АҲАМИЯТИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеъа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Зеро Ҷаноби Олӣ дар лаҳзае вориди арсаи сиёсат гардиданд, ки Ватани мо – Тоҷикистон дар оғўши хун буда, дар роҳи порашавӣ қарор дошт. Аз ҳамон лаҳзаи нахустин, ки ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд қавл доданд «Ман ба Шумо сулҳ меоварам», «Ё ман ба Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Воқеан ҳам дар натиҷаи заҳматҳои шабонарўзӣ, ҷон зери хатар гузошта барои расидан ба Ваҳдати миллии тоҷикон кўшиш намуданд. Ҳамаи корнамоиҳои падарон таҳти сарварии Пешвои миллат барои наслҳои ҷавони имрўз ва фардои кишвар раҳнамо ва мактаби хуби ватанпарастиву хештаншиносӣ маҳсуб мешавад.

Ҳанўз мардуми соҳибмаърифати тоҷик солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро фаромўш накардааст ва мекўшад, ки бори дигар ба чунин хатоӣ роҳ надиҳад, сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободиеро, ки имрўз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гаҳвараки чашм ҳифз намуда, ин арзишҳои олиро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатмандона аст, қарнҳои дигар идома бахшад. Мо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, барои дастгириаш мекўшем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз расидан ба мақсади олии хеш, ки таъмини сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон буд, барои тақвият бахшидан ба ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бастанд, зеро барои Ҷаноби Олӣ хеле рўшан буд, ки чӣ қадар ин сулҳ зарур аст.

Ба ин мақсад ҳанўз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон – ояндаи миллат» – ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, ояндаи давлат дар дасти ҷавонон буданаш қайд гардида буд. Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда барои сафарбар сохтани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кўшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим онро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ҳам ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият намуда, барои эъмори фардои кишвар омода менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таблиғи омўзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, чи хеле, ки таъкид менамоянд «Мо бояд аз умқи таърих шўъла бардорем на ин ки хокистар». Таърихи ниёгони мо пур аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ буда дар натиҷаи мутолиа намудани онҳо ҷавонон нисбати Ватан, Модар нигоҳи дигар пайдо карда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки номбардори гузаштагони хеш бошанд. Масалан, устод Айнӣ дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ду асари таърихии худ «Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик», «Исёни Муқаннаъ» – ро бо мақсади баланд намудани руҳияи ҷангии сарбозон ба нашр расониданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин гуфтаи Пешвои миллат ба хотири ҷалб намудани ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ифода меёбад. Зеро таърих инсонро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, ватандўстиву масъулиятшиноӣ тарбият менамояд, мисоле, ки ҳанўз Рўдакӣ таъкид намуда буд:

Ҳар ки н-омўхт аз гузашти рўзгор,

Низ н-омўзад зи ҳеч омўзгор.

Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи тарбияи ҷавонон таъсири хуб дошта, дар натиҷаи мутолиаи асарҳои ҳикматбори Ҷаноби Олӣ: «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор».

Ҳар як хонанда кўшиш ба харҷ медиҳад, то ки дар ҷомеа саҳмгузор бошад, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурўҳӣ боло гузоштаанд. Дар силсилаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» Ҷаноби Олӣ таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро гирд оварда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо аз замони қадим то ташаккулёбии халқи тоҷик маълумоти пурарзише додаанд. Аҳамияти асар дар ҷодаи баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан бисёр калон мебошад. Омўзиши асарҳо хусусан ба насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгарони фардои давлат ва миллат ҳастанд таъсир мусбӣ мегузорад, зеро дар асар корномаи қаҳрамононаи Шерак, малика Томирис, сарлашкар Спитамон, хиради Бузургмеҳр, неҳзати Абўмуслим ва дигар саҳифаҳои таъсирбахш инъикос ёфтаанд, ки дар натиҷаи мутолиаи асар ва шиносоӣ бо он дар ниҳоди хонанда хислатҳои неки ҳар як қаҳрамон пайдо мегардад ва ба нафъи ҷомеа хидмат менамояд. Чи хеле ки медонем ҷамъият аз одамон иборат аст, дар ҷамъият чи қадаре, ки одамони нек, масъулиятшинос, худшинос, меҳанпараст зиёд шавад, он ҳамон андоза солим шуда, рушдаш суръат мегирад.

Асари ҷадиди Пешвои миллат таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Некиро завол нест! Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрўзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад.

Пас, ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз асарҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат огаҳ бошанд, онҳоро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумотҳои хуб манзур карда шудааст.

Ҷўраев Муродҷон ассистени кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like