ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ МУАММОИ АСРИ XXI

Яке аз масъалаҳое, ки олами муосири моро фаро гирифитааст ва тамоми башариятро ба ташфиш овардааст, ин ифротгароии динӣ мебошад. Идеологияи динӣ дар қатори идеологияҳои фашистӣ, неофашистӣ, либералӣ, сотсиалистӣ,  миллатгароӣ  пайи ҳам буда,  барои амалӣ шудани мақсади худ аз тамоми роҳ истифода мебарад.

Аз ҷумла дар шароити кунунӣ дар меҳвари гурӯҳҳои ифротӣ ҷалби қишрҳои осебпазир дар мадди аввал гузошта шудааст. Дар қатори қишрҳои осебпазир, қишри ҷавонон дохил мешаванд, ки хулқу хӯйи ҷавонӣ доранд бо ҳар восита ба ин гурӯҳҳо шомил шуда истодаанд, ки муаммои ҳар ҷомеа ба ҳисоб меравад.  Яке аз камбудиҳои асосии ҷавонон ин зудбоварии онҳо ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет самаранок истифода набурдан аст. Ба он сомонаҳо ворид мешаванд, ки ташкилотҳои ифротиву иртиҷоӣ андешаҳои нопоки худро пайваста бо суханҳои ҷаззоб аз номи дини мубини Ислом ташфиқ менамоянд. Ҷавонон фирефтаи он андешаҳо мешаванд, ки гӯё маҳз хилофати давлати исломӣ метавонад дар тамоми ҷаҳон адолатро ҷорӣ намояд, вале бехабар аз онанд, ки дар паси пардаи ин хилофатҳо чӣ тирадилоне қарор доранд, ки бо мақсадҳои нопоки хеш инсонҳои  зиёдеро қурбон кардаанд.

Дар шароити ҷаҳоншавӣ душвор гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Миллате, ки насли ҷавонаш дар гирдоби ҷурму табоҳӣ дасту по мезанад, бешак кулли орзуҳояш ба боди фано хоҳанд рафт.

Бинобар ин, ҳар фарди соҳибҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон вазифадоранд, ки маърифати худро баланд бардоранд, то фирефтаи ҳар гуна гурўҳҳо, аз ҷумла ҲНИ ва ифротсозии равандҳои динӣ- идеологӣ, ҳадафҳои аслии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ нагашта, барои пешраии кишварамон ҳиссагузор бошанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, аксари ҷавонони давлатҳои ҷаҳоне, ки  ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда истодаанд, ки дар сафи онҳо аз тамоми халқу миллатҳо ба мисли русу украин, англису ҷопонӣ, амрикоиву хитоӣ ва ғайраҳо, ки аслан мусалмон нестанду гӯё калима арза намуда, мусалмон шудаанд меҷанганд.

Оё мешавад дини мубини исломро бо зӯрӣ, бо воситаи яроқҳои навтарин, қатлу ғорат ба тамоми ҷаҳон ҷорӣ намуд?

Ҳеҷ гоҳ на!

Ислом дини меҳру муҳаббат аст, на ҷангу ҷидол ва хунрезиву қатлу куштор.

Саломов Д. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like