Филми “Гурез аз биҳишт” иғвои навбатии хоинони миллат аст!
Мутаъсифона то ҳол дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба чунин пешрафт ва тинҷиву оромии Тоҷикистон, ки дар мудддати кӯтоҳи 30- соли истиқлоли давлатӣ ба даст омадааст шукр накарда, барои маблағ ба гумроҳ намудани мардум машғул мебошанд. Ин гуна шахсон бо ҳар роҳу восита мардумро фиреб намуда, мехоҳанд фазои ороми ҷомеаро нотинҷ созанд ва барои маблағ омодаанд зидди миллат ва Ватани худ хоинӣ кунанд.
Ин навбат аз ҷониби ин гуна бадхоҳони миллат филми кӯтоҳмуддате бо номи “гурез аз биҳишт” дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуданд, ки ягон асоси воқеӣ надошта, пур аз дурӯғу сафсата мебошад.
Қаҳрамонҳои филми мазкур чунон суханҳои бофтаю дурӯғ мегӯянд, ки ягон асоси воқеӣ надошта, танҳо зидди Тоҷикистон нигаронида шудааст. Онҳо худ дар хориҷ қарор гирифта, бешармона чунон суханони бадкунандае нисбати Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ягон мантиқ ва ақл рост намеояд. Аз суханронии онҳо худ маълум аст, ки онҳо дар асл хоини миллати тоҷик мебошанд.
Дар филми мазкур қаҳрамонон қайд менамоянд, ки гӯё онҳо баъди манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва фишор овардани мақомотҳои қудратӣ онҳо ба Аврупо гуреза шудаанд.
Аслан ҳамаи мо хуб медонем, ки баъди манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон нафароне, ки аз аъзогии ҳизби мазкур даст кашиданд то ҳол озодона дар Тоҷикистон умр ба сар бурда истодаанд. Ягон мақомоти қудратӣ ба онҳо фишор наовардааст.
Вале, баъзе аъзоёни ҳизби мазкур новобаста аз он, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон манъ карда шуд, аз мақсадҳои нопоки худ даст накашида, боз барои табаддулоти давлатӣ, паҳн намудани ғояҳои ҷудоихоҳ, тақсими яроқ, даъвати оммавии мардум бар зидди давлат ва ба кӯшиши ташкили митинг ва бетартибиҳо машғул гардиданд, ки ин албатта ғайриқонунӣ мебошад.
Вобаста ба ин, нисбати чунин нафарон аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Қаҳрамонони филми мазкур бошад нафароне ҳастанд, ки баъди ҷиноятҳо содир намудан аз Тоҷикистон гурехта, дар Аврупо ҷойгир шудаанд. Имрӯз бошад аз худ як мусичаи бегуноҳе сохтан мехоҳанд. Албатта ба ҳамаи мо мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки дар Тоҷикистон ягон нафар бе сабаб ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Дар филми мазкур баён менамоянд, ки гӯё дар Тоҷикистон қадру манзалати шаҳрвандон паст бошаду ҳамеша онҳо зери лату кӯб қарор мегирифта бошанд. Ин аллабт як дурӯғ ва тӯҳмат мебошаду халос.
Аслан ҳамаи мо медонем, ки инсон аз ҳама олитарин мавҷудот дар рӯи замин буда, қадру манзалат ва мақому ҷойгоҳи баландро соҳиб аст. Маҳз соҳиби аклу хирад будани инсон вайро аз мавҷудоти дигар фарқ гузошта, ӯро баландмақом ва соҳибиззат намудааст. Ҳам дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва ҳам дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро мӯътабар шуморида, ба ӯ арзишу ҷойгоҳи олӣ муқаррар шудааст. Чуноне дар моддаи 8-уми Конститутсия омдааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд».
Вақте масъалаи шаъну шарафи инсонӣ ба миён меояд, пас дар чунин ҳолат гуфта намешавад, ки ӯ аз кадом давлат, кадом миллат, пайрави кадом дин, кадом мазҳабу оин, аз кадом оила, кадом маҳаллу минтақа, сарватаманд аст ё фақир, хурд аст ё бузург ва ғайра. Эҳтиром шаъну шарафи инсон дар чунин мавридҳо ҳатмист. Вақте номус, қадр ва шаъну шарафи як фард таҳкир ва ё паст зада мешавад, наметавон гуфт, ки ӯ тоҷик нест, мусулмон нест ва ғ. Чун ӯ инсон аст ва мисли мо арзиши олӣ дорад, ҳақ надорем нисбат ба вай беэҳтиромӣ намоем.
Мутаасифона дар давраҳои гузаштаи таърихӣ ва ҳатто имрӯз шиорҳои чун «ҳар касе аз мо нест, бар зидди мо аст» чӣ қадар бадбахтиҳои беҳадду канорро ба вуҷуд овардааст. Аз як ҷониб, сабаби зиддиятҳои мазҳабӣ, этникӣ ва байни фарҳангӣ заминаи асосии иқтисодӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, сарчашмаи дигари он носозгории байни ҳувиятҳо мебошад.
Магар А.Гитлер ҷонибдори ин шиор набуд? Ба ғайр аз як нажоди хосс фармон дода буд, дигар халқияту миллатҳоро нобуд созанд. Дар ин асос миллионҳо одамон нобуд карда шуданд. Оё имрӯз ДОИШ низ аз рӯи ин тафриқагузорӣ амал накарда истодааст? Ҳар шахсеро, ки ақидаи онҳоро ҷонибдорӣ ва пайравӣ намекунад, ӯро ба қатл кардан ҳукм менамоянд.
Дар ин замина, фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро низ метавон чунин баҳогузорӣ кард, зеро онҳо бо ҳар роҳу восита аз ҷумла таҳия ва паҳн намудани филмҳо ва барномаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд ва ақидаҳои носолими худро дар байни ҷомеа ҷорӣ намоянд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ ноил нахоҳанд гардид.
Атаева М. – дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ