Нест бод терроризм ва экстремизм
Ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти инсонҳо хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм, терроризм, экстремизм мебошанд, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудаанд.
Соли ҷорӣ ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 30 сол пур мешавад, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Мутаасифона, нохалафоне ҳастанд, ки мехоҳанд фазои ороми кишварро бо роҳи тафриқаангезӣ халалдор созанд. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои наваддуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ намудааст. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотири мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.
Дар ҳама давру замон гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва ҳамеша нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро таъриху фарҳанги башарият собит намудааст.
Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад. Ин маблағҳоро террористон асосан аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқи оташфишон ба даст меоранд. Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд.
Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем, терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Ҳамчунин, ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуданд, ки дар якҷоягӣ бо ин амали номатлуб мубориза бояд бурд, зеро ки ягон давлати абарқудрат дар алоҳидагӣ наметавонад, ба ин вабои аср мубориза барад.
Дар Паёми имсолаи худ, яъне таърихи 26 январи соли 2021 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокуратураи генералиро вазифадор намуданд, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025”-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд. Ҳадафи стратегияи мазкур низ муборизаи беамон ба муқобили ин падидаҳои номатлуб, яъне терроризм ва экстремизм мебошад. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на фақат вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Алҳол шаклҳои зиёди экстремизм маълум аст, ки паҳншудатарини онҳо экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ зидди ҷаҳонишавӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мебошанд. Тибқи таҳлилҳо ва мулоҳизаҳо хатарноктарини онҳо экстремизми сиёсӣ ва динӣ мебошанд, ки экстремизми динӣ дар ҷои аввал меистад:
- Экстремизми миллатгароӣ ғояҳои радикалӣ, таҳаммулнопазирӣ ва амалҳои зидди гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, наҷодҳо буда, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ва ҷисмонии онҳо мебошад.
- Экстремизми динӣ қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, хушунат ва бадбинии пайравони мазҳабҳои дигар, кӯшиши решакан кардан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
- Экстремизми наврасон ва ҷавонон аз рӯи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, адоват ба гуногунандешӣ, таҷовуз ба куштор, бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
- Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ- рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои СММ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита нисбати ташкилотҳо ва ширкатҳои трансмиллӣ ва дигар иттиҳодияҳои характери ҷаҳонишавӣ дошта.
- Экстремизми ахлоқӣ- таҳаммулнопазирӣ нисбат ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ, қоидаҳои рафтор. Намунаи он риоя накардани одоби сухан, истифодаи суханони қабеҳ ҳангоми муошират, пайравӣ ба намуди зоҳирии ғайр, пӯшидани либосҳои бегона (ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон), риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ, расму таомулҳои миллӣ мебошад.
- Экстремизми сиёсӣ бо мақсадҳои ғаразноки худ аз тамоми шаклҳои номбар шудани экстремизм истифода мебарад ва дар шакли хавфноктарин чун шӯриш, балво, ҷангҳо, таркишҳо, кушторҳо хотима меёбад.
Ҳар яке аз ин ҳаракатҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад, аммо дар ҳар кадоми онҳо зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, кушторҳои бераҳмона мавҷуданд. Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунии рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Сабабҳои пайдоиши ҷараёни экстремистӣ ва террористӣ инҳоанд:
- Сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ (омили аввал);
- Дар сатҳи паст қарор доштани имкониятҳои моддӣ;
- Ҷараёни сусти корҳои идеологӣ;
- Камбудиҳои ҷиддӣ дар тарбияи оила (омили дувум);
- Поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ-мазҳабӣ ва этникии аққалиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои этникӣ;
- Зӯроварии бевосита ва ба воситаи давлатҳои мутараққӣ нисбати кишварҳои аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодӣ дар сатҳи паст қарордошта;
- Дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
- Фаъол гардидани таблиғгарони динии давлатҳои хориҷӣ;
- Ҷой доштани мушкилоти ҷиддӣ дар байни ҷавонон;
- Усули зархаридӣ.
Чуноне дар боло қайд намудем, экстремизми динӣ хатарноктарини ин ҷараён ба ҳисоб рафта, рӯз то рӯз доман пайдо намуда истодааст ва мисоли инро мо дар давлатҳои Ироқ,Сурия, Либия, Яман мебинем, ҳоло бошад, таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади он дида мешавад. Айни ҳол созмонҳои экстремистии “Ал- Қоида”, “Толибон”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гурӯҳи 24” маълум ҳастанд, ки аз имкониятҳои худ ва дастгирии молиявии давлатҳои манфиатҷӯ истифода намуда, сафи худро зиёд гардонда истодаанд.
Шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз сомонаву вебсайтҳои экстремистии душманони миллат канораҷӯӣ намоянд ва ба доми фиребу бӯҳтони онҳо наафтанд. Мо бояд худамон ва хешу ақрабоямонро эҳтиёт намуда, бо душманони хиёнатпеша муборизаи беамон барем.
Имрӯз мо бояд теғ ба решаи терроризм ва экстремизм бизанем, гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, бе дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон ин номумкин аст. Зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқӣ ҷомеа аст.
Қобилов Рамшед – донишҷӯи курси I-и факултети «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ»-и ДДҲБСТ