчун намуна пайравӣ менамоянд. Аммо, гоҳо ҳолатҳое шудаанд, ки фарзандон нисбат ба волидайни худ каме хулқу рафтори дигар пайдо менамоянд. Дар байни мардуми англисзабон гуфторе ҳаст: «Беҳуда кўшиш намуда, фарзандони худро таълим надиҳед, беҳтараш, худро таълим диҳед, зеро онҳо аз шумо меомўзанд». Яъне, агар падару модар чизеро ба фарзанди худ талқин намоянд, вале худ акси онро иҷро бикунанд, кўдак аз рафтори волидайн пайравӣ хоҳад кард.
Як ҳолати бисёр ташвишоваре, ки баъзан дар муносибати байни фарзандон ва падару модар мушоҳида мешавад, ин канда шудани робитаи фарзандон бо волидайн ва ё бепарвоӣ нисбати аҳволи падару модар аст. Баъди ба камол расидани фарзанд падару модарон гоҳо дар як тараф мемонанд ва фарзандон дар алоҳидагӣ рўзгордорӣ намуда, робитаро аз волидайни хеш мекананд. Ё баъзан ба хонаи бепарасторон бурда мондани онҳо аз тарафи фарзандон дида мешавад, ки чунин ҳолат ба суннати мардуми тоҷик муносиб нест. Бо ҳамин мақсад, дар тағйироти охирин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи масъулияти фарзандон дар назди падару модар ворид карда шуд, ки дар моддаи 34-ум чунин омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Аз рўи ин модда фарзандон вазифадор карда шудаанд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, азизу мўҳтарам доранд.
Ҳолати дуввуме, ки бо мақсади Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест, ин пурра побанд шудани фарзандон ба волидайни хеш ва то ҳадде номустақил боқӣ мондани онҳо мебошад. Чунин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки ҷавонон ба таври зарурӣ ба зиндагии мустақилона омода намешаванд. Ба андешаи мо, ҳар ду ҳолат хилофи қонунҳои тарбия ва камолоти инсонӣ аст. Воҷиб аст, ки ҳам арзишҳои миллӣ-динии худро, ки эҳтирому нигоҳубини падару модарро вазифаи муҳими фарзанд мешуморад, риоя намоем ва ҳам монеи мустақилона ва ба таври озод инкишофу рушди наврасону ҷавонон набошем. Зеро ҷавоне, ки мустақил набошад, ташаббускор, эҷодкор нахоҳад буд ва ҳамеша дар тобеияти андешаҳои бегонагон мемонад.
– Муҳити ҷомеа. Дар байни мардум гуфторе ҳаст: «Фарзанди нек – боғи падар, фарзанди бад – доғи падар». Дар замони мактабхониамон муаллиме, ки аз фанни «Одобнома» дарс мегуфтанд, ин гуфторро такрор ба такрор ба мо гўшрас мекарданд. Зеро, он дарҳақиқат маънои бисёр баланд дошта, натиҷаву оқибати тарбияи фарзанд, бо кадом сифат ба камол расидани фарзандро арзёбӣ менамояд.
Дар давраҳои пеш аҳли ҷомеа нисбати тарбия ва ахлоқи наврасону ҷавонон таваҷҷўҳу диққати махсус зоҳир менамуданд. Гоҳо дар кўчаҳо вақте як наврас ва ё як ҷавоне амали хуб анҷом медод, калонсолон ба ў ишора карда мегуфтанд «Бар падарат раҳмат». Ё баръакси он, ягон амали бад ва ё сухани қабеҳе ба забон меоварданд, аз ў мепурсиданд, ки ту писари кӣ ҳастӣ? Ва ўро адаб медоданд. Ин усул дар гузашта ба раванди тарбияи ҷавонон ва хушахлоқ гардидани онҳо таъсири мусбии худро мегузошт. Аммо дар низоми нави сиёсиву ҳуқуқӣ бештари масъалаҳои қаблан дар ҷомеа муҳимбуда, камарзиш шудаанд ва ё арзиши пешинаи худро гум кардаанд. Дар ҷомеа қоидаи нонавиштаи «шумо ба ман кордор набошед, ман ба шумо кордор нестам» роиҷ гардид. Ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъзан, вақте як нафари калонсол ба рафтори нодурусти ҷавоне эрод бигирад, ҷавон таъҷилан ҷавоб медиҳад, ки шумо ба ман чӣ кор доред? Ё ибораи «Ба ман кордор набошед»! «Демократия ҳаст, чӣ кор хоҳам мекунам»-ро истифода мекунад. Агар дуруст назар намоем, дар ҷомеаи имрўзаи ҳуқуқмадор ва ҳуқуқмеҳвар то андозае танзими баъзе масъалаҳои ахлоқӣ аз тарафи аҳли ҷомеа пурмашаққат ва ҳатто номумкин гардидааст. Чун фарди озод ва дорои як қатор ҳуқуқ барои худ арзишҳо ва принсипҳоро муқаррар намуда, аз рўи он зиндагӣ дорад. Намунаи равшани онро дар баъзе кишварҳои Аврупо дидан мумкин аст. Имрўз бештари мавзўъҳои ахлоқие, ки дар давраҳои пеш як амали бад эътироф мешуд, ба як амали матлуб табдил ёфтааст. Пас, хулоса имрўз таъсири ҷомеа ба раванди тарбияи наврасону ҷавонон чандон чашмрас нест ва ин ҳолат бо низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа рабти зиёд дорад.
Як нуктаро бояд қайд намуд, ки дар давраҳои пеш мавзўи ахлоқ як масъалаи бисёр васеъ дониста мешуд ва хушахлоқ будан ва хушахлоқона зистан аҳамияти хосса ва ҷойгоҳи баланд дошт. Аммо бо гузашти замон ва паҳн гардидани ҷаҳонишавӣ ба ахлоқ ва тарбия наврасону ҷавонон таъсири манфии худро гузошт. Дар ин робита оиди таъсири манфӣ доштани раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти миллатҳо Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш чунин таъкид намудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст». Ба андешаи бархе аз донишмандони тоҷик, ҷаҳонишавӣ бештар ба миллатҳо ва давлатҳои миллии аз лиҳози худшиносиву ҳуввияти миллӣ заифбуда хатар дорад ва ба миллатхои дорои фарҳангу тамаддуни устувор чандон таъсир надорад. Чӣ тавре ки муҳаққиқи тоҷик дар ин бобат қайд намудааст: «Миллатҳои дорои ҳуввияти қавӣ ва давлатҳои худшинос ба осонӣ дар ин раванд (ҷаҳонишавӣ дар назар дошта шудааст – С.Ш.) маҳв нахоҳанд шуд. Хусусан, агар сухан аз миллати тоҷик ва умуман, мардумони форсизабон равад, захираи тамаддунию фарҳангии мо то ҳадде амиқ ва устувор аст, ки дар сурати ҳамоҳангӣ, ҳамгироӣ ва рушди муштарак, ҳуввияти мо барои давраи бисёр тўлонӣ ҳифз хоҳад шуд». Воқеияти солҳои охир нишон дод, ки истодагарӣ бар муқобили раванди ҷаҳонишавӣ номумкин аст. Яке аз роҳҳои баҳрабардорӣ аз ин раванд ин истифодаи самараноки унсурҳои ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла дар самти рушди иқтисодии давлат мебошад. Бо мақсади пешравии давлат истифода бурдани компутер, моҳвора, телефони мобилӣ ва амсоли чунин воситаҳои технологияи навин бар манфиати кор буда, баръакси он, яъне истифодаи ғайрисамараноки онҳо боиси косташавии тарбияву ахлоқи ҷавонон мегардад.
Дар урфият мегўянд «Олим шудан – осон, вале одам шудан – мушкил», ки мазмуни ин мушкил будани тарбияи шахс, камолоти ў ва душвор будани масъалаи тарбияи инсониро дорад. Ва як мутафаккире ҳам оиди мушкил будани инсонсозӣ чунин ишора намудааст: «Барои олим шудан як китоб кифоя аст, аммо барои инсон шудан як китобхона китоб кифоягӣ намекунад». Ин ҷо низ мушкил ва заҳматталаб будани раванди камолоти ахлоқӣ ва инсонсозӣ ишора шудааст.
Ба назари бархе аз коршиносон, сабаби бадахлоқ ва тарбияи дуруст нагирифтани ҷавонон бо шароити иҷтимоию иқтисодӣ низ алоқаманд мебошад. Вақте падару модар барои дарёфти рўзгор вақтҳои зиёди худро сарф менамоянд, фурсат барои тарбияи фарзандонашон пайдо намекунанд. Мисол, вақте ҳазорон падарону модарони тоҷик дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷа қарор доранд, ин ҳолат ба тарбияи наврасону ҷавонон таъсири бад мерасонад. Фарзандони онҳо аз назорат дур монда, бевосита аз тарбияи волидайнашон бархурдор намегарданд ва кўдакону наврасон аз навозишу меҳрубониҳои падару модаронашон дур мемонанд.
Хулоса, инсон ҳамеша ниёз ба тарбия дорад, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон нисбати масъалаи мазкур бепарво будан метавонад, дар як мўҳлати кўтоҳ ахлоқу одоби шарқиёнаро коста бикунад ва ба фарҳанги миллӣ рахна эҷод намояд. Дуруст аст, ки падару модарон нисбати тарбияи фарзандони хеш вазифадор ҳастанд, лекин чӣ гуна тарбия ёфтани фарзанд танҳо аз онҳо вобаста набуда, дар ин раванди нақши омўзгорон ва аҳли ҷомеа хеле назаррас мебошад. Пас, тамоми аҳли ҷомеа дар рўҳияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ватандўстӣ ва эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон саҳмгузор бошанд, ки танҳо дар чунин ҳолат мо ба ҳадафҳои аслии камолоти наврасону ҷавонони тоҷик ноил хоҳем шуд.
Саидзода Ш.- мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ