РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Дар ҳама давру замон дар халқиятҳо шахсиятҳое зиндагӣ мекунанд, ки эшонро  ақидаю ахлоқашон, рафторашон  ва умуман шахсияти онҳоро дар як саф бо инсонҳои солимақл гузоштан аз имкон дур аст. Чунин  шахсиятҳоро,  ки нафъашон ба дигар одамон мерасад, онҳоро аз хонаю дар маҳрум мекунанд ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум месозанд  бо як дардманди «терроризм» гуфтан мумкин аст. Худ маънои «терроризм» ин зӯроварӣ  ё таҳдид ба шахсони воқеӣ  мебошад.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари ҷидди табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда истодааст.

Мувофиқи  омор имрӯз зиёда аз як ҳазор ҷавонони гумроҳи тоҷик дар ҷангҳои  Ироқу  Сурия ҳастан ….Ин даҳшат аст! Вале аз ҳама ғамангез он ,ки онҳо ҳамаи ин фикру андешаашонро кору рафторашонро дар зери пардаи «ислом» нигоҳ медоранд. Ҳар фарде, ки яке аз ҷузътарин қисмҳои ислом воқиф бошад , ин хел рафтор набояд кард. Чуноне, ки Муҳаммад Пайғамбар (с.а.в.) гуфтаанд :«Ҳеҷ кас ҳуқуқ ба дин надорад, то он замоне  рафторе, ки ба худ намеписанданд, ба дигарон низ написанданд».

Одамони таълиму тарбия гирифта ҳаётро сабзу хуррам ва шукуфон мегардонанд, одамони бемаърифату беадаб тираву тор ва пажмурда мегардонанд.

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидани китоби муқаддаси «Қуръони карим» ва ройгон дастрас шудани он ба мардуми кишвар дар шинохти асолати дини мубини ислом нақши муҳим бозид. Ҳамчунин баргузории Соли бузургдошти сарвари мазаби ҳанафӣ Ҳазрати Имоми Аъзам аз зумраи тадбирҳои муҳимтарини тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум, бахусус таҳкими фарҳанги исломӣ ба шумор мераванд.

Мақсад аз ёдоварии тадбирҳои мазкур ва ҷашнҳои бузургони илму адаб бо ташаббуси Сарвари давлат дар замони муосир он аст,ки тавассути мероси гаронбаҳои мутафаккирони бузурги тоҷик баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, умуман маънавиёти ҷомеа маҳсуб мешавад. Ошкоро мегӯем, ки пеш аз ҳама афроде, ки дониши қазоии динӣ надоранд, ба осонӣ метавонанд таҳти таъсири таблиғоти мубаллиғони ин гурӯҳ монанд.

Барои таъмин намудан шароит барои зиндагии арзандаи ҷавонони кишвар тамоми захираву имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст. Дар баробари ин, ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти шаҳрвандон ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Оила дар баробари падидаи иҷтимоӣ ва тарбиявӣ будан барои расидан ба рӯзгори обод ҳаёти солим вазифаҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ, равонӣ, таъмини шароити мусоиди маишию эҷодӣ, меҳнат ,беҳдошти саломатӣ, ҳифзи саломатӣ, эҳсоси масъулият дар зиндагӣ ва амсоли инҳоро иҷро менамояд. Яке аз муҳимтарин вазифаи оила, ки ба ҳамаи комёбиву камолоти фард ва хислати инсонӣ нақши бештару таъсири муассир дорад, «тарбия» мебошад.

Омӯзгор – шахси соҳиби фарҳанги боло ва намояндаи барҷастаи он мебошад. Ба ӯ талаботи хеле баланд гузошта шудааст, зеро маҳз ӯ фарҳанги шахсиятро тарбия мекунад ва фарҳанги насли ояндаро бунёд мекунад.

Чун мо дар муассисаҳои олии касбӣ қарор дорем шумораи зиёди донишҷӯён – ҷавонон дар таҳти назорати мо устодон мебошанд. Бояд зикр кард, ки бисёрии донишҷӯён аз ноҳияҳои дурдаст ба маркази вилоят омада, таҳсил мекунанд ва аз назари волидайнашон дур мебошанд. Зеро  таҳлилҳо нишон медиҳад, маҳз чунин донишҷӯён даст ба ҳолатҳои номатлуб мезананд. Дар ин ҳолат мо бояд бо донишҷӯён ва падару модари онон алоқаи зич дошта бошем. Ҳар қадами онҳоро дар зери назорат гирифта, дар мушкилоти онон маслиҳатгари онҳо бошем.

 

Раҳмонова М. Ғ.–сармутахассиси бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти ДДҲБСТ  

You might also like